logo

иҷтимоиёт

ПАРТОВҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ. ЧАРО АЗ ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ ИСТИФОДА НАБАРЕМ?

Муомилот бо партовҳои хатарнок, аз қабили лампаҳои каммасраф, батареяҳои электронӣ, аз мушкилоти мубрами замони муосир маҳсуб меёбад. Як батареяи телефони мобилӣ ҳангоми ба муҳит афтодан 400 литр об ва 20 метри мураббаъ масоҳати заминро заҳролуд мекунад. Пас, бо таҷҳизоти корношоям чӣ бояд кард?

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, партови электронӣ истилоҳи умумиест барои ифодаи таҷҳизоти барқӣ ва электронӣ, ки муҳлати истифодаашон поён ёфтааст. Ба он компютер, принтер, яхдон, кондитсионер, телевизору монитор, телефони мобилӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, факс, печҳои гармидиҳанда, батарея, лампаҳои каммасраф, тақрибан ҳама ашёи хона, ки бо неруи барқ ва дигар манбаъҳои қуввадиҳанда кор мекунанд, мансубанд.
Партовҳои электронӣ заҳрнокии баланд доранд, зеро аз моддаҳои заҳрноки стирол, фенол, фармалдегид, диоксин, фрион, сурб, симоб ва ғайра таркиб ёфта, дар ҳаво, хок ва об паҳн мешаванд.
Масалан,  симоби таркиби батареяҳо бухор шуда, боиси пайдоиши бемориҳои саратони майна, деформатсияи устухонҳо, сафедшавии пӯст ва заҳролудшавии хун гардида метавонад.
Ба афзоиши партовҳо суръати баланди такмилёбӣ, тез-тез иваз кардани техникаҳои коргоҳ, гузариш ба технологияи рақамӣ ва телевизору мониторҳои борику ҳамвор боис шудааст. Инро ба назар гирифта, як қатор давлатҳои мутараққӣ аз як тараф маҳдудсозии истифодаи моддаҳои заҳрноки гуногун дар электроника ва аз тарафи дигар усули коркарди бехатари партовҳои электрониро ба роҳ мондаанд. Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз соли 2003 бо мақсади таъмини сиҳатии одамон ва тозагии муҳити атроф оид ба маҳдуд намудани истифодаи моддаҳои заҳрнок дар электроника директива қабул кард. Он аз 1 июли соли 2006 дар ҳудуди давлатҳои аъзо мавриди амал қарор гирифта, истифодаи 10 модда, аз қабили сурб, симоб, кадмийро дар истеҳсолот маҳдуд намуд.
Дар Швейтсария ба партовгоҳи одӣ андохтани партовҳои электронӣ манъ аст ва барои маснуоти электронии фурӯхташаванда андоз ҷорӣ шудааст.
Мутобиқи Конвенсияи ҷаҳонии Базел (1992), ки ҳадафаш ҳифзи инсон ва табиат аст, берун аз ҳудуди давлати худ бароварда нобуд кардани партовҳои хатарнок, аз ҷумла электронӣ, манъ аст. 
Дар Россия стратегияи рушди саноат аз ҳисоби коркарди партовҳо қабул шуд. Дар назар доранд, ки то соли 2022 барои коркарди партовҳои электронӣ 12 корхонаи нав бунёд намоянд.
Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо вазъи ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои электронӣ нигаронкунанда аст. Аз соли 2000 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чанд ширкати фурӯши телефонҳои мобилӣ фаъолият дорад, шумораи мағозаю нуқтаҳои фурӯши техникаву технологияҳои электронӣ рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Имрӯз оилаеро пайдо кардан душвор аст, ки аз технологияҳои компютерӣ ва коммуникатсионӣ истифода набарад. Дар сурати номаҳдуд будани талаботи ҷомеа ба таҷҳизоти электронии навин зарурати безараргардонӣ ва коркарди партовҳои электронӣ ба миён меояд.
Оид ба ин масъала ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки мақомоти назоратӣ дар ин самт маҳсуб меёбад, муроҷиат намудем.
Мақсатулло Мардонов, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо, чунин иброз дошт: «Тибқи талаботи банди 1- и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» (аз 3 марти соли 2011, № 97), тайи солҳои 2011-2012 бояд бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва грантҳо барои харид ва ба истифода додани на камтар аз 5 дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдори корношоям тадбирҳои зарурӣ андешида мешуданд. Вале то имрӯз ин банди қарор иҷро нагаштааст».
Дуруст аст, ки дар заминаи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар  шаҳри Душанбе” аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд якчанд таҷҳизоти безараргардонии лампаҳо харида, дар КВД «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» насб шудаанд. Тавре Аҳлиддин Забиров, директори корхона, гуфт, ин таҷҳизот бо сабаби набудани мутахассиси соҳа фаъолият намекунанд.
Соли рафта низ кумита ба маблағи 220500 сомонӣ чунин таҷҳизот харида, ба вилояти Суғд интиқол дод, аммо онҳо ҳанӯз фаъол нестанд, зеро мутахассис надоранд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҷамъоварӣ ва безараргардонии лампаҳои симобдор зиёда аз 150 қуттии махсус ва барои ҷамъоварии батареяҳо 3 қуттӣ дар кӯчаю маҳалҳо ҷойгир намудааст, ки наметавонад пурра қонеъкунанда бошад.
Аҳрор Раҳимов, ки ҳамчун соҳибкор, дар асоси иҷозатномаи муомилот бо партовҳои хатарнок аз соли 2017 инҷониб фаъолият дорад, зимни суҳбат чунин гуфт:
-Ҳадафи мо аз ҷамъоварии партовҳои электронӣ таъмини амнияти экологии маҳаллаҳои аҳолинишин мебошад. То имрӯз зиёда аз 720 ҳазор лампаи симобдори корношоямро аз 41 шаҳру ноҳия тариқи шартномаи тарафайн бо субъектҳои хоҷагидор барои безараргардонӣ ва коркард дар анбори ҶСШК «Чароғ»-и шаҳри Исфара ҷамъоварӣ намудем, аммо коркарди он ҳанӯз оғоз наёфтааст.
Ба ақидаи коршиносони соҳа, электроника аз металл, моддаҳои зиёди қиматбаҳо, аз қабили тилло, нуқра, мис, платина,  палладий ва ғайра таркиб ёфтааст ва коркардаш аз манфиат холӣ нест. Аз коркарди он шиша, хӯла, пластика, металлҳои сиёҳ, ранга ва қиматбаҳо ҳосил кардан мумкин аст, ки нисбат ба истеҳсоли масолеҳи аввалиндараҷа  харҷи камтар доранд. Аз ин рӯ, давлатҳои пешқадам ва дорои шароити муносиб партовҳои электрониро харид ва коркард намуда, даромади хуб ба даст меоранд.
Бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт хуб мешуд, ки дар кишвари мо низ ба масъалаи коркард ё фурӯши партовҳои электронӣ аҳамияти махсус диҳанд, зеро ба ин восита тозагии муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат таъмин мегардад. 

Мафтуна НУРИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2020    №: 12    Мутолиа карданд: 138
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед