logo

порлумон

НОҲИЯИ ЛАХШ. МАРҲИЛАИ НАВИ ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ

Дар ноҳияи Лахш барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия корҳои омодагӣ идома доранд.
Азамҷон Мирзоев, аъзои комиссияи якмандатаи Рашт № 12 дар ноҳияи Лахш, зимни суҳбат ба хабарнигори "Ҷумҳурият" изҳор дошт, ки дар ҳудуди ҳавзаи якмандатаи Рашт № 12 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш 52 участкаи интихоботӣ ташкил гардидааст. Қароргоҳ ё ҷойи кори аъзои комиссияҳои участкаҳо дар деҳаҳои дурдаст чойхона - фароғатгоҳҳо интихоб гардидаанд, ки дорои шароити хуби фаъолият  мебошанд.  Ҳадаф  аз интихоби чойхона – фароғатгоҳҳо ҳамчун дафтари кории аъзои комиссияҳо дар он аст, ки сокинони деҳаҳо дар фасли зимистон бештар ба ин маконҳо ташриф оварда, суҳбатҳои хосса ташкил менамоянд. Аъзои комиссия бо истифода аз чунин фурсат ба мардум наздиктар мешавад ва корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳоро дар ҳамин ҷойҳо роҳандозӣ мекунанд.
Раҳим Сангаков, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш, зикр кард, ки дар ҳудуди ноҳия вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 40 ҳавза ва 52 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст. Дар фароғатгоҳҳо гӯшаҳои таблиғотӣ ва овезаҳо ҳам барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ҳам барои вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия  ташкилу насб гардидаанд.
Хабарнигори рӯзномаи "Ҷумҳурият" бо ҳамроҳии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш аз якчанд ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба интихобот маълум гардид, ки дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва ҷойи овоздиҳӣ пурра омода шудаанд. Шиорҳои даъват ба иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, навиштаҷоти марбут ба интихобот, аз ҷумла рӯйхати участкаҳои интихоботӣ насб гардидааст. Дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ "Гӯшаи интихобот" ва харитаи сиёсии ноҳия мавҷуд аст.
Ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ зери назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор дошта, вобаста ба ин гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки пайваста рафти омодагии ҳавзаю участкаҳои интихоботиро назорат мебаранд.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2020    №: 24    Мутолиа карданд: 475
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед