logo

Хабарҳо

БМТ. ҲАМКОРИҲО БО БОНКҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

- Бонки миллӣ соли 2019 сиёсати самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, танзими  ҳаҷми  пул  дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд, - гуфт зимни нишасти матбуоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси бонк.
Зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 77, 4 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он 7, 5 дарсадро ташкил дод. Меъёри бозтамвил, тадриҷан, аз 14, 75 то 12, 25 дарсади солона паст шуд.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 дар ҷумҳурӣ 75 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 16 бонк, 1 бонки исломӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд, 328 филиал ва 1500 маркази хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, фаъолият доштанд. Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 22, 0 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,7 дарсад беш мебошад.
Бонки миллӣ бо мақсади рушди низоми бонкӣ ҳамкориҳоро бо Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки давлатии рушди Хитой, Бонки рушди АвруОсиё, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷ тақвият бахшид.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш, дар соли гузашта бонкҳои кишвар 114,1 миллион доллари ИМА қарз ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 32,0 дарсад аст.
Муҳаммадзоиршо  ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 648
08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед