logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. ГАНҶЕ ДАР ДОМАНАИ КӮҲ

- Сангвор яке аз ноҳияҳои зебоманзари кӯҳистони кишвар буда, аз ҷиҳати табиати афсункор - чашмаҳои зулол, кӯҳҳои сарсабз аз арчазор ва  олами ҳайвоноту набототи бою рангинаш нодир мебошад. Дар қаъри кӯҳҳои сар ба гардуни он ганҷҳои ниҳоне маҳфуз буда, дар дарёҳои софу зулол аҳолӣ аз қадим ба заршӯйӣ машғул буданд. Мардуми водӣ табиатан меҳнатдӯст  ва меҳмоннавоз буда, имрӯзҳо баҳри ободии ин гӯшаи зебои кӯҳистон заҳмат мекашанд, - гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат.
Имрӯзҳо дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Сангвор баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд, аҳлона даст ба коранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуд. Бунёди  102 иншоот пешбинӣ гардидааст. Бо ҷалби соҳибкорону аҳолӣ то имрӯз сохтмони 50 иншоот ба итмом расида, бунёди 52 иншоот идома дорад.
Ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатӣ, биноҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои маориф ва КДАМ, 3 маркази савдову хизматрасонӣ, варзишгоҳ ба  истифода дода шуданд.
Дар соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 185,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 147,3 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 29,5 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 6,8 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 1,9 миллион сомонӣ  ба соҳаи саноат рост меояд.
Заҳматкашон 5 ҳазору 571 тонна ғалладона, 1 ҳазору 654 тонна сабзавот ва 18 ҳазору 606 тонна картошка, 1790 тонна гӯшт, 9955 тонна шир, 2,3 миллион дона тухм ва 309 тонна асал истеҳсол карданд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди ноҳия 29,4 ҳазор сар чорвои калон, 60,7 ҳазор сар чорвои хурд, 571 сар асп, 440 ҳазор сар паранда ва 12,9 ҳазор  оилаи занбӯри асал  парвариш меёбанд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 450 «Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар солҳои 2016-2019 зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, 23 га замин аз худ  ва ҳолати мелиоративии зиёда 200 га беҳтар гардонда шуд.
Сангвор имкониятҳои фаровони рушди сайёҳиро доро мебошад. Филиали Парки миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дорои 306,6 ҳазор га майдон буда, шароити хуб барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дорад. Дар боғи мазкур сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва фарҳангӣ фаъол аст. 
Ноҳияи Сангвор минтақаи аз лиҳози экологӣ мураккаб мебошад. Дар ин ҷо сари ҳар вақт омадани ярч, сел ва дигар фалокатҳои экологӣ аз эҳтимол дур нест. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №506 “Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2020” 12 оилаи муҳоҷири экологӣ дар минтақаҳои бехавф бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид. 
Тибқи маълумоти Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия 126 хоҷагӣ дар минтақаҳои хавфнок  истиқомат дорад, ки ин хеле ташвишовар мебошад. Дар давоми  соли 2019 20 офати табиӣ расман ба қайд гирифта шуда,  маблағи зарар 1,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи  маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 мутахассиси ҷавон барои кор ба ноҳия фиристода шуд. 23 нафар (17 нафар тариқи квота) ба шуъбаи маориф ҳозир гашта, бо кор таъмин гардид.
Вобаста ба иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар давоми ду соли охир 128 компютер харид шуд.  Дар  38 муассисаи таълимии миёнаи асосӣ 393 компютер, 111 принтер, 16 тахтаи электронӣ ва 21 видеопроектор мавҷуд буда, ба 13 нафар хонанда як компютер рост меояд. Айни замон 24 муассисаи таълимӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Литсейи касбӣ-техникии ноҳия аз рӯи касбу ихтисосҳои ронандаи трактор, ҳисобчӣ, дӯзанда, занбӯрпарвар ва кафшергари барқӣ мутахассисонро тайёр мекунад.
Ҳунари дӯзандагии касбомӯзони муассисаи мазкур дар Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар беҳтар аз зар” дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуда, соҳиби дипломи дараҷаи 3-юми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гардид.
Дар назди хонаҳои фарҳанги Тавилдара ва Сангвор маҳфили «Ҳаваскорон» ташкил шудааст, ки дар он ҷавонон ва наврасоне, ки истеъдод ва шавқу ҳавас нисбат ба ин пеша доранд, ҷалб шудаанд. Дар 7 китобхонаи давлатӣ - оммавии бахши фарҳанг 7 нафар китобдор фаъолият дорад. Захираи китоби китобхонаҳо 20744  нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин 19799 нусха бо забони тоҷикӣ ва  975 нусха бо забони русӣ буда, фонди гардиши китоб ба 1160 адад мерасад.
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” як қатор корҳоро ба сомон расондааст. Дар  соли рафта  429 тӯйи  домодию   арӯсӣ баргузор гашт.  Ҳамаи ҷашну маросим дар асоси талаботи қонуни  мазкур   доир  гардида, ягон  қонуншиканӣ  ба амал наомад.
Дар давоми соли 2019 оилаҳои ниёзманд, маъюбону бепарасторон, ятимони кулл, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва қисми низомӣ ба маблағи 386 ҳазору 650 сомонӣ ёрии пулию маводи ғизоӣ гирифтанд.
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ходимони дин ба маблағи зиёда аз 15000 сомонӣ 5 компютер харид намуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия тақдим намуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва мардуми шарафманд баҳри амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-ро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар соли 2020 дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатиашон ироа гардидаанд, тамоми неруи созандаи худро баҳри пояндагии давлат равона месозанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2020    №: 26    Мутолиа карданд: 111
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед