logo

иҷтимоиёт

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ меваи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҳз бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат соли 1996 аз нав эҳё гардид. Дар тӯли 23 сол ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Дар ин муддат Пешвои миллат панҷ маротиба  бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварданд. Ҳар боре, ки Сарвари давлат  ба ин ноҳияи дурдасттарин қадами мубораки худро гузоштанд, он  боз ҳам ободу зебо гардиду рушду тараққии бештар ёфт.
20 августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи марказии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. Он дорои 4 шуъба (ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози дохила, кӯдакона) мебошад. Дар беморхона ҳуҷраи хатнаи дорои таҷҳизоти муосир ба кор оғоз намуд. Дар муассисаи мазкур 22 нафар бо ҷои кор таъмин гардид. Дар деҳаи Роғи деҳоти Лангар низ бо иштироки Пешвои миллат шуъбаи беморхонаи марказӣ (дорои 15 кати муолиҷавӣ) ба истифода дода шуда, ба беморхона як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ тақдим гардид.
Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи аграрӣ буда, шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 346213,2 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 9 миллиону 903,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соли сипаришуда кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 80656 тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 7066 тонна зиёд аст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016  - 2020 аз 198 лоиҳа иборат буда, маблағи он 164155,4 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағҳои пешбинигардида  дар чор соли охир 144 миллиону 533,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тайи як сол дар маркази ноҳия - шаҳраки  Меҳрон сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурии суд, шуъбаҳои КДАМ, ВКД, идораи сӯхторхомӯшкунӣ, филиали БДА ҶТ «Амонатбонк», беморхонаи марказии ноҳия, иншооти майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар маркази ноҳия, деҳаҳои Дашт, Эсизи Поён идома дошта, сохтмони варзишгоҳ барои 3000 ҷои нишаст дар маркази ноҳия дар арафаи анҷомёбист.
Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони хати оби полизӣ дар деҳаҳои Ронҷ, Имбеф, Андарвашт ва Ғувинд ба масофаи 5,8 километр бо маблағи 10211 ҳазор сомонӣ пурра ба итмом расонда шуд.
Марҳилаи дуюми кашидани хати оби полизии Дашти Фалахмон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 642 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд ва акнун 240 гектар замини бекорхобидаи дашти мазкур ба гардиши кишоварзӣ ворид мешавад. Дар деҳаи Ғузн аз ҳисоби маблағҳои Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон (АКТЕД) ба маблағи 221,7 ҳазор сомонӣ хати оби нӯшиданӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар мавзеи Аълами Оламиён аз тарафи соҳибкор Фаррух Амонов  сохтмони пул аз болои дарёи Зарафшон идома дорад. Дар деҳаи Табушн бо маблағгузории БР СММ сохтмони бунгоҳи тиббӣ пурра ба итмом расида, он бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гардид. 
Дарозии умумии роҳҳои ноҳия 300 километрро ташкил медиҳад. Айни ҳол 71 километр роҳҳои  дорои аҳамияти маҳаллӣ таъмирталабанд. Инчунин, аз 18 пули мошингузари ноҳия 10 пул дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Моҳи июн роҳи асосии ноҳия баҳри пайваст намудан бо роҳи ағбаи Оббурдон - Овчӣ дар масофаи 19 километр тахту ҳамвор ва васеъ карда шуд. Дар километри 6-уми роҳи асосии ноҳия ба масофаи 350 метр роҳи нав сохта шуд. Дар соли 2020 мувофиқи  пешниҳодҳо 30 километр роҳҳои ноҳия - аз деҳаи Оббурдон то деҳаи Ревомутк ба гурӯҳи роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ворид карда шуданд.
Як мушкилоти асосии ноҳия пайваст набудани 14 деҳаи деҳоти Лангар ба хати баландшиддати барқ буд, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд лоиҳаи он ба маблағи 17 миллион сомонӣ омода шуда, барои амалӣ гардидан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК “Барқи Тоҷик” пешниҳод шуд. Боиси хушнудист, ки он ҳамчун лоиҳаи афзалиятнок дастгирӣ ёфт ва бунёди марҳилаи якуми он ба масофаи 15 километр ва бо фарогирии се деҳа аз тарафи паймонкор ҶДММ “Зулол  - 112”оғоз гардид. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар деҳаҳои Деҳманора, Дашти Миёна ва Пакшиф идома дошта, марҳилаи аввали лоиҳа дар семоҳаи аввали соли 2020 ба истифода дода мешавад. Сохтмони марҳилаи дуюми лоиҳа давоми соли 2020 оғоз мегардад. Дар маҷмӯъ, сохтмони иншооти мазкур то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонда мешавад. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия талош дорад, ки минбаъд низ татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазифаи аввалиндараҷа қарор дода,  дар пайи меҳнати содиқонаи заҳматкашони ноҳия таъмини нақшаҳои истеҳсолии хоҷагидорӣ, рушду шукуфоии диёр ва истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳадафи асосии фаъолият қарор диҳад.       

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2020    №: 27    Мутолиа карданд: 470
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед