logo

порлумон

ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СИНО № 4. КОРҲОИ ОМОДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ идома доранд.

Дар робита ба ин, Мӯсо Асозода, раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии Сино № 4  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки ҳанӯз аз 11 декабри соли 2019 бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 18 “Дар бораи ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот” тасдиқ шудааст. 
- Ҳайати комиссияи ҳавзавии интихобот аз 11 нафар иборат буда, фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондем. Мо дар ҳамкорӣ  бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҳудуди 50 участкаи интихоботиро муайян намудем, ки дар рӯзномаҳо ба табъ расиданд. Ҳамчунин, ҳайати комиссияҳои участкавии интихобот на кам аз ҳафт нафар ташкил карда шуд, - гуфт Мӯсо Асозода.
Ҳоло 5 нафар барои ба қайд гирифтан ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Сино № 4 ариза пешниҳод карданд. Аз ин шумора, 1 нафар аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  1 нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, 1 нафар аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, 1 нафар аз тарафи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва 1 нафар ба тариқи худпешбарӣ пешниҳод шуданд. Ҳуҷҷатҳои номзадҳо омода гардида, ҳоло мавриди омӯзиш қарор доранд.
Ба гуфтаи раиси ҳавза, дар назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки ба он олимони соҳаи забон шомиланд ва ба сатҳи донистани забони давлатии ҳар номзад баҳо медиҳанд.
- Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ тамоми санадҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо интихобкунандагон ҷиҳати иштироки фаъол ва озодона дар интихобот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда  мешавад, то шахсони арзанда вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гарданд, - гуфт Мӯсо Асозода.

М. САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 393
29.11.2021


МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед