logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, мод. 890; с. 2015, № 3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, № 3, мод. 150, № 11, мод. 883; с. 2017, № 1-2, мод. 21, № 5, қ.1, мод. 280; с. 2018, № 2 мод. 66, мод. 67, № 7-8, мод. 529; с.2019, № 4-5, мод. 227, № 6, мод. 322, № 7, мод. 473), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 3:
- ба номи модда пас аз калимаи «андозҳо» калимаҳои «ва имтиёзҳо» илова карда шавад;
- дар қисми 1 калимаҳои «бекор кардани андозҳои» ба калимаҳои «бекор кардани андозҳо ва имтиёзҳои» иваз карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти давлатии дахлдори дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.»;
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
2. Дар моддаи 17:
- бандҳои 55), 56) ва 57) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«55) Махзани электронӣ - модули барномаи компютерие, ки дар заминаи ҳисоботи муҳосибӣ барои муайян намудани баҳисобгирии дурусти муомилоти молу маҳсулоти андозсупорандагон ва манбаъҳои андозбандӣ истифода бурда мешавад. Тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
56) Амалиёти азнавбаҳодиҳии асъор ва металлҳои қиматбаҳо - амалиёте, ки бинобар тағйир ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ва металлҳои қиматбаҳо бо мақсади танзими ҳисоботи дахлдори тавозунии ташкилот (корхона, муассиса), новобаста ба майлу хоҳиши он, анҷом дода шуда, вобаста ба мусбат ва ё манфӣ будани натиҷаи ниҳоии он (фарқияти ниҳоии даромаду хароҷоти азнавбаҳодиҳӣ) дар давраи ҳисоботӣ ё ба даромад ва ё ба хароҷоти ташкилот мансуб дониста мешавад. 
57) Мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ - мошинҳои электронии  ҳисоббарор, воситаҳои дигари компютерӣ ва комплектии онҳо бо хотираи фискалӣ ва (ё) дастгоҳҳои нигоҳдории маълумоти дорои функсияҳои насбкунӣ ва интиқоли маълумот, ки барои бақайдгирӣ ва инъикоси маълумоти ҳисоббаробаркунии пулӣ ҳангоми фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ истифода шуда, ҳар моҳ сабти тасҳеҳшуда  (танзимшуда), чопкунӣ ва нигоҳдории маълумотро, новобаста ба мавҷудияти қувваи барқ ва интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалӣ, ба мақомоти андоз тавассути операторҳо таъмин менамоянд.».
 3. Моддаи 171 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 171. Утоқи шахсии андозсупоранда
1. Утоқи шахсии андозсупоранда (минбаъд – утоқи шахсӣ) – саҳифаи маълумоте, ки дар сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шабакаи Интернет нигоҳ дошта мешавад. Тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. 
2. Утоқи шахсӣ аз ҷониби андозсупоранда барои дар шакли электронӣ аз мақомоти андоз гирифтани иттилоот ва ба мақомоти андоз пешниҳод намудани ҳисоботи андоз истифода мешавад.
3. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нисбати талаботи дар моддаҳои 27 ва 87 Кодекси андоз пешбинишуда татбиқ намешаванд.».
4. Дар  қисми 1 моддаи 18:
- дар сархати шонздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҷиҳати тартиб додани санади муқоисавӣ ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, варақаи санади муқоисавиро гирад.»;
5. Дар моддаи 19:
 - қисми 1:
- аз сархати дуюм калимаҳои «, аз ҷумла доир ба тартиб додани санади муқоисавӣ» хориҷ карда шаванд;
- ба сархати чорум пас аз калимаҳои «эъломияҳои андоз» калимаҳои «бо дар назар доштани имтиёзҳои андозӣ» илова карда шаванд; 
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Агар дар моддаи 18 тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, андозсупоранда уҳдадор аст дар мӯҳлатҳои зерин санади муқоисавиро бо мақомоти андоз тартиб диҳад:
- хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ – ҳар сол як маротиба;
- андозсупорандагоне, ки дар низоми содакардашудаи андозбандӣ қарор доранд – як маротиба дар ҳар шаш моҳ;
- андозсупорандагоне, ки дар низоми умумии андозбандӣ қарор доранд – як маротиба дар ҳар се моҳ.»;
- қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
6. Дар  моддаи 27:
- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Мақомоти ваколатдори соҳавӣ ӯҳдадоранд бо тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки имтиёзҳои андозӣ ҳар сол то 20 январи соли минбаъдаи тақвимӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.
- қисмҳои 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 8 ва 9 ҳисобида шаванд.».  
7. Ба сархати панҷуми қисми 9 моддаи 29 пас аз калимаҳои «ба истиснои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ» калимаҳои «ва соҳибкорони инфиродие, ки тибқи моддаи 290 Кодекси мазкур ҳуқуқи гузариш ба низоми умумиро пайдо намудаанд» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 38:
- ба номи модда пас аз калимаҳои «хотираи фискалӣ» калимаҳои «ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот» илова карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «додани чеки назоратӣ» ба калимаҳои «функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 пас аз калимаҳои «Тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ» ва калимаҳои «талаботи техникӣ ба мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ» калимаҳои «ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот» илова карда шуда, калимаи «(назоратӣ)» хориҷ карда шавад;
- ҷумлаи якуми қисми 4 хориҷ карда шавад;
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои «хотираи фискалӣ» ва «набудани қувваи барқ» мувофиқан калимаҳои «ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот» ва «ва шабакаҳои алоқаи интиқоли маълумот» илова карда шаванд;
- дар қисми 6:
- ба матни қисм ва сархатҳои якум, дуюм ва сеюм пас аз калимаҳои «хотираи фискалӣ» калимаҳои «ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот» илова карда шаванд; 
- ба сархати якум пас аз калимаҳои «амалӣ намудани фаъолият» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ва электронӣ» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 39:
- дар қисми 1:
- ба  сархати якум пас аз калимаҳои «хотираи фискалӣ» калимаҳои «ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот»  илова карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаи «блоки» ба калимаҳои «блок ва ё нигоҳдории» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «хотираи фискалӣ» калимаҳои «ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот» илова карда шаванд; 
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои «хотираи фискалиро»  ба  калимаҳои «хотираи фискалӣ ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумотро»  иваз карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «хотираи фискалӣ» ва «додани чекҳо» калимаҳои «ва функсияҳои насбкунию интиқоли маълумот» ва «дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ» илова карда шаванд. 
10. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 78 калимаи «сеюм» ба калимаи «чорум» иваз карда шавад.
11. Сархати шонздаҳуми қисми 1 моддаи 90 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳар моҳ ба мақомоти молия маълумоти заруриро оид ба маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи андозию ғайриандозӣ, бақияпулиҳои андозӣ, имтиёзҳои андозӣ, манбаъҳои андозбандӣ ва шумораи андозсупорандагон дар доираи созишномаи дуҷониба пешниҳод менамояд;». 
12. Ба сархати якуми қисми 2 моддаи 102 пас аз калимаи «интернатсионалист» калимаҳои «инчунин маъюбон аз кӯдакӣ ва» илова карда шаванд.  
13. Ба моддаи 104 бандҳои 18) ва 19) бо мазмуни зерин илова карда шаванд: 
«18) Даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ парвариш (истеҳсол) карда шудааст, бе коркарди саноатӣ ва содироти он.
19) Маблағи бонусҳо, кэшбек ва дигар механизмҳои ҳавасмандгардонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён ҳангоми истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ пешниҳод мегарданд.».
14. Аз сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 1), сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 2) қисми 1 ва қисми 3  моддаи 109 калимаҳои «, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ» хориҷ карда шаванд.
15. Дар моддаи 110:
- ба қисми 1 банди 8) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8) Даромад аз азнавбаҳодиҳии асъор ва металлҳои қиматбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон.»; 
- дар қисми 3 калима ва рақами «банди 6)» ба калима ва рақамҳои «бандҳои 6) ва 7)» иваз карда шаванд.
16. Ба қисми 9 моддаи 112 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- фарқияти қурби асъор, ки аз қарзҳои шахсони мутақобилан вобаста гирифта шудаанд;».
17. Дар моддаи 114:
- аз қисми 2 калимаҳои «то ба истифода додани» хориҷ карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Нисбат ба корхона, агар зиёда аз 25 фоизи ҳисса дар сармояи оинномавиаш (шарикиаш) мустақим ё ғайримустақим ба ғайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии аз андоз аз фоида озод тааллуқ дошта бошад, доир ба ҳар як қарзи дар доираи давраи андоз истифодашуда фоизҳои пардохтшуда мувофиқи қисми 1 ҳамин модда тарҳ карда мешаванд, аммо маблағи ниҳоии фоизҳое, ки мувофиқи қисми 1 ҳамин модда метавонанд тарҳ шавад, бо маблағи фоизҳое, ки аз меъёри ҳадди ниҳоии фоизҳо зиёд мебошанд, маҳдуд мегардад.
Барои мақсадҳои ҳамин модда меъёри ҳадди ниҳоии фоизҳо бо роҳи тақсим намудани маблағи фоизи қарзҳо ба коэффисиенти сармояи оинномавӣ муайян карда мешавад. Коэффисиенти сармояи оинномавӣ бо роҳи тақсими маблағи қарзи пардохтнашуда дар охири давраи ҳисоботӣ ба арзиши ҳиссаи иштироки муассиси хориҷӣ дар сармояи оинномавӣ ва тақсими он ба 3 муайян карда мешавад. Таҳти мафҳуми қарз ҳама гуна қарзҳои молӣ ва тиҷоратӣ, амонатҳои бонкӣ ва қарзҳои дигар, новобаста ба шакли барасмиятдарории онҳо, дониста мешаванд.».
18. Аз қисми 4 моддаи 125 калимаҳои «нақд», «нақди» хориҷ карда, калимаи «пули» ба калимаи «пулӣ» иваз карда шавад.
19. Ба қисми 8 моддаи 156 пас аз калимаҳои «андоз аз фоида» калимаҳои «ва ҳисоботи муҳосибии солона, аз ҷумла тавозуни муҳосибӣ» илова карда шаванд.
20. Қисми 9 моддаи 183 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«9. Новобаста ба муқаррароти моддаи мазкур, баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои хариди молҳо ва воридоти молҳо аз ҷониби ташкилоти бо фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминоту фурӯш машғулбуда пардохта шудааст, танҳо ҳангоми фаро расидани амалиёти андозбандишавандаи давраи ҳисоботӣ иҷозат дода мешавад.».
21. Дар қисми 5 моддаи 184 рақам ва калимаи «1-уми апрели» ба калимаи «15-уми апрели» иваз карда шаванд.
22. Аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 189 калимаҳои «бо нишон додани хароҷот ва бақияи ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо» хориҷ карда шаванд.
23. Дар  қисми 2 моддаи 249:
- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- даромад ва хароҷот аз азнавбаҳодиҳии асъор ва металлҳои қиматбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон.».
24. Дар моддаи 290:
- дар қисми 2 калимаҳои «дар соли пешинаи тақвимӣ (бе дарназардошти андози аксизӣ, андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия))» ба калимаҳои «дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта» иваз карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«4. Соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунандае, ки даромади умумиашон дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта аз ҳадди даромад бештар гардидааст, ӯҳдадоранд ба низоми умумии андозбандӣ бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ гузаранд. Бо мақсади андозбандӣ уҳдадориҳои чунин соҳибкорони инфиродӣ ба шахси ҳуқуқии мазкур мегузаранд.». 
- қисмҳои 4, 5 ва 6  мувофиқан қисмҳои 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд:
25. Ба моддаи 291 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Андозсупорандагон ҳуқуқ доранд ихтиёран андози низоми содакардашударо аз фарқияти даромад ва хароҷот пардохт намоянд, агар ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ тибқи шакли муқарраргардида дар мӯҳлатҳои зерин ариза пешниҳод намоянд:
1) андозсупорандагони навтаъсис – дар давоми 5 рӯзи корӣ пас аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ;
2) андозсупорандагони амалкунанда – то 31 декабри соли тақвимӣ.».
26. Дар моддаи 292:
- дар қисми 1 калимаи «Объекти»  ба калимаҳои «Агар дар қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, объекти» иваз карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Объекти андозбандии андози низоми содакардашуда барои андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 291 муайяншуда даромади умумие мебошад, ки ба маблағи тарҳҳои пешбининамудаи боби 18 Кодекси мазкур кам карда шудааст.»;
- қисмҳои 2, 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
27. Дар моддаи 293:
- ҷумлаи якуми қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Барои супорандагони андози низоми содакардашудаи дар қисми 4 моддаи 291 Кодекси мазкур муайяншуда манбаи андоз ифодаи пулии даромади умумии дар давраи андоз гирифташуда, бо дар назар доштани тарҳи хароҷоти иҷозатдодашуда эътироф карда мешавад.».
28. Моддаи 296 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 296. Меъёрҳои андоз
Меъёри андози низоми содакардашуда ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
1) Барои амалиётҳои андозсупорандагони дар моддаи 291 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои қисми 4:
а) Барои фаъолият оид ба истеҳсоли мол:
- аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ 4 фоиз;
- аз рӯи амалиётҳои нақдӣ 5 фоиз.
б) Барои намудҳои дигари фаъолият:
- аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ 5 фоиз;
- аз рӯи амалиётҳои нақдӣ 6 фоиз.
2) Барои амалиётҳои андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 291 Кодекси мазкур пешбинишуда:
а) Барои фаъолият оид ба истеҳсоли мол:
- аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ 13 фоиз; 
- аз рӯи амалиётҳои нақдӣ 14 фоиз.
б) Барои намудҳои дигари фаъолият:
- аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ 15 фоиз;
- аз рӯи амалиётҳои нақдӣ 16 фоиз.».
29. Дар моддаи 297:
- дар қисми 2 калимаҳои «якчанд намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «амалиёти нақдӣ ва ғайринақдӣ» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3. Барои супорандагони андози низоми соддакардашудаи дар қисми 4 моддаи 291 Кодекси мазкур муайяншудае, ки баҳисобгириро бо усули кассавӣ пеш мебаранд, лаҳзаи гирифтани даромад мутобиқи моддаҳои 142 ва 143 Кодекси мазкур дар санаи гирифтани он эътироф гардида, тарҳи хароҷот дар санаи амалӣ намудани он анҷомдодашуда дониста мешавад.
4. Аз даромади умумӣ тамоми хароҷоти тасдиқшудаи воқеан анҷомдодаи марбут ба давраи ҳисоботии бо гирифтани чунин даромад алоқаманд, мутобиқ ба муқаррароти моддаҳои 111 - 113, 118, 119, 122 ва 123 Кодекси мазкур тарҳ карда мешаванд.»; 
- қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11 ва 12 ҳисобида шуда, дар қисми 7 калима ва рақами «қисми 4» ба калима ва рақами «қисми 6» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.  
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1676
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2019, № 1551
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 736

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 1341
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед