logo

энергетика

МУРҒОБ. НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ БА КОР МЕДАРОЯД

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моҳи сентябри соли 2018) ширкати “Помир энержи” – ро муваззаф намуданд, ки вобаста ба камчинии захираҳои обӣ дар  минтақаҳои алоҳидаи ВМКБ, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, сохтмони неругоҳҳои барқии бо дигар манбаъҳо фаъолшавандаро ба роҳ монад.
Ба гуфтаи Амрихон Раҳимов, директори департаменти тавлиди  барқи ширкат, супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, дар ин самт нақшаи чорабиниҳои  мушаххас рӯи кор оварда шуд. Мувофиқи нақшаи “Помир энержи”,   аллакай, моҳи майи соли равон дар маркази ноҳияи Мурғоб неругоҳи  барқи офтобӣ фаъол мегардад, ки он метавонад дар як шабонарӯз  200 кВт - соат қувваи барқ тавлид намояд. Айни ҳол ин беҳтарин  натиҷа дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Амрихон Раҳимов зикр кард, ки рӯзҳои наздик корҳои омодагӣ ба насби  таҷҳизоти зарурии неругоҳ, тахту ҳамворкунии майдони сохтмони  иншоот ва бетонрезии зерпояҳо анҷом дода мешаванд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодасозии тамоми  таҷҳизот  барои фаъолгардонии неругоҳи офтобӣ идома доранд. Бо  ин мақсад, ширкати “Помир энержи” аз ширкати машҳури “Тетра  Тех” (ИМА) мутахассиси варзидаро чун мушовир даъват  кардааст.
Бо анҷоми корҳои тахту ҳамворкунии майдони иншоот барои   насби таҷҳизоти зарурӣ дар маркази ноҳияи Мурғоб моҳи апрел насбу васли онҳо оғоз меёбад. Моҳи май  маросими ифтитоҳи неругоҳи офтобӣ дар шаҳраки Мурғоб дар назар аст.
Бо ба кор пардохтани неругоҳ таъминоти барқ дар ин ноҳияи баландкӯҳи  кишвар, ки барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ҷиҳати захираи ками об имконияти маҳдуд дорад, бамаротиб беҳтар мегардад. Дар оянда чунин неругоҳҳо дар минтақаҳои дигари Мурғоб низ бунёд мешаванд. Мутахассисони ширкат бар он назаранд, ки дар шароити   Мурғоб, ки деҳаҳои он аз ҳам то 200 км дурӣ ва аҳолии кам доранд, бунёди неругоҳҳои офтобӣ мувафиқ ва самарабахш мебошад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2020    №: 30    Мутолиа карданд: 3193
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед