logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси идона бахшида ба 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 24 октябри соли 2008

Пешравиҳои Тоҷикистонро ба заҳмати омӯзгорон пайванд медонам

Устодони гиромӣ ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Имрӯз, ки мо дар ин толори идона ба ифтихори ҷашни шастсолагии таъсиси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҷамъ омадаем, мехоҳам изҳор намоям, ки ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хоса ва бузург дорад.  Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд.
Шумораи умумии онҳо аз ибтидо то кунун зиёда аз 90 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва аксарияташон ходимони давлатӣ, сиёсатмадорон, шоирону нависандагон, олимони барҷаста ва мутахассисони варзидаи ин ё он соҳа буда, дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду такомули иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии он саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҷумла ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳайати устодону кормандони донишгоҳ барои саҳми бузургашон дар рушди илм ва таълиму тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос, ки бо фаъолияти пурсамар ва заҳмати зиёди онҳо муяссар шудааст, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям. Ҳамзамон ҳамаи онҳо, инчунин тамоми хатмкардагони  донишгоҳ, толибилмони он ва шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати 60-солагии таъсисёбии ин маркази бузурги илмиву таълимӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Даҳ сол пеш дар ҷашни 50-солагии донишгоҳ таъкид карда будам, ки вазифаи муқаддаси устодону кормандони он такмил додани раванди таълим ва ба талаби замон мувофиқ гардонидани сатҳи тарбияи мутахассисон мебошад.
Дар ин замина солҳои охир дар фаъолияти донишгоҳ як қатор дигаргуниҳо ба вуқӯъ омаданд, ки беҳтар гардидани ҷараёни таълиму тарбияи кадрҳо аз рӯи ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷаҳони муосир аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Ҳоло дар донишгоҳ барои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, аз ҷумла  химияи нафту газ, технологияи металлҳои ранга, геологияи нафту газ, мошинҳои ҳисоббарор, технологияҳои иттилоотӣ, равоншиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ, сотсиология, таъриху бостоншиносӣ, иқтисодиёти туризми байналхалқӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, фаъолияти молиявию бонкӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ кадрҳои баландихтисос тарбия карда мешаванд. Пешрафту тараққиёти ҳар як мамлакатро нерӯи зеҳнӣ ва кадрҳои соҳибихтисос таъмин мекунанд.
Дар шароити кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дорои захираҳои бузурги табииву истеҳсолӣ буда, қисми зиёди онҳо ҳанӯз мавриди истифода қарор дода нашудаанд, мо ба мутахассисони соҳаҳое ниёз дорем, ки ба рушди онҳо такони ҷиддӣ бахшида тавонанд.
Дар роҳи тарбияи чунин кадрҳо Донишгоҳи миллӣ дорои нерӯи бузурги илмию омӯзгорӣ мебошад ва бояд минбаъд низ ин имконияти худро ҳарчи бештар истифода намояд.
Ҳоло дар донишгоҳ дар 47 самт тадқиқоти илмӣ бурда мешавад, ки ба ин кор теъдоди зиёди аспирантону докторантҳо ҷалб карда шудаанд. Мавзӯъҳои илмии аз ҷониби олимони донишгоҳ таҳқиқшаванда ба ҳалли масъалаҳои бунёдиву амалӣ равона гардидаанд ва дар заминаи ин мавзӯъҳо кадрҳои баландихтисоси илмиву педагогӣ тайёр карда мешаванд.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки танҳо дар давоми солҳои истиқлолият дар донишгоҳ 78 нафар рисолаи докторӣ ва 360 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Дастоварди ҳайати олимони он - таҳияи зиёда аз 18 ҳазор монография, китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Аспирантураи донишгоҳ низ дар кишвар калонтарин буда, дар он аз рӯи 50 ихтисос 240 нафар муҳаққиқони ҷавон таҳсил мекунанд.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки рушди илму истеҳсолот ва тарбияи кадрҳои баландихтисос масъалаҳои ба ҳам тавъам буда, дар ҳамбастагӣ иқтидори давлатро афзун, сатҳ ва сифати шоистаи зиндагии мардум, ободии Ватанро таъмин месозанд. Аз ин лиҳоз, ин раванд ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Солҳои охир, бо мақсади пешрафти илму маориф, мо дар самти таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва беҳбудии шароити мактабҳои миёнаву олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ хеле корҳоро анҷом додем.
Бо иқдом ва маблағгузории Ҳукумат дар назди донишгоҳ барои духтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва аспирантони мактабҳои олии пойтахт хобгоҳҳо таъмиру тармим карда, ба истифода дода шуданд. Аз соли 2007-ум бунёди «Шаҳраки донишҷӯён», ки пурра ба Донишгоҳи миллӣ мансуб аст, оғоз гардид.
Дар айни ҳол дар ин ҷо корҳои сохтмон ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани се бинои нӯҳошёнаи хобгоҳи донишҷӯён барои зиёда аз 1000 нафар ба анҷом расонида шуд, ки чанд лаҳза пештар мо онҳоро ба истифода супурдем. Дар шаҳрак бунёди дигар иншоот босуръат идома дорад, яъне мо барои кору фаъолияти пурсамари устодон ва таҳсили донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар солҳои наздиктарин тамоми шароит ва имкониятҳои зарурии муосирро муҳайё хоҳем кард.
Масъалаи маблағгузории донишгоҳ низ тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди ин ғамхориву дастгирии Ҳукумати мамлакат дар донишгоҳ сифати таълим ва сатҳи дониши муҳассилон ҳанӯз ҳам беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.
Аслан Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳамчун пойгоҳи асосии тарбияи мутахассисони касбии кишвар бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумат барои он муҳайё намудааст, бояд дар сатҳи баланд қарор дошта, пешоҳанги соҳаи илму маориф бошад. Равандҳои босуръат идома ёфтаистодаи ҷаҳонишавӣ, хатарҳои иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ моро ҳушдор медиҳанд, ки ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва амнияти он, инчунин дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллати худ, пеш аз ҳама ба ақлу дониш ва фарҳангу тафаккури созанда бояд такя намоем. Аз ин рӯ, мутобиқ сохтани раванди таҳсил ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва пайванди мустаҳками илм бо истеҳсолот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.
Аз тарафи дигар, мақоми миллӣ доштани донишгоҳ ба зиммаи устодону донишҷӯёни он масъулияти бузург мегузорад. Зеро аз ин нуқтаи назар низ, ҳайати омӯзгорон ва толибилмони донишгоҳ бо дастовардҳои илмӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, омодагии касбӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрат бошанд.
Бо дарназардошти ин, ба раёсати донишгоҳ зарур аст, ки дар бораи истифодаву таҳияи усулҳои нави таълим дар пешбурди таҳқиқоти илмиву раванди таълиму тарбия, тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилотҳои илмиву таълимии кишвар ва пайванди илм бо истеҳсолот тадбирҳои ҷиддӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ба масъалаҳои бозомӯзиву такмили ихтисоси ҳайати педагогӣ, баланд бардоштани маънавиёт, сатҳи дониш, одоб, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ дар байни донишҷӯён бо масъулияти бузург муносибат карда шавад.
Дӯстони азиз!
Борҳо таъкид кардаам, ки илму маориф омили муҳимтарини рушду пешрафти ҳар як  давлату миллат мебошад. Зеро инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг пеш аз ҳама ба рушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи насли нав вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалаҳое ҷалб намоям, ки ҳаллу фасли онҳо ба мо имконият медиҳад дар солҳои наздик ба ҳадафҳои ниҳоии худ, яъне пурра ба таҳсили босифати асосӣ ва миёнаи умумӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон ва тарбияи шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта, мустақил ва дорои маҳорату малакаи касбӣ ноил гардем.
Ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, истифодаи технологияи кредитии таълим ва таҳсили бисёрзинагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҷдиди нақшаву барномаҳои таълимӣ ва таҳияи усулҳои нави таълим навгониҳое мебошанд, ки ба баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши толибилмон нигаронида шудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гузаштан ба низоми кредитии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аллакай натиҷаҳои мусбат дода истодааст. Дар донишгоҳҳое, ки ба низоми нав гузаштаанд, сифати таълим ва сатҳи дониш нисбатан беҳтар аст. Мустақилияти донишҷӯён афзуда, устодон ҳам дар пайи ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим ва адабиёти илмиву таълимии муосиранд.
Низоми нав водор месозад, ки ҳам донишҷӯ ва ҳам устод ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошанд ва ҳарчи бештар аз васоити таълимию методӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир истифода намоянд. Бори дигар таъкид менамоям, ки гузаштан ба низоми нав яке аз ҳадафҳои асосии мо дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарур аст, ки гузариш ба низоми кредитиро давра ба давра таъмин намуда, доир ба баланд бардоштани сифати таълим ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.
Дар марҳалаи кунунии тараққиёти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи рӯзафзун ба соҳаҳои илму маориф, татбиқи васеи дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи арзишҳои милливу умумибашарӣ, тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва таъмини робитаи амиқи илму истеҳсолот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошанд.  Бо дарназардошти аҳамияти ин масъалаҳо мо маблағгузории соҳаи маорифро сол ба сол зиёд намуда, иҷрои вазифаҳои зикршударо тадриҷан таъмин карда истодаем.
Масалан, агар соли 1995-ум аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф ҳамагӣ якуним миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2008-ум аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ҳаҷми он ба 690 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Буҷети соҳаи маориф танҳо дар муддати панҷ соли охир зиёда аз чор маротиба афзуда, дар соли 2009-ум ҳаҷми умумии он 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли равон музди меҳнати кормандони соҳа 40 фоиз баланд бардошта шуд. Музди меҳнати мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва роҳбарони онҳо бо маоши омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар гардид.
Дар баробари маблағҳои давлатӣ барои рушди соҳаи маориф, инчунин барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ ва таъминоти моддиву техникии онҳо маблағҳои қарзӣ ва грантҳо низ сарф карда мешаванд. Аз соли 1998-ум то имрӯз бо мақсади татбиқи чорабиниҳои вобаста ба ислоҳоти соҳа 12 лоиҳа амалӣ карда шудааст, ки маблағи умумии онҳо 365 миллион сомониро ташкил медиҳад. Вале суръати аз худ намудани маблағҳо ҳанӯз ҳам чандон қаноатбахш нест.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи маориф бояд ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда ва суръату сифати корҳои иҷрошаванда дар ин самт диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ баробари зиёд шудани аҳолӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ низ хеле афзоиш ёфт. Дар ин муддат дар мамлакат 710 мактаби нави таҳсилоти умумӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Ҳаҷми умумии маблағҳои фақат барои сохтмон ва таъмири мактабҳо сарфшуда соли ҷорӣ 56 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Танҳо ҳамин сол дар назди 77 мактаби таҳсилоти умумӣ 310 синфхонаи иловагӣ сохта, 34 мактаби таҳсилоти умумӣ аз таъмир бароварда шуд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз шумораи зиёди мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ таъмиру азнавсозиро талаб мекунанд ва қисме аз таълимгоҳҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Илова бар ин, теъдоди хонандагон ҳар сол меафзояд ва зарурати сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба миён меояд.
Дар 78 мактаб-интернате, ки дар кишварамон фаъолият дорад, 9 ҳазор нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта, барои онҳо шароити зарурии таҳсил ва зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Вобаста ба ин, маблағгузории давлатии ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо низ зиёд мегардад.
Лекин таъкид бояд кард, ки сифати таълим ва сатҳи дониши тарбиягирандагони муассисаҳои мазкур низ ҳанӯз хеле паст мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар баробари беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо, инчунин доир ба беҳбудии раванди таълиму тарбия дар онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии давлат таъмини рушди босамари захираҳои меҳнатӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, ду сол пеш дар маҷлиси машваратӣ бо кормандони соҳаи маориф дар бораи ба талаботи замон ҷавобгӯй набудани сифати таълиму тарбия ва таҳсилоти касбӣ изҳори ташвиш карда будам.
Бояд гуфт, ки таъмини рушди мақсадноки захираҳои меҳнатӣ, мутобиқати таҳсилоти касбӣ ба талаботи иқтисодии кишвар масъалаи омӯзиши мунтазами талаботи бозори меҳнатро ба миён меорад.
Аз ин рӯ, бояд Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи омӯзиши мунтазами он чораҳои зарурӣ андешад. Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар бисёр вазорату идораҳо масъалаи талаботи соҳа ба кадрҳои зинаҳои гуногуни касбӣ таҳти омӯзишу таҳлил қарор дода нашудааст.
Бинобар ин, ба вазорату идораҳо зарур аст, ки талаботро ҳам ба кадрҳои коргарӣ ва ҳам мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ муайян карда, мунтазам ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намоянд.
Умуман, механизми тайёр кардани кадрҳо бояд бо талаботи бозори меҳнат ва рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ иртиботи бевосита дошта бошад ва чунин механизм аз ҷониби мақомот ва сохторҳои дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар таҳия ва татбиқ карда шавад.
Ҳамчунин ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки назоратро аз болои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурзӯр намуда, ба раванди тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, сифати таълим ва иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Маҳз фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълими касбӣ метавонад ба рушди устувору  пурсамари иқтисоди кишвар мусоидат намояд ва кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнатро омода созад. Зеро сатҳи тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳанӯз беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад. Махсусан муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаҳои омӯзгорӣ,  тиббӣ ва техникӣ дар ин самт ба ислоҳоти ҷиддӣ эҳтиёҷманд мебошанд.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф вазифадор аст, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси санадҳои қабулкардаи Ҳукумати кишвар – Консепсия ва Барномаи рушди таҳсилоти касбӣ ҷиҳати ба танзим даровардани сохтори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, фароҳам овардани шароит барои корҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар онҳо чораҳои ҷиддӣ андешад.    
Ҳозирини гиромӣ!
Дар замони собиқ Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 12 мактаби олӣ фаъолият мекард ва имрӯз шумораи онҳо ба 28 ва теъдоди донишҷӯён аз 69 ҳазор ба 152 ҳазор нафар расидааст. Ҳукумат ҳамчунин мақсад дорад, ки дар якчанд ноҳияҳо филиалҳои муассисаҳои бонуфузи мамлакатро низ таъсис диҳад.
Мутобиқи омори соҳаи маориф дар давоми солҳои 1991-2005 теъдоди хатмкардагони мактабҳои олӣ 51 фоиз афзуда, барои соҳаҳои иқтисоду ҳуқуқшиносӣ мутаносибан 37 ва 13 баробар зиёд мутахассисон тайёр карда шудаанд, вале дар бахши саноат афзоиши онҳо ҳамагӣ 28 фоизро ташкил медиҳад.
Танҳо дар тӯли солҳои 2000-2005 зиёда аз 20 ҳазор иқтисодшинос ва қариб 5 ҳазор нафар ҳуқуқшинос тайёр карда шудааст, ки ин аз талаботи бозори меҳнат чандин маротиба зиёд аст.
Дар ин давра дар соҳаи сохтмон қариб 38 ҳазор, кишоварзӣ - 33,  саноат - 25, хизматрасонӣ - 21 ва нақлиёту алоқа зиёда аз 11 ҳазор  ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд, ки ин ҳама ифодаи талаботи бозори меҳнати кишвар мебошад.
Бо дарназардошти ин, ба Вазорати иқтисод ва савдо зарур аст, ки ҳангоми таҳияи нақшаи қабули донишҷӯён минбаъд сохтори касбии онро бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқа намояд.
Ҳамзамон бо ин, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар дигар самтҳо низ камбудиҳое мавҷуданд, ки ҳарчи зудтар бояд бартараф карда шаванд. Масалан, нақшаву барномаҳои таълимии баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳоло ҳам ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот ҷавобгӯ нестанд. Низоми таҳсилоти кредитӣ низ дар аксарияти мактабҳои олӣ пурра ҷорӣ нашудааст.
Дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сифати таълиму тарбия ҷавобгӯи талабот набуда, сатҳи дониши толибилмон паст мебошад; пойгоҳи моддиву техникии аксар мактабҳои олӣ суст шудааст; сифати дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ паст буда, ба талаботи замона мутобиқат надорад; донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ қариб, ки таъмин нестанд.
Аз ин рӯ, ба роҳбарияти Вазорати маориф ва ректорони мактабҳои олӣ зарур аст, ки дар бораи чопи китобҳо, дастурҳои илмию методӣ ва сифату мазмуни онҳо тадбирҳои мушаххас андешида, аз соли 2009 ба ин мақсад ҷудо кардани маблағҳои иловагиро пешбинӣ намоянд.
Ҳамчунин пешгирии ҳодисаҳои бо мошинҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ ба муассисаҳои таълимӣ омадани мактаббачагону донишҷӯёнро, ки ба ҷараёни дарсҳо, сифати таълим ва донишандӯзии онҳо таъсири манфӣ мерасонад,  на ин, ки бо супориши Роҳбари давлат ё ҳамчун амали мавсимӣ, балки мунтазам таҳти назорат қарор диҳанд.
Бо мақсади аз дастовардҳои илму техника ва технологияи пешрафтаи ҷаҳони муосир бештар бархурдор гардидани донишҷӯён ва ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят кардани онҳо бояд тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат бо маблағҳое, ки ба таври иловагӣ ба даст меоранд, таъмиру тармими биноҳои худ, ташкили синфхонаҳои компютерӣ, пайвастани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии интернет, китобхонаҳои электронӣ, бунёди варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ва ҷиҳозонидани онҳоро таъмин кунанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 қабул намудааст, ки он раванди тайёр кардани кадрҳои илмиро ба низом дароварда, мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро бартараф хоҳад кард.
Мушкилоти нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ яке аз сабабҳои асосии паст будани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар мебошад.
Ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро бо ихтисосҳои омӯзгорӣ беш аз 4900 нафар хатм менамоянд, вале на ҳамаи онҳо ба ҷои кори таъиншуда ҳозир мешаванд. Ҳол он, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 5300 нафар омӯзгор намерасад.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати муҳайё кардани шароити зист барои мутахассисони ҷавон ва аз муассисаҳои таълимӣ ҷалб кардани донишҷӯёни курсҳои охир тадбирҳо андешида, хулосаву пешниҳодоти худро дар муддати як моҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намоянд.
Масъалаҳои паст будани сифати таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, коста гардидани ахлоқи баъзе ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳову равияҳои бегонаи диниву мазҳабӣ ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо набояд моро бетараф гузорад.
Фаромӯш набояд кард, ки таълиму тарбия дар баробари мактабу донишгоҳ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, падару модар, сохтору мақомоти давлатӣ ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Консепсияи миллии тарбия, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардидааст, ҳуҷҷати пурарзиш буда, иҷрои он барои ҳамаи устодону омӯзгорон, падару модарон ва тамоми шаҳрвандон ҳатмист.
Тарбияи кӯдак аз хонаву боғча ибтидо мегирад ва дар мактаб мукаммал мегардад. Ҳамчунин ҷомеа низ тарбиятгар аст ва маҳз бо таъсири ҷомеаи солим кӯдакону наврасон ба одобу ахлоқи ҳамида ва рафтори неки инсонӣ одат мегиранд.
Бинобар ин, вазоратҳои маориф, фарҳанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо оид ба кор бо ноболиғон, занон ва оила, оид ба корҳои маъмурии назди маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вазифадоранд, ки робита бо мактабро ҳарчи бештар мустаҳкам карда, дар байни ҷавонону наврасон ҳамеша корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ баранд.
Омӯзгорони мӯҳтарам ва устодони гиромӣ!
Имрӯз дар ин толор намояндагони аҳли илму фарҳанг ва ояндаи кишвари мо – ҷавонон гирд омадаанд. Бо истифода аз фурсат мехоҳам назари худро нисбат ба масъалаҳое, ки вақтҳои охир боиси мубоҳисаҳои ҳассос ва ихтилофи назар дар байни мардум гардидаанд, баён созам.
Чунон ки ба ҳама маълум аст, имрӯз дар минтақаҳои гуногуни мамлакат баъзе гурӯҳҳои экстремистии диние пайдо шудаанд, ки фаъолияташон дар байни мусулмонон ба ҷудоиандозӣ мебарад.
Ин гурӯҳҳо яқинан аз хориҷи кишвар идора мешаванд ва ҳадафи онҳо ба сари ҷомеа, алалхусус ҷавонони мо таҳмил кардани ақидаҳои зарарнок мебошад.
Яке аз сабабҳои ин дар он аст, ки ҳарчанд 99 фоизи аҳолии мамлакатамон пайрави дини мубини исломанд, вале мутаассифона, як қисми онҳо аз мазҳаби худамон, яъне ҳанафия ба таври бояду шояд огоҳиву маълумот надоранд.
Ба хотири аз байн бурдани чунин вазъият Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои судманд андешид, ки тарҷума ва бо теъдоди зиёд нашр намудани  Қуръони маҷид аз ҷумлаи онҳост. Мо ин корро ба хотири он кардем, ки танҳо маърифат пеши ҷаҳолатро гирифта метавонад.
Иқдоми дигари ҷиддӣ дар ин роҳ эълон шудани Соли бузургдошти Имоми Аъзам - асосгузори яке аз мазҳабҳои фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудани соли 2009 маҳз ба хотири он аст, ки мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бори дигар ба хотираи таърихии миллат ва арзишҳои милливу маънавӣ рӯ оранд. Зеро маҳз тавассути тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳанги аҷдодӣ мо метавонем насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем.
Мо - тоҷикон бояд ифтихор дошта бошем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди фарзонаи халқи мост.
Хизмати бузурги Имоми Аъзам нафақат дар он аст, ки фиқҳи исломиро мукаммал сохт, балки бо таълимоти фарогири худ халқҳои ҷаҳонро ба ваҳдат овард ва мураббии маънавии садҳо миллион одамон шуд. Имоми Аъзам аз ҷумлаи аввалин фақеҳон аст, ки забони тоҷикиро баъди забони Қуръон, яъне забони арабӣ ҳамчун забони ибодати динӣ ҷоиз донист.
Маҳз ӯ тарҷума ва тафсири Қуръони маҷидро ба забони тоҷикӣ иҷозат дод. ӯ инчунин фатво дод, ки нияти намоз ба забони тоҷикӣ хонда шавад. Гоҳо аз ман суол мекунанд, ки чаро мо ин қадар ба  гузашта эътибор медиҳем, мудом аз пайи гиромидошти бузургони миллатем.
Ба ин савол метавон гуфт, ки бе донистани таърихи гузаштаи миллату давлати хеш, бе худшиносӣ, бе анъанаҳои аҷдодӣ, бе ифтихори ватандорӣ ягон халқи ҷаҳон пеш намеравад ва ягон кишвар соҳибэҳтирому муқтадир намегардад. Эҳтироми гузашта ба хотири равшан кардани роҳи наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Гиромидошти Имоми Аъзам низ ба хотири он аст, ки мардум огоҳона пайрави мазҳаби беш аз ҳазорсолаи хеш бошанд. Инчунин гиромидошти шахсиятҳои бузург ба хотири сарҷамъӣ ва ҳамдиливу ваҳдати мардуми кишвар аст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки ба ҷаҳолат фақат маърифат муқовимат карда метавонад. Ва таблиғгарони саводу маърифат, пошандагони тухми илму дониш аҳли зиё ва дар навбати аввал шумо – омӯзгорон ҳастед.
Дар ҳама давру замонҳо пешрафту тараққиёти ҷомеа ба фаъолияти пурсамари омӯзгор вобаста аст ва мо ҳам пешравиҳои Ватанамонро ба заҳмати душвору масъулиятноки шумо - омӯзгорони мӯҳтарам пайванд медонем.
Воқеан солҳои охир дар низоми таълим ва раванди ислоҳоти соҳаи маорифи мамлакат пешрафту дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ омаданд ва онҳоро нодида гирифтан мумкин нест, вале бояд як нуктаро эътироф намоем: дар  шароити ҳозира, ки илму техника ва технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дастовардҳои мо ҳанӯз нокифоя мебошанд.
Аз ин рӯ, итминон дорем, ки шумо дар замони рушди бесобиқаи илму техника ва технологияҳои нав, бахусус технологияҳои иттилоотӣ дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату соҳибихтисос, ватандӯсту бонангу номус, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ҳаматарафа обутобёфта бештар кӯшишу талош карда, меҳру садоқати худро ба Ватани аҷдодӣ ва миллати сарбаланду тамаддунофари худ бо заҳмати софдилона собит хоҳед кард.
Дар чунин рӯзи хотирмон таъкиди ин суханҳо маънии хоса касб мекунад, зеро мо имрӯз 60-солагии Донишгоҳи миллии худро ҷашн мегирем. Ва агар гӯем, ки ин ҷашн як маъракаи оддӣ нест, балки ҷашни тамоми миллат аст, хато нахоҳем кард. Бинобар ин, бори дигар бо арзи сипос ба тамоми омӯзгорону кормандони донишгоҳ ин ҷашни фархундаро ба ҳамаи ҳамватанони азизамон низ муборакбод мегӯям.
Ва пешниҳод менамоям, ки бо дарназардошти мақоми хосаи ин боргоҳи илму маърифат номи он  аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иваз карда шавад.
Ҳамчунин бо камоли мамнуният мехоҳам ба шумо муждаеро расонам, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои саҳми босазои он дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
Мукофоти давлатии Донишгоҳи миллӣ низ ба ҳамаи шумо муборак бошад!
Ба ҳамаатон тандурустиву хонаободӣ ва дар иҷрои рисолати таърихии миллиатон – тарбияи кадрҳо барои ояндаи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳо орзумандам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 723

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед