logo

иҷтимоиёт

ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ. АЗ ОНҲО КАМ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ. ЧАРО?

Гиёҳҳои шифобахш ва гиёҳдармонӣ яке аз усулҳои беҳтарини мубориза бо бемориҳои гуногун буда, дар ҷаҳон собиқаи дерин дорад. Имрӯз дар Тоҷикистони мо низ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ афзудааст. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид кардаанд: «Ҳарчанд ки мо аз гиёҳҳои шифобахш баъзе намудҳои дорувориро омода карда истодаем, вале имконоту захираҳои Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифоӣ мавҷуданд, ҳоло ҳам самарабахш истифода нашуда истодаанд».
Дар робита ба ин, мо низ чанд пешниҳоду маслиҳатҳои олимону табибонро доир ба таъсири гиёҳҳо ба саломатии инсон нигоштаем. Олимон муайян кардаанд, ки калонсолон соле 3 - 4 маротиба гирифтори бемориҳои вобаста ба шамолхӯрӣ мешаванд. Ин нишондиҳанда дар кӯдакон бештар аст. Азбаски ҳоло мавсими сармо ҳукмфармост, дар кӯчаю бозор, нақлиёт ва муассисаҳо ашхоси зиёдеро дучор  меоем, ки сулфаю атса зада, аз шамолхӯрию зуком шикоят мекунанд.
Дар чунин ҳолат бо худтабобаткунӣ машғул шудан хуб нест. Бемор бояд танҳо бо машварати табиб дору истеъмол кунад. Аммо, илова ба тавсияи духтур, истифода аз гиёҳдармонӣ боиси зудтар шифоёбии  бемор гашта метавонад. Беҳтар аст, ки чораҳои пешгирии қабл аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ истифода бурда шавад. Ҳангоми пайдо шудани сулфаи хушк рӯзе як пиёлагӣ 3 - 4 бор нӯшидани чойи гарми мармарак (шалфей) муфид аст.
Зимни хориши гулӯ ва сулфаи хушк рӯзе 3 - 5 маротиба нӯшидани чойи гарми сесанбар (чабрец) барои раҳоӣ аз мушкилиҳои зикршуда ёрӣ мерасонад. Чойи гиёҳҳои бобуна ва бӯи модарон барои рафъи таъсири шамолхӯрӣ фоидабахшанд. Решаи гули хайрӣ,  сапали шутур ва ширинбия хосияти зуд аз балғам халос шудани  организмро доранд.
Мураббои тамашк (малина) ва чойи ширини настаранӣ (хулул, хуч) низ воситаи хуби ёрирасон барои муолиҷаи бемориҳои шамолкашӣ мебошанд.
Барои муолиҷаи кӯдакон як қошуқча қоқуи хушкро бо як истакон оби ҷӯш андохта, ним соат дар гармӣ нигоҳ доред. Сипас, онро аз дока гузаронда, дар ҷои торик гузоред. Дар пиёлае бо ним қошуқча асал омехта, рӯзе се бор ба кӯдак додан лозим аст. Агар кӯдакони аз сесола болоро дарди гулӯ ва сулфаи хушк азият диҳад, бо ҷӯшобаи нозбӯ ва пӯдина обгардон кардани даҳон манфиат мебахшад.
Нӯшидани чой бо асал ва лимӯ (бо пӯсташ) барои  аз витаминҳои зарурӣ таъмин шудани ҷисм ва пурқувват шудани масуният (иммунитет) ёрӣ мерасонад. Агар масуният қавӣ бошад, организм ба бемориҳо мубориза бурда метавонад.
Аз ин чанд пешниҳод пайдост, ки саломатии мо дар дасти худи мост. Пеш аз он ки ба дорухона рафта, бо нархҳои гарон доруву дармон мехарем, бояд аз усулҳои куҳану санҷидашудаи гиёҳдармонӣ истифода барем. Аз ҷумла, бидуни гирифторӣ ба ягон намуд беморӣ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахш тавсия мешавад. Зеро онҳо барои нерумандӣ ва фаъолияти муназзами организми мо мусоидат менамоянд.           

Зайнура САФДАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 50,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2020    №: 20    Мутолиа карданд: 179
05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед