logo

сиёсат

ПАЁМ. ВАҚТЕ НЕРУҲОИ МУХТАЛИФ БО ҲАМ ДАР НАБАРДАНД...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ  ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи  дурахшон мебошад. Паёми нав, аз рӯйи ҳисобҳо, зиёда аз 65 мавзӯи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи табиат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тақвияти неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ, беҳбудии вазъи бозори меҳнат, ислоҳоти соҳаи об, нақлиёту коммуникатсия, масъалаҳои демографӣ, таҳлили низоми бонкии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, ҷалби сармоя, таҳлили низоми энергетикии кишвар, рушди соҳибкорӣ, ҷавонон, терроризм, экстремизм, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, қазияи Афғонистон, таҳлили вазъи минтақавӣ ва байналмилалӣ,  таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бисёр масъалаҳои дигари муҳими рушди Тоҷикистонро дар бар гирифтааст.
Пешвои миллат ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Алҳол авзои  ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст. Зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд.
 Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудаанд. Терроризм ҷинояти сахту хавфнок аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон, гӯё ҷавобгӯйи  аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесуботу хароб мешаванд. Қишре аз мардумро дар муқобили қишри дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронда, ҳатто  давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд. Дасисаҳо ва дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём бисёр дурандешона таъкид намуданд: “Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”.
Дар ҳақиқат, тарбияи дурусти ҷавонон муҳимтарин воситаи пешгирии шомилшавии онҳо ба равия, гурӯҳ ва ҳаракатҳои номатлуб, ҳамчунин, шукуфоии ояндаи мамлакат аст.
Пешвои миллат дар Паём вазъи муқовиматбори  Афғонистонро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Дар ҳақиқат, ба таъкиди Сарвари давлат: “Суботу оромии ҳамсоякишварамон – Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад”.
Афғонистон аз солҳои 70 - уми асри гузашта ба майдони муборизаи на танҳо қувваҳои моҷароҷӯи  дохилӣ, балки абарқудратҳои ҷаҳону минтақа ва ҳоло ба пойгоҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Сабаби мушкилоти Афғонистон ақибмондагии иқтисодӣ, фарҳанги қабилавӣ, ҳузури созмону ташкилот ва неруҳои террористию  экстремистӣ мебошад. Дар ин замина  мамлакат босуръат ошӯбзада гардида, вазъи иҷтимоӣ ва сиёсӣ бо хушунатҳо, зиддиятҳо ва тазодҳои сиёсӣ, идеологӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Дар ин сарзамин  неруҳои мухталиф бо ҳам дар набарданд. Ҷанг ҳар чи рӯшантар хосияти қавмӣ, фаъолияти террористӣ ангезаи сиёсӣ, мазҳабӣ, ва идеологӣ пайдо карда истодааст. Имрӯзҳо вазъи сиёсию ҳарбӣ дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, тадриҷан  тезу тунд  мегардад. Чунин вазъи муқовиматбор хатарзо буда,  боиси нигаронии мардуми Осиёи Марказӣ шудааст. Раванди шаклгирии неруҳои гуногуни ифротӣ дар Афғонистон гувоҳи он аст, ки солҳои минбаъда низ буҳрони вазъ дар ин кишвар дар сархати рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.
Ибтидо ва интиҳои ҳама гуна тамаддун ва фарҳанги миллӣ забон аст. Таърихи инсоният бисёр халқу миллатҳоеро медонад, ки бо гузашти вақт забони модарии худро гум карда ё таркиби луғавӣ ва сохти сарфу наҳви онро ба ҳадди шинохтанашаванда тағйир дода, дар натиҷа аз мероси таърихию фарҳангии хеш маҳрум шудаанд.
Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти наҷиби Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо намуд. Дар Паёми навин Сарвари давлат ба масъалаи рушду такомули забон дахл намуда, таъкид карданд: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос  мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи  ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”. Пешвои миллат бо ҳам алоқаманд будани омӯзиши забонҳои модарию хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳо ва мутолиаи китобро дар Паём махсус таъкид намуданд. Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”– ро васеъ ба роҳ монанд.
Хулоса, бо итминон гуфта метавонем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва таъмини амнияту субот дар Ватани азизамон ба сифати як раҳнамо ва дастури муътамад хизмат хоҳад кард.

Зубайдулло ДАВЛАТЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи
сардори раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2020    №: 28    Мутолиа карданд: 592
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед