Хабарҳо
Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад
- Ҳарчанд муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 - ум 15 феврал ба анҷом расад ҳам, шумораи умумии истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки азнавбақайдгириро нагузаштаанд, 3 миллиону 855 ҳазору 789 нафарро ташкил медиҳад, - гуфт Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи ӯ, сохторҳои дахлдори хадамот кӯшиш доранд, ки дар вақти муқарраргардида азнавбақайдгирии симкортҳоро пурра ба анҷом расонанд, вале ин аз муштариён низ вобаста аст.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, таъмини бехатарии муштариёни алоқаи мобилӣ буда, ба ин мақсад Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» қабул гардид, ки баҳри татбиқи он Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи мобилӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2019 3 миллиону 36 ҳазору 433 нафарро аз нав ба қайд гирифт.
О. ВАФОБЕК
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2072