logo

иҷтимоиёт

РӮШОН. РОҲ БА САРЕЗ

Сардори муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулаёз Рамазонов бо ифтихор  гуфт, ки  тавассути дастгириҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони  соҳибистиқлолии кишвар  на танҳо дар шаҳри Хоруғ, балки дар ноҳияҳо ва  водиҳои баландкӯҳи Вахё, Ванҷи Боло, Язгулом, Бартанг, Ғунд, Шоҳдара, Ғорону Вахон ва Помири шарқӣ  корҳои зиёди ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъат гирифтанд. Дар  Бадахшон, ин сарзамини зебо ва пурасрор, садҳо километр роҳу даҳҳо пулҳои нақлиётиву пиёдагузар  сохта  шуданд.  Шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ- Мурғоб – Қулма - ин бунёдкории азими асри навин мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ  бахшид.  Ҳамзамон, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон боз садҳо километр роҳ ва 18  пули нақлиётӣ  дар деҳоти водиҳои дурдаст ва баландкӯҳ  сохта мешаванд.

Яке аз минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳ Бартанг ба ҳисоб меравад.  Тайи қариб ҳаштод сол роҳи мошингузар танҳо то деҳоти Бартанг ва Басид мерасид.  Мардуми  деҳаҳои Рошорв, Савноб,  Нисур, Рухч, Барчидид, Пасору Ғӯдара то домони кӯли овозадори  Сарез маҷбур буданд, ки бо азобе нақлиёт пайдо карда, тариқи роҳи дуру дарози Рӯшон-Хоруғ-Мурғоб, ки фосилааш аз панҷсад километр зиёдтар аст,  ба макони истиқоматиашон рафта бирасанд.
- Боиси сарфарозии сокинони вилоят аст, ки - гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев,- дар  сафарҳои кории худ ба Бадахшон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водиҳои баландкӯҳу дурдасти Вахё, Ванҷи Боло, Язгулом, Ғунд, Аличуру Булункӯл, Ғорон ва Вахону Бартанг ташриф оварданд. Роҳбари давлат   баҳри аз миён бардоштани мушкилоти  деҳнишинон ободии минтақаҳои  баландкӯҳ ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас  доданд. Дар асоси  чунин ҳидоятҳои  Президенти мамлакат   даҳ  сол муқаддам қарори  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии водии Бартанг қабул гардид. Яке аз талаботи қарор бунёди роҳи нақлиётӣ аз деҳаи Басид то маркази  Ҷамоати деҳоти Савноб буд. Бо ин мақсад, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо намуд, азнавсозӣ ва   таҷдиди роҳи қариб 150 километраи Вомар -  Савноб - Ғӯдара  ва  чор пули мошингузар аз болои дарёи Бартанг ва дигар рӯдҳо  ба ҷо оварда шуд. Бо дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон Вазорати нақлиёти  ҷумҳурӣ ин роҳи баландкӯҳро ба ҳисоби роҳҳои ҷумҳуриявӣ ворид намуд. Ҳамчунин, ду сол  муқаддам  муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои  автомобилгарди Бартанг низ ба фаъолият пардохт, ки  дар ҳаёти сокинони водии саросар кӯҳсор воқеаи  хурсандибахш гардид.
Дар даврони истиқлолият бо дастури Пешвои муаззами  миллат роҳи нави мошингарди Ҳиҷез - Равмед бунёд гашт, акнун нақлиёт тамоми чор фасли сол аз ин роҳ ҳаракат мекунад.  Мутаассифона, ҳоло аз деҳаи  Барчидид то кӯли Сарез дар масофаи 22 километр танҳо роҳи пиёдагузар аст.
Пешвои миллат дар яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Рӯшон зимни  суханронӣ миёни мардуми Рӯшон, дар қасри навбунёди  фарҳанг гуфтанд, ки сохтмони  роҳи  қитъаи Барчидид - Сарез дар оянда оғоз мегардад ва водии Бартанг ба макони сайру сайёҳӣ табдил меёбад. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Вазорати нақлиёт лоиҳаи сохтмони  роҳи мошингард аз мавзеи  Барчидид то кӯли Сарез таҳия гардид ва    маблағи зарурӣ низ ҷудо шуд. Бунёди роҳ ба  соҳилҳои кӯли овозадори Сарез оғоз ёфт. Роҳсозон тасмим гирифтаанд, ки ин қитъаи роҳро то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор диҳанд,- бо ифтихор  изҳор намуд раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев.
- Сокинони деҳоти Сипонҷ, Басид ва Савноби водии Бартанг аз он   изҳори сипос менамоянд, ки Пешвои миллат дар ҳамаи  сафарҳои  корӣ ба ноҳияи Рӯшон, пеш аз ҳама, ба вазъи зиндагии  мардуми ин водии баландкӯҳ мароқи зиёд зоҳир менамоянд. Бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз деҳаи Басид то рустои Ғӯдара роҳи мошин  ва пулҳо таъмир, неругоҳҳои хурди барқи обӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта шуданд. Дигаргуниҳои зиёд  ба деҳоти соҳилҳои рӯди Бартанг ҳусну таровати  нав бахшиданд, - гуфт дар анҷоми суҳбат раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев.                                    
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи  ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2020    №: 31    Мутолиа карданд: 103
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед