logo

порлумон

ХУРОСОН. ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА ИНТИХОБОТ

Дар ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки 1 марти соли равон баргузор мегардад, корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.
Дар комиссияи интихоботии ноҳия беш аз 65 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.

Мавлонзода Алӣ Саидқул, муовини раиси комиссия,  дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки то имрӯз барои муҳайё намудани шароити муносиб барои интихобкунандагон 35 ҳавза ва 33 участкаи интихоботӣ бо муқаррароти ҳудуд, рақам ва шумораи пешакии интихобкунандагон ташкил шуда, аз ҷониби аъзои комиссия вобаста ба пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ, тартиби кори ҳавзаю учаскаҳо 4 қарор бароварда шудааст. Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ санадҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам гардидаанд.
А. Мавлонзода зикр намуд, ки дар ҳар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ 9 - нафари аъзои комиссия вобаста шудааст. Аз ҳамаи участкаю ҳавзаҳо доир ба ҷараёни омодагиҳои интихоботӣ, пешбарии номзадҳо, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҳисоботи оморӣ омода ва ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Дар рафти омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар ҷавонони фаъолу донишманд ҷалб гаштаанд.  Бақайдгирии номзадҳо 9 феврал ба анҷом мерасад.
Барои беҳтар фаҳмондани аҳамият ва таблиғи маърака дар ҳар гӯшаю канори чашмраси ноҳия лавҳаю шиорҳо бо навиштаҷоти гуногун, аз ҷумла «Интихобот - 2020», «1 марти соли 2020 – рӯзи интихоботи вакилони халқ», «Овози шумо дар интихобот ҳалкунанда аст!», «Интихобот. Бетараф набошед!!!», «Ман худам овоз медиҳам!», «Ба номзадҳои арзанда овоз медиҳем» ва ғайра насб шудаанд, ки аз омодагии хуби масъулон ба ин чорабинии сиёсӣ дарак медиҳад. Ҳамчунин, пайваста бо мардум вохӯрию суҳбатҳо доир гардида истодаанд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2020    №: 23    Мутолиа карданд: 845
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед