logo

порлумон

ХАТЛОН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

Сокинони Тоҷикистонро маъракаи муҳими сиёсӣ дар пеш аст. 1-уми марти соли ҷорӣ интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ (ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо) ва Маҷлиси намояндагон баргузор хоҳад гардид. Ҷараёни омодагиҳо дар вилояти Хатлон чӣ гуна аст? Бо ин суол ба раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода муроҷиат кардем.
- Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 11 декабри соли 2019 комиссияи  вилоятии интихобот оид ба интихоботро дар ҳайати 11 нафар тасдиқ намуда, барои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароити дигари маҳаллӣ дар вилоят таъсиси 69 ҳавзаи интихоботиро муқаррар кард. Ҳамзамон, дар ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят комиссияи шаҳрию ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқ ташкил гардид.
Дар ҳамин замина, комиссияи вилоятии интихобот бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон корҳои муайянро иҷро кардааст. Чунончи, дар аввалин маҷлиси комиссия дар асоси моддаҳои 10 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» раис, муовин ва котиби комиссия интихоб гардида, фаъолияти  комиссия дар 3 дафтари кории  КВД «Почтаи Тоҷик» дар вилояти Хатлон, воқеъ дар шаҳри  Бохтар, кӯчаи Норинов 8, оғоз гардид. Комиссия корро дар асоси нақшаи тақвимии “Чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот”, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда, тибқи нақшаи мазкур бо назардошти моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ»  ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро тасдиқ карда, марказ ва ҳудуди  ҳавзаҳои   интихоботиро оид ба интихоботи вакилон дар матбуоти маҳаллӣ (рӯзномаи “Хатлон”) нашр кард.
Дар асоси нақшаи тақвимии комиссияи вилоятӣ бо назардошти пешниҳоди раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мутобиқи  моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияҳои ҳавзавии интихоботро дар ҳайати 9 - 11 - нафарӣ  ташкил ва тасдиқ намуд.
Дар вилоят аз ҷониби комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ 1083 участкаи интихоботӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот дар ҳайати 7 - 15 - нафарӣ тасдиқ гардида, корҳои омодагӣ ба интихоботро пеш бурда истодаанд. Айни замон, дар вилоят ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дошта, аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят фаъолияткунанда ва шаҳрвандон бо тариқи худпешбарӣ идома дорад. Бақайдгирии номзадҳо дар вилоят аз 25 январ оғоз гардида, ин раванд то 9 феврал ба анҷом расонда мешавад, ки аз тартиби мазкур тамоми ҳизбҳои сиёсӣ огоҳ мебошанд.
Айни замон, аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот дар маҳалҳо рӯйхати интихобкунандагон омода шуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар вилоят бо мақсади омодагиҳо ба гузарондани интихобот 9-уми январи соли ҷорӣ семинар - машварат бо иштироки раисони ҳавзаҳои интихоботӣ баргузор шуда, маводи коргузорӣ тақсим гардид.
Ҳарчанд ҳаҷми корҳои дар доираи ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрошаванда хеле зиёд аст, то кунун ягон мушкилие, ки ба ҷараёни интихобот халал расонад, дида нашуд.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2020    №: 18    Мутолиа карданд: 562
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед