logo

Хабарҳо

“АМОНАТБОНК” – ЯКЕ АЗ АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ БЕҲТАРИН

Ба санаи 31 декабри соли 2019 дороиҳои бонк маблағи 4, 2 миллиард сомониро ташкил дод. Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронда шуданд. Сармояи бонк 8,1 дарсад афзуда, ба 428, 8 миллион сомонӣ расид. Даромади соф  дар ин давра 42 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли  2018 - ум 16, 2 дарсад  зиёд  мебошад. Бонк 80, 6 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба Буҷети  давлатӣ пардохт, ки нисбат ба соли 2018 - ум 28, 6 миллион сомонӣ беш аст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.
 Зикр гашт, ки соли 2019 “Амонатбонк” дар асоси қарори ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №8,  яке аз андозсупорандаи беҳтарин интихоб шуд. 
Бонк дар якҷоягӣ бо Кумитаи андоз бо истифода аз кортҳои пардохтии “Амонатбонк” қабули маблағҳои андозҳоро ба таври ғайринақдӣ роҳандозӣ намудааст.
Айни замон, “Амонатбонк” бо Бонки миллии равобити хориҷии Ӯзбекистон ва “Узпромстройбонк” шартномаи ҳамкориро ба маблағи 43 миллион доллари ИМА ба имзо расонда, дар фурсатҳои наздиктарин лоиҳаи Созишномаи қарзӣ бо Бонки давлатии рушди Хитой дар ҳаҷми 60 миллион юан ва 10 миллион доллари ИМА ба имзо хоҳад расид.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо пешниҳодшаванда 2 банди фоизӣ пасттар карда шуда, аз 20 дарсад  ба 18 дарсади солона расонда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ  ба аҳолӣ ва сайёҳон 12 хазинаи шабонарӯзӣ  хизмат мерасонад.
Бо мақсади бевосита аз ҷониби раиси раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он  бемамоният истифода баранд. Маркази тамос низ, дар дастгоҳи марказии бонк таъсис дода шудааст, ки  муштариён метавонанд бо рақами “1885” барои ҳалли мушкилоти худ ба бонк муроҷиат намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 392
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед