logo

иҷтимоиёт

ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол ба сол рушд мекунад. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва тақдими хосаи он дар маросими ҷамъбастии сол баёни он аст, ки ташаккул бахшидани варзиш ва дастгирии варзишгарон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ин нуктаро Азим Иброҳим, муовини Сарвазири кишвар, дар маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019, ки дар кохи «Суруш» доир гардид, иброз дошт.
Дар чорабинӣ 37 варзишгари беҳтарини сол (42 ҷоиза) – Дилшод Назаров, Баҳодур Усмонов, Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Ғаниҷон Ғаниев, Шаҳриёр Даминов, Шодмон Ризоев, Аҳлия Муминова, Абубакр  Шукуров, Мустафо Ахмедов, Мансур Раҳмон, Далер  Ризозода, Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов, Абдураҳим Ёкубов, Абубакр Муродов, Маҳмадҳасан Шомаҳмадов, Сулаймони Ҷамшед, Фарорун Мирзошоев, Ислом Толибов, Насимҷон  Турдибеков, Муҳаммадамин  Абдуллоев, Сиёвуш Ибрагимов, Муҳсинҷон Муллоҷонов, Алишер Ахмедов, Оятулло Асадуллозода, Сабина Тюряева, Муҳаммадҷон Давлатшоев, Сино Иброҳимов, Муминҷон Нуров, Мансур Шодмонов, Муфара Ҳалимова, Хушқадам Хусравов, Сорбон Латифов, Асадбек Фатоев ва Умед Сафаров бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар маҷмӯъ, маблағи ҷоиза 911 250 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, зимни ҳамоиш Баҳодур Усмонов – беҳтарин варзишгар, Сомон Маҳмадбеков – беҳтарин варзишгари ҷавон, Сиёвуш Ибрагимов – беҳтарин варзишгар аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш, Гулсумбӣ Шарифова – беҳтарин варзишгар миёни бонувон, Зайниддин Раҳимов – беҳтарин мураббӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) – беҳтарин дастаи варзишӣ, Бобо Холмуродзода – беҳтарин шореҳи варзиш, ТВ «Варзиш» - беҳтарин шабака, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ – беҳтарин иншооти варзишӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон – беҳтарин федератсияи миллии варзишӣ, Федератсияи миллии дзюдо – беҳтарин федератсияи миллии рӯ ба рушд, шаҳри Душанбе – беҳтарин шаҳри (ноҳияи) варзишӣ,  Қасри варзиши Хуҷанд – иншооти варзишии сол дониста шуданд.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 343
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед