иҷтимоиёт
САНГВОР. САФИ БОНУВОНИ ФАЪОЛ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони ноҳияи Сангвор торафт дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъол мегарданд. Аз ҷумла, 22 нафар зан роҳбари ташкилоту идораҳост. 12 нафар хизматчии давлатист, 194 бону дар соҳаи маориф, 117 нафар дар соҳаи тандурустӣ фаъолият дорад.
Шумораи онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3 нафар, соҳаи фарҳанг 21 нафар буда, захираи кадрӣ аз ҳисоби занон 60 нафарро ташкил медиҳад. Ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 14 бону вакил интихоб шудааст, вакилони деҳот бошанд аз ҳисоби онҳо 22 нафарро ташкил медиҳанд. Ба иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор Малоҳат Донаева, барои иштирок дар интихоботи дарпешистода шумораи бештари занон пешбарӣ мегарданд.
Тибқи Квотаи президентӣ аз соли 1997 то имрӯз 275 ҷавондухтар соҳиби таҳсилоти олӣ гашт, 202 нафар баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо дар ташкилоту муассисаҳо фаъолият дорад. Айни замон 75 духтар тибқи квота, 138 нафари дигар тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил гардида, баҳри соҳибихтисос гаштан кӯшиш дорад. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 41 зан ғоибона мехонад. Дар гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт аз ноҳияи Сангвор 36 бону ихтисос мегирад, ки ин ба ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳои соҳаи тиб мусоидат менамояд.
Дар давоми соли рафта аз ҳисоби маркази шуғли аҳолӣ ва Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Сангвор” зиёда аз 280 бону касбҳои дӯзандагӣ, сӯзанӣ, қолину адрасбофӣ, чеварӣ, компютериро аз худ намуд, 120 нафар ба меҳнати хонагӣ сафарбар гардид.
Ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба 180 духтар касбҳои занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ омӯзонданд. Дар ноҳия се маркази бонувон фаъолият дорад, ки дар онҳо бекорон чеварӣ меомӯзанд.
Бо мақсади пешгирии хушунати оилавӣ, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Хингоб” ва маркази машваратию иттилоотии назди бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроия аз рӯи барномаи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба бонувон кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ расонда мешаванд. Ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла тақлид ба либоси бегона, гаравидани занону духтарон ба гурӯҳҳои осебпазир бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии бонувон аз ҳисоби занони фаъолу собиқадор, равоншинос, ҳуқуқшинос ва табибон гурӯҳи мақсаднок ташкил шудааст, ки дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ корҳои таблиғотиро ба таври назаррас доир менамоянд. Чорабиниҳо дар байни занону духтарон боиси он гардид, ки аз мушкилот ва орзую омоли онҳо роҳбарони ноҳия бохабар шуда, баҳри ҷалби бештари онҳо ба хондан ва касбомӯзӣ ёрии амалӣ мерасонанд.
Дилшод АМИРОВ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2019 №: 15 Мутолиа карданд: 756