logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ЗИНДАГӢ ЗИНАТИ ТОЗА МЕГИРАД

Сокинони ноҳияи Деваштич бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аҳамияти Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк карда, дар асоси раҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориву ободониро пешаи худ кардаанд. Дар ҳама гӯшаву канори ноҳия дигаргуниҳои хурсандибахш ба назар мерасанд. Пас аз қомат афрохтани пайкараи қаҳармони халқи тоҷик Деваштич, Парчами давлатӣ, боғи Деваштич, таваллудхонаи нав, боғчаи кӯдакон, идораи бахши адлия ва дигар марказҳои маишӣ – хизматрасонӣ, ки аз тарафи Сарвари давлат ба истифода шуданд,  ноҳия, махсусан маркази он – шаҳраки Ғончӣ, воқеан ҳам ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфт.
Дар рустоҳои наздику дурдаст бошад, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони ватандӯст бо ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба бунёди иншооти таъйиноташон гуногун ва хуррамгардонии маҳал машғуланд. Аз ҷумла, бунёди кӯдакистони замонавӣ барои 240 кӯдак дар Яхтан, марказҳои саломатӣ дар деҳоти Далёни Боло, Росровут, Яхтан, Ваҳдат, ду фермаи мурғпарварӣ дар деҳаи Хӯштоири Мухлон, мағозаи китоб дар деҳаи Басманда, коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Росровут, ҳавзи моҳипарварӣ дар ҳудуди Даҳанасой, толори футболи хурд ва клуби шоҳмотбозони наврас - “Манумеҳр ва Рустам” дар шаҳраки Ғончӣ аз худшиносиву ободкории сокинон дарак медиҳад.
Соҳибкорони хурду миёна бо анъанаи неки мардумӣ, яъне ҳашар 12 дорухона, майдончаи хурди футболбозӣ, хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Даштикон, таъмири 5 км лӯлаҳои обгузар дар деҳаи Хуштоири Мухлон ба сомон расонданд. Ҳамин тавр, иловатан 50 ҷои нави корӣ пайдо шуд, ки аз фаъолияти самараноки соҳибкорон дарак медиҳад.
Айни ҳол дар ноҳия чордаҳ маркази таълимӣ - истеҳсолии қолинбофӣ ва чордаҳ марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ фаъолият дорад. Дар онҳо 61 дастгоҳи қолинбофӣ ва атласу адрасбофӣ насб карда шудааст. Се сол боз дар маркази вилоят маҳсулоти ҳунармандони мо ба намоиш гузошта шуда, адрасҳои хушсифати аҳли ҳунар сазовори ҷойҳои намоён мешаванд.
Дар ноҳия рушди соҳаи сайёҳӣ зери  назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, мавзеъҳои Чилдухтарони деҳаи  Метк, Саричашмаи деҳаи Сурхобча, мақбараи Хоҷа Абутоҳир воқеъ дар деҳаи Хӯҷаҳо ва Шаршараи деҳаи Далёни Боло барои пазироии меҳмонон ва сайёҳон мувофиқанд. Бахусус, Чилдухтарон ба муаррифӣ ва пажӯҳиш ниёз дорад.
То ҳол даҳҳо шаҳрвандони муроҷиатнамуда ба воситаи маркази соҳибкории иҷтимоии «Эҳтиром» - и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар курсҳои «Дӯзанда», «Атласу адрасбофӣ», «Қолинбофӣ» ва  «Сӯзанидӯз - гулдӯз» ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ба бист шаҳрванд барои фаъолияти соҳибкорӣ 67970  сомонӣ қарзи имтиёзнок  дода шуд.
Дар ҳудуди ноҳия 725,4 км роҳ мавҷуд буда, соли гузашта 201 километри он шағалпӯш, 48 км таъмири ҷорӣ, 31 км роҳ пурра мумфарш гардид. Маблағи умумии корҳо 26,5 миллион сомониро ташкил дод. Махсусан, бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди истифода қарор гирифтани 16,4 километр роҳи Ғончӣ – шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бисёр фараҳбахш буд.
Дар доираи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 309 иншоот ба нақша гирифта шуда, биноҳои марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Хуштоири Мухлон, Даштикон, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Росровут, толори варзиш дар шаҳраки Ғончӣ ва дар маҷмӯъ 189 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти ҳаётан муҳим хати оби  Даҳкатсой - Даҳанасой аст, ки сохтмонаш идома дорад. Дар сурати ба истифода додани ин хати об садҳо гектар замини солҳо бекорхобида ва лалмӣ  сарсабз гашта, заминаи рушди асосии хоҷагии халқи ноҳияро таъмин менамояд. Зеро диёри моро пешрафти кишоварзӣ мувваффақ карда метавонад.
Ба ин масъала Пешвои миллат ҳангоми сафарашон ба Деваштич махсус таваққуф карда, таъкид намуданд, ки азхудкунии заминҳои бекорхобида, киштукор ва истеҳсоли картошка вусъат дода шавад. Воқеан ҳам, кишти картошка, пиллапарварӣ ва дар  ин замина зиёд кардани шумораи дарахтони тут, барқароркунии ҷангалзор, афзудани замин барои токпарварӣ ба об вобастагии калон дорад. Барои коҳиш додани норасоии об то имрӯз бисту панҷ чоҳи амудӣ кофта шуд.
Месазад, ки дастовардҳои варзишгарони ноҳияро махсус таъкид кунем. Варзишгарони мо соли гузашта дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби 778 медал гардиданд. Аз ин 266 медали тилло, 270 нуқра ва 242 медали биринҷист.
Дар робита ба бунёди варзишгоҳҳо, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардид, чанде пеш дар шаҳраки Ғончӣ толори футболи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Клуби шоҳмотбозони наврас, мактаби варзишии ба номи Б. Холов ва дигар ниҳодҳои марбута фаъоланд.
Бо эътимод метавон гуфт, ки то Ҷашни муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми нақшаҳои ояндасоз бо заҳмати аҳлонаи кулли мардуми ноҳия дар амал татбиқ гардида, зиндагиву рӯзгор зинати тоза мегиранд.

Сулаймон ЗИЁЗОДА, раиси ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2020    №: 17    Мутолиа карданд: 318
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед