logo

сиёсат

ПАЁМ. ДУРНАМОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва маҳз он пешбурди сиёсати «дарҳои боз» - ро тақвият мебахшад. Имсол низ Пешвои миллат самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои хориҷиро баҳри «баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон» дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  муайян намуданд.
Бо амалишавии се ҳадафи стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар соли гузашта ҳадафи чоруми ин стратегия муайян гардидааст, ки саноатикунонии бомароми кишвар мебошад. Барои амалишавии ин ҳадаф, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои мутараққӣ дар минтақа ва ҷаҳон табдил медиҳад, тамоми сохторҳои маъмурии кишвар масъуланд.
Ба андешаи мо, татбиқи ҳадафи тақдирсози миллат - саноатикунонии кишварро ба ду марҳила тақсим кардан зарур аст: марҳилаи барқарорсозии саноати аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ бозмонда бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва талаботи ҷомеаи муосир ва марҳилаи эҳёи корхонаҳои саноатии мувофиқ ба талаботи истеъмоливу истеҳсолии имрӯзи ҷомеаи мо.
Ҷанбаи дигари бомуваффақият амалишавии ин ҳадаф дар он аст, ки мутахассисони гуногуни  соҳаҳои саноати кишвар дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳо тайёр карда шаванд. 
Ҳадафи дигаре, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз манфиатҳои миллии мо пуштибонӣ мекунад, ин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» мебошад. Дар Паём омадааст: «Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто, мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем». Ин ташаббуси Тоҷикистон мамлакати моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозад ва ин барои боло рафтани эътибори сиёсӣ ва ҳам барои рушди содироти маҳсулоти ватанӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамкорӣ бо олимону коршиносони хориҷӣ яке аз самтҳои зарурии густариши робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, омӯзишу истифодаи таҷрибаи пешрафта, дар рушди иқтисоди миллӣ нақши вижа дошта метавонад. Дар ин самт Пешвои миллат супориш доданд: «Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти паёмадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронда, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намоянд».
Ҳамзамон, бо истифода аз донишу таҷрибаи пешрафтаи илмии ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва ҳамкории муштарак бо донишгоҳҳою пажӯҳишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ бояд лоиҳаҳои илмиеро таҳия ва амалӣ намоем, ки манфиати муштараки ҷонибҳоро ифода карда тавонанд ва аз ин имкониятҳо истифода карда, илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Ба гуфтаи Пешвои миллат: «Ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад». Татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об барои ҳалли мушкилоти глобалии минтақа ва ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об, яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.
Дар ҳамин ҳол вазъи кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо, тадбирҳо амалӣ карда шаванд.
Ҷанбаи дигари ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки алҳол самти афзалиятноки сиёсати давлати мо қарор гирифтааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани соҳа имтиёзҳои зиёд роҳандозӣ намудааст. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола, ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад. Ҳамчунин, барои осон кардани рафтуомади ҳамватанони бурунмарзӣ - зодагони Тоҷикистон ба онҳо раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад.
Имкониятҳои зикргардида сиёсати хориҷии кишварамонро тақвият бахшида, ҷалби сайёҳонро ба кишвар бештар мекунанд.
Самти хеле муҳиму стратегии робитаҳои хориҷии кишвар ҳамгироии минтақавӣ ва суботу оромӣ дар минтақа мебошад. Яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати мо тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ба таъкиди Сарвари давлат, амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон бастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад.
«Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсию дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд. Мо робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳем дод», - зикр гардид дар Паём.
Тоҷикистон торафт бештар макони гуфтугӯҳои мусолиматомези фарҳангҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ қарор мегирад ва шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил меёбад. Танҳо соли гузашта дар Душанбе чорабиниҳои зиёд ва муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он, доир гардиданд.
Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста густариш меёбанд. Донистану кор гирифтан аз ҷанбаҳои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём зикр гардиданд, барои шинохти бештар ва корбарии дурусти нуктаҳои он дар фаъолияти амалии сиёсати хориҷии кишвар мусоидат менамояд.

Ёрмаҳмад НИЁЗӢ,
директори Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2020    №: 26    Мутолиа карданд: 551
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед