logo

Хабарҳо

Кӯлоб. Таҷлили хотирмони Ҷашни "Сада"

Ҷашни Сада яке аз бузургтарин суннатҳои мардуми ориёитабор маҳсуб мешавад. Пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн ба корҳои кишоварзӣ ва рӯзгори қадимаи тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни Садаро мутантан ва хотирмон истиқбол гирифтанд. Субҳи рӯз дар гулгашти ба номи Сафар Амиршоев ҳунармандон ва кишоварзони деҳот, фаъолони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ дастовардҳои хешро ба намоиш гузоштанд. Деҳқонон, ҳамчунин, ба сокинону меҳмонони шаҳр анвои маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ, ниҳоли дарахтҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва гулҳоро пешкаш намуданд.
Намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳру деҳоти Кӯлобро роҳбарони шаҳр, ташкилоту корхонаҳо, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон ва сокинону меҳмонони шаҳр тамошо ва баҳогузорӣ карданд. Баъди афрӯхтани гулхани анъанавӣ намояндаи раиси вилояти Хатлон, муовини сардори раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Қурбонҷон Аюбзода аз номи раиси вилоят ҳозиронро ба Ҷашни Сада табрик намуда, дар бораи бурду бохти кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб дар соли 2019  ва нақшаҳо барои соли равон сухан кард.
Муовини аввали раиси шаҳр Саломуддин Каримзода зикр намуд, ки соли 2019 кишоварзони шаҳру деҳоти Кӯлоб 16800 тонна ғалладона, 6800 тонна пахта, 53000 тонна сабзавот, 6800 тонна картошка, 7000 тонна полизӣ, 4300 тонна мева, 1100 тонна ангур истеҳсол карданд, ки ҳар номгӯи он аз нақша зиёд аст. Таъкид шуд, ки дар соҳаи парандапарварӣ низ комёбии назаррас ба даст омад. Бо ифтитоҳи фермаи нави парандапарварӣ барои мардуми Кӯлоб гӯшти парҳезӣ ва тухми арзон дастрас гардид.
Дар охир ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр ва Театри драмаю мусиқии ба номи Саидалӣ Вализода бо таронаҳои дилошӯб табъи ширкатдорони ҷашнро болида гардонданд.

Бахтиёр САФАРОВ, сармутахассиси шуъбаи  иттилоотию
таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон дар минтақаи Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2026
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед