logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149, мод.167; с.2002, №11, мод.675, мод.750; с.2003, №8, мод.456, мод.468; с.2004, №5, мод.346, №7, мод.452, мод.453; с.2005, №3, мод.126, №7, мод.399, №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3, №6, мод.444, мод.447, №10, мод.803, №12, қ.1, мод.986, №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80, №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155, №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161,   №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258, №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403, мод.404, №11, мод.785, №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141, №7, қ.1, мод.385, мод.386; с.2015, №3, мод.198, мод.199, №11, мод.949, №12, қ.1, мод.1107; с.2016, №3, мод.127, №5, мод.355, мод.356, №7, мод.608, мод.609, №11, мод.874, мод.875; с.2017, №1-2, мод.2, мод.3, №7-9, мод.586; с.2018, №1, мод.4, мод.5, №5, мод.266, №7-8, мод.522; с.2019, №1, мод.1, мод.2, №6, мод.311), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи боби 1, қисми 2) моддаи 2, дар ном ва матни моддаи 3, дар номи моддаҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10, қисми 3) моддаи 60 калимаҳои «ПРИНЦИПҲОИ», «принципҳои», «Принципҳои» «Принципи» ва «принципи» мувофиқан ба калимаҳои «ПРИНСИПҲОИ», «принсипҳои», «Принсипҳои» «Принсипи» ва «принсипи» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1431:
- дар диспозитсияи қисми 1) калимаҳои «ки содир намудааст» ба калимаҳои «ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст» иваз карда шаванд;
- санксияи қисми 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт  сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;
- дар санксияи қисми 2) калимаҳои «панҷ то ҳашт» ва « то панҷ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳашт то дувоздаҳ» ва «аз панҷ то даҳ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3) калимаҳои «даҳ то понздаҳ» ва «то панҷ» мувофиқан ба калимаҳои «дувоздаҳ то понздаҳ» ва «аз даҳ то понздаҳ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1661
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 октябри соли 2019, № 1436
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019,  № 720

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 1999
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед