logo

иҷтимоиёт

МУЪМИНОБОД. БУДУ НАБУДИ ЯК МАРКАЗ

Моҳи сентябри соли гузашта ба муносибати 28 - умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои қалб» бо харҷи 31 миллион сомонӣ таҷдид ва ба истифода дода шуда буд. Тавре иттилоъ ёфтем, иншооти мазкур аз рӯзи ба истифода додан то имрӯз тамоман фаъолият накардааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст. Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардондашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ - барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин, бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.
Зимни ифтитоҳ ба Пешвои миллат иттилоъ дода буданд, ки иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароиту имкониятҳои  табобату солимгардонии маризони гирифтори бемории дил фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат супориш доданд, ки бо назардошти шароиту имкониятҳои дар ин осоишгоҳ муҳайёгардида, ба он мақоми ҷумҳуриявӣ дода шавад.
Дар рӯзи ба истифода додан ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар осоишгоҳ 65 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардид. Мутаассифона, тибқи маълумоти дастрасшуда дар он то имрӯз танҳо 3 - 4 нафар ба сифати нигаҳбон кор мекунаду халос.
Сабаби то имрӯз фаъолият накардани осоишгоҳи мазкур дар чист? Агар он барои фаъолият омода набуд, пас чаро масъулон онро барои ифтитоҳ ба рӯйхати иншооти ҷашнӣ ворид карданд?
Садриддин Ғаюров, мудири шуъбаи раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки иншооти мазкур қаблан ҳамчун осоишгоҳи табобати бемориҳои сил буд. Чанд сол қабл бо супориши Сарвари давлат 31 миллион сомонӣ ҷудо гардид ва баъди таҷдид он мақоми ҷумҳуривӣ касб карда, ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои қалб» табдил дода шуд. Барои дар ин самт, яъне аз табобати бемориҳои сил ба қалб гузаштан ва ба кор шурӯъ кардани он феълан дар сатҳи ҷумҳурӣ омӯзиш рафта истодааст. Эҳтимол меравад, ки моҳи январ ба фаъолият пардозад. Ба 65 нафаре, ки қаблан дар самти табобати беморони сил кор мекарданд, рухсатии бемузди дарозмуддат дода шудааст. 
То имрӯз фаъолият накардани ин иншооти муҳташаму ба аҳолӣ зарурӣ ва ба рухсатии дарозмуддати бемузд фиристодани 65 мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар ҳолест, ки тибқи нақша то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод 232  иншоот, аз ҷумла 22 бунгоҳи тиббӣ ва 2 маркази саломатӣ, бояд бунёд шавад.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 493
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед