logo

номаҳо

Мавҷпаҳнкунак боиси нороҳатии мо мегардад

Саргардониҳои ман аз 9 феврали соли гузашта оғоз ёфт ва то ба ҳол идома дорад. Яъне хостаам бароварда нашуд. Зарур шуморидам, ки ба гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» бинависам. Сухан дар бораи ҷойгиршавии дастгоҳи мавҷпаҳнкунандаи ҶСП «Сомонком» дар мавзеи истиқоматии шаҳрванд Робия Мараҷабова, ки дар ҳамсоягии мо аст, меравад. Мавҷудияти ин мавҷпаҳнкунак хилофи моддаи 21, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи мазкури кодекс истифодабарандагон ӯҳдадоранд, ки заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда, яъне чун манзили истиқоматӣ, кор фармоянд, на ҷой додани мавҷпаҳнкунаки  ширкати номбурда. Ба ҷуз ин садои баланди генератори барқдиҳандаи он боиси нороҳатии мо мегардад. Ва ҳам ба вуҷуд омадани майдони магнитӣ ба пайдо шудани баъзе бемориҳо сабаб мешавад.
Мақсади мо ин аст, ки мавҷпаҳнкунаки мазкурро дуртар насб намоянд. Умед мебандем, ки арзи моро дар мақомоти болоии дахлдор мешунаванд ва масъала ҳалли дурусти худро меёбад, яъне роҳбарияти ширкати «Сомонком» оид ба кӯчондани дастгоҳи мавҷпаҳнкунанда чораи таъҷилӣ меандешад.

Ҳаким ҲАКИМОВ,
 маҳаллаи Қалъаи Кӯҳнаи Ҷамоати деҳоти
Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 482

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед