logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Тӯтихон Назарова соли 1973 Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ноҳияи Вахш ба кор фиристода мешавад. Аз рӯи ихтисос фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби миёнаи № 14 оғоз менамояд. Баробари омӯзгорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, қобилияти ташкилотчигӣ доштанашро нишон медиҳад.
Солҳои 70 – 80 - уми асри гузашта дар ҷумҳуриҳои пахтакор аз ҳисоби занону духтарон тайёр намудани механизаторони мошинҳои пахтачин (капитанҳои «киштиҳои кабуд») шакли оммавӣ гирифта буд. Дар курсҳои махсуси механизаторӣ, ки асосан бо ташаббус ва дастгирии созмонҳои ҷавонон ташкил мешуданд, занону духтарон касби ронандагиро меомӯхтанд. Бо ибтикори муаллимаи ҷавон Тӯтихон Назарова гурӯҳи духтарон ба чунин курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Муаллимаи ҷавон аз аввалинҳо шуда, бо мошини дуқатораи пахтачинӣ дар мавсими ҳосилғундорӣ иштирок намуд. Солҳои баъдӣ малакаи худро такмил дода, нишондиҳандаҳои беҳтаринро соҳиб мешуд. Механизатори ҷавон бештар аз 200 тонна пахта ғундошт ва дар қатори пешсафон ҷой гирифт.
Барои бо мошин аз ҳама зиёд чидани пахта Тӯтихон Назарова соли 1976 соҳиби ҷоизаи ба номи се карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Турсуной Охунова (механизатори номӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон) шуда, ҳамон сол иштирокчии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи (ВДНХ) СССР ва форуми механизаторони ҷавон дар Ҷумҳурии Молдавия мегардад. Соли 1978 дар озмуни умумииттифоқии механизаторзанон, ки дар Ҷумҳурии Украина  доир шуд, ҷойи дуюмро соҳиб мегардад.
Баробари ин, Тӯтихон Назарова аз пайи такмили донишу маҳорати худ мешавад. Ӯ шунавандаи Мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Тошканд ва мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Москва мебошад. Ҳамзамон, ғоибона дар совхоз – техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Қӯрғонтеппа (ҳоло Кӯшониён) таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси агроном мегардад.
Тӯтихон Назарова дар вазифаҳои муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) котиби идеологӣ ва котиби якуми комитети партияи коммунистии ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён), муовини раиси Шӯрои колхозҳои вилоят, ёвари сардори идораи кишоварзии вилояти Хатлон, сардори департаменти «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон, муовини раиси раёсати Ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон кор кардааст.
Ин зани серғайрат соли 2000 - ум шунавандаи курсҳои кӯтоҳмуддати кормандони соҳаи кишоварзӣ дар давлати Исроил буда, дар шаҳри Шваим маърӯзаи илмии худро дар мавзӯи «Обёрии қатрагии ғалладона дар манотиқи Тоҷикистон» муаррифӣ намудааст. Соли 2001 дар Форуми умумиҷаҳонии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Молдова иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи «Корманди беҳтарини соҳаи  кишоварзӣ» мегардад.
Тӯтихон Назарова аз моҳи декабри соли 2018 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар мебошад. Хизматҳои ӯ бо медали «Хизмати шоиста» (соли 2013) ва дигар мукофотҳо қадр шудаанд. Ӯ шаҳрванди ифтихории шаҳри Бохтар мебошад

Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 94
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед