logo

порлумон

ХАЛҚ САРЧАШМАИ ЯГОНАИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Тавре маълум аст, 1 марти соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, фарогирандаи тамоми доираҳои ҷомеа мебошад. Ҳоло дар доираи қонунгузорӣ вобаста ба раванди омодагӣ ва баргузор намудани интихобот як қатор тадбирҳо амалӣ гашта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ корҳои муайян идома доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои демократӣ, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ба воситаи интихобот иродаи худро баён мекунад. Аз рӯи меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 27) шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни муқарраркардаи қонун (18 - солагӣ) расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан ва ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
Ба фарқ аз баъзе давлатҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар интихобот ихтиёрӣ мебошад. Яъне, амалӣ гардидани ҳуқуқи интихоботӣ аз иродаи озодонаи шаҳрванд вобаста аст. Ҳар як интихобкунанда шахсан овоз медиҳад. Ба ҷои шахси дигар овоз додан манъ аст. Инчунин, ба ҷои оила ё гурӯҳи одамон овоз додани як кас мумкин нест. Овоздиҳӣ дар интихобот озод ва пинҳонӣ буда, ҳар як интихобкунанда як овоз дорад.
Дар асоси талаботи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (моддаи 42), “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” (моддаи 40), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” (моддаи 40), ҳангоми овоздиҳӣ дахолат кардан ба иродаи овоздиҳанда манъ аст. Ҳар як интихобкунанда дар участкаи интихоботӣ (барои ҷамоат – ҳавзаи интихоботӣ) худаш овоз медиҳад. Дар ҳамин ҳол, барои дахолат кардан ба мустақилият ва дахлнопазирии  интихобкунандагон, инчунин, монеа эҷод намудан ба ҷараёни интихобот қонунҳои дахлдори соҳавӣ чораҳои мушаххас пешбинӣ менамоянд. Аз ҷумла, қонунгузор роҳҳои гуногуни монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрванд ва барои ба тарафдории номзад ҷалб кардани интихобкунандагонро муайян намуда, барои ҳуқуқвайронкунандагон ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ намудааст.
Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи интихоботӣ дар таъмини дахлнопазирии интихобкунандагон ҳокимияти мустақили судӣ нақши муҳимро мебозад.  Судҳо тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 259 - 263), тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандонро доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон баррасӣ менамоянд.
Дар навбати худ қонунгузор ҳолатҳоеро муайян кардааст, ки ҳангоми ҷой доштани онҳо шаҳрвандон ҳуқуқи интихоботии худро татбиқ карда наметавонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 4 моддаи 27),  қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3 моддаи 4), «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» (қисми 2 моддаи 2), муқаррар менамояд, ки шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайриқобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро надоранд. Асосҳо ва тартиби аз ҷониби суд ғайриқобили амал эътироф кардани шаҳрвандро қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии гражданӣ муайян мекунад. Ин воқеият танҳо бо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд тасдиқ мегардад.
Тибқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон” ба рӯйхати интихобкунандагон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот 18 - сола шудаанду ҳангоми тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот ба таври доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунанд ва ҳуқуқи интихоботӣ доранд, дохил карда мешаванд. Интихобкунанда ба рӯйхати интихобкунандагони фақат як участкаи интихобот дохил карда мешавад.
Ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дода мешавад, ки аз хусуси ба рӯйхат дохил намудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин, аз хусуси саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Комиссияи интихобот аризаро дар бораи  саҳву хатои рӯйхат баррасӣ мекунад ва он вазифадор аст, ки аризаро дар давоми ду рӯз ва дар арафа ва рӯзи интихобот бошад, фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарурӣ дохил кунад ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро аз хусуси рад карда шудани аризааш супорад. Аз хусуси қарори комиссияи интихобот бо тартиби муқарраршуда ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи интихобот мувофиқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад.
Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот истиқомат мекунаду бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил карда нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба он дохил карда мешавад.
Ҳамин тавр, интихобот масъулияти ҳар шаҳрванд барои интихоби кардаи ӯ  мебошад. Ҳар интихобкунанда вобаста ба ҳисси ватандорӣ ва ҷаҳонбинии худ дар интихобот овоз медиҳад. Интихоби кардаи ӯ ояндаи шаҳрванд ва наздиконашро муайян мекунад. 

Бахтовар САИДЗОДА,
мутахассиси дастгоҳи Комиссияи
марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2020    №: 17    Мутолиа карданд: 491
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед