logo

иҷтимоиёт

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат ба рушди минбаъдаи ҷомеаи имрӯзаи кишварамон мекунад. Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар олам ҳамчун кишвари рӯ ба рушд эътироф шуда, сол ба сол обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.

Қурбон ҲАКИМЗОДА,
раиси вилояти Хатлон:
- Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шудаанд.
Пешвои муаззами миллат дар Паём, пеш аз ҳама, ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни пуршукӯҳи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд: «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то Ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардондани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем».
Дар робита ба ин, дар назар аст, ки дар вилояти Хатлон то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 7300 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шавад. Ва бояд гуфт, ки то имрӯз беш аз 51 дарсади иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки, асосан, корхонаҳои истеҳсолӣ, варзишгоҳҳо ва иншооти соҳаи тандурустиву маориф мебошанд.
Ҳоло мо дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорем. Вобаста ба ин, Президенти муҳтарам ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки то охири соли 2020 барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2021 – 2025 қабул намояд.
«Ҳукумати мамлакат, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад» - таъкид доштанд Пешвои миллат.
Дигар масъалае, ки батафсил баён шуд, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мебошад. Вобаста ба ин, Ҷаноби Олӣ тамоми мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорат ва кумитаҳоро муваззаф карданд, ки дар амри зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА,
раиси вилояти Суғд:
-Барои Тоҷикистони азиз ва тамоми мардуми тоҷик боз як марҳалаи наву созандагӣ оғоз ёфт. Зеро Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии мамлакатро муайян намуданд.
Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф авлавият дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру навсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз меафзояд. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ таъмиру таҷдид мешавад. Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва навсозӣ шуда истодаанд.
Бо назардошти ин  Сарвари давлат дар Паём таъкид карданд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд».
Дар вилояти Суғд тайи  солҳои ахир бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорон беш аз 150 мактаб ва 35 кӯдакистони замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бояд таъкид кард, ки маҳз дастгириҳои Президенти маҳбуби кишваранд, ки саноат дар вилоят рушд ва ҳар сол корхонаҳои нави хурду миёна бунёд гардида, сокинон бо ҷойи нави кор  ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Бо ифтихору сарфарозӣ бояд гуфт, ки ҳар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамоест дар ҷодаи расидан ба зиндагии шоиста ва рӯзгори боз ҳам неку саодатманд.

Ёдгор ФАЙЗОВ,
раиси ВМКБ:
- Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши технологияи муосир ва касбу ҳунар диққати махсус дода, иброз доштанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» - ро аз  ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор шуданд, ки ин асари мондагорро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.
Яке аз масоили мубраме, ки мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аст. Дар Паём зикр гардид, соли равон шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 дарсад кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад.
Вале, бо ин ҳама, ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат таъкид карданд: «Бо ин мақсад, мо бояд то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем».
Дар Паём, инчунин, ба масъалаи пешвози сазовори Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти махсус дода шуд. Боиси тазаккур аст, ки дар   ВМКБ  бахшида ба ин ҷашни пуршукӯҳ бунёди беш аз 900 иншоот дар назар аст. Мардуми вилоят ҷидду ҷаҳд доранд, ки то соли 2021 симои ҳар як деҳот ва, бахусус, маркази вилоятро боз ҳам ободтару зеботар намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2019    №: 252    Мутолиа карданд: 483
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед