logo

Хабарҳо

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии суруди чиниро зери унвони “Овози тиллоӣ-2019” баргузор намуд. Донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Чаманоро Ҷунибекова бо таҳияи суруди “Ман мехоҳам якҷо бошем” ғолиби озмун шуд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини ректори ДМТ оид ба корҳои хориҷӣ Н. Мирзамонзода, директори Институти Конфутсий аз кишвари Чин хонум Ҷия Ҷин Фан, директори Институти Конфутсий дар Тоҷикистон Фаррух Қосимов, намояндагони ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии гуногун ширкат варзиданд.
Н. Мирзамонзода аз муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Чин сухан ронда, доир ба муштаракоти фарҳангии ин ду миллати қадимӣ ҳарф зад.
12 довталаб аз муассисаҳои гуногуни таълимӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуд. Сарояндаи шинохтаи тоҷик Тобиш Ҳилолӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Ҷамъияти чиниҳои муқимӣ ва чиниҳои муҳоҷир дар Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии “Ҷанубӣ”, ширкати чинии “Лӯлаи нафт”, ширкати ҳавопаймоии байналмилалии Чин, ҶДММ “Хуаксин семент” ва “Агроинвестбонк”, дар маҷмӯъ, 21 ҳакам рафти озмунро назорат ва баҳогузорӣ кард.
Озмунро 20 омӯзгори Институти Конфутсийи назди ДМТ ташкил намуд ва даврҳои аввали он дар тӯли 2 моҳ гузаронда шуданд.
Довталабон аз ҳунару маҳорати сарояндагии хеш истифода намуда, барои тамошобинон як барномаи диданиву шунидании мусиқиро таҳия карданд. Барномаи онҳо аз тарафи меҳмонони чинӣ ва дигар мутахассисону ҳаводорони забони чинӣ пазироии гарм ёфт. Пас аз рақобати шадид, донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Чаманоро Ҷунибекова пирӯз гардид. Замзамаи зебо, тасаллут доштан ба забони чинӣ, ҳис кардани оҳанг ва дигар вижагиҳо Чаманороро ғолиб гардонд.
Пирӯзшудагон ва дигар иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Озмуни “Овози тиллоӣ” яке аз барномаҳои шавқовару диққатҷалбкунанда аст, ки донишҷӯёни тоҷикро ҳамасола бо фарҳанги санъати мусиқии чинӣ пайваст намуда, шавқу рағбати онҳоро нисбат ба омӯзиши забони чинӣ афзун мекунад.
Институти Конфутсийи назди ДМТ фиттаи маҷмӯаи таронаҳои озмуни “Овози тиллоӣ - 2019” - ро таҳия карда, ба дӯстдорони забону фарҳанги Чин тақдим мекунад.
 
Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 194
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед