logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ШУКУФОНТАР МЕШАВАД

Дар партави сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2019 корҳои ободонӣ ва бунёдкории зиёде анҷом дода шуда, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоиёту маънавиёт тозакориҳо ба вуқӯъ пайвастанд, - иброз дошт Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, раиси ноҳияи Тоҷикобод.
Муҳимтарин воқеа сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод буд, ки 25 июни соли 2019 ба вуқӯъ омад. Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо вазъи иқтисодӣ- иҷтимоии ноҳия шинос гардида, як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла бинои маъмурии дуошёна барои кормандони шабакаи барқ, майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Ба шарофати қадами мубораки Сарвари олиқадр дар тараққиёти минбаъдаи ноҳия саҳифаи тоза боз гардид.  Яке аз иқдомҳои олиҳимматонаи Пешвои миллат ҷудо намудани 76 квотаи иловагӣ барои ҷавонони ноҳия, махсусан духтарон буд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлат баҳри маърифатноку соҳибкасб шудани духтарони кӯҳистон  шаҳодат медиҳад.
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вазифаҳои мушаххас гузошт. Ин ҳуҷҷати роҳнамо имрӯзҳо дастури фаъолияти мардум қарор гирифтааст. Ин шабу рӯз муҳимтарин вазифа аз он иборат аст, ки дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони ноҳиявӣ ва ҷамоатҳо муташаккилона иштирок намуда, ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз диҳанд. Ба  комиссияи ноҳиявии интихобот ва дигар ниҳодҳои дахлдор масъулияте вогузор шудааст, ки барои ташкили интихоботи шаффоф, демократӣ бидуни қонуншиканӣ чораҷӯӣ намоянд.                         
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ идома дошта, дар давоми  яку ним сол дар ҳудуди ноҳия бояд 69 иншооти  ҷашнӣ сохта ба истифода дода шавад.
Дар соли 2018 бо маблағгузории шарикони рушд сохтмони се иншооти ҷашнӣ: бинои кӯдакистони “Парасту” барои 120 тарбиятгиранда ба маблағи 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, бинои се синфхонаи технологӣ - касбомӯзӣ дар назди муассисаи таълимии № 17, деҳаи Мазори Поён, бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ анҷом ёфт.
Дар соли 2019 корҳои сохтмонӣ дар 27 иншоот, аз ҷумла 2  майдончаи варзиш ва бинои дуошёнаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба анҷом расонда шудааст. Дар иншооти боқӣ корҳои ҳуҷҷатгузорию сертификаткунонӣ идома доранд.
Яке аз иншооти муҳим сохтмони қасри фарҳанг мебошад, ки бо маблағгузории  Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  дар арафаи анҷомёбист. Барои чароғон ва мумфарш кардани кӯчаҳои марказӣ 3 миллиону 353 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Азнавсозии бинои муассисаи таълимии № 10 бо маблағи 1 миллион сомонӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Мутаассифона, кашидани хати оби нӯшокӣ ба маркази ноҳия аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва  Вазорати молия, инчунин,  бунёди коргоҳи истеҳсоли макарон аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои шуъбаи маориф, муассисаи таълимии №1 аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳанӯз оғоз нагардидааст, қисми дуюми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 ва азнавсозии муассисаи таълимии № 10 тӯл мекашанд. 
Барои бехатарии роҳҳои нақлиётгард дар фасли зимистон муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо 8 механизми роҳсозӣ ва 2 нақлиёти автомобилӣ сафарбар кардааст. Тариқи ҳашар 16 километр роҳ таъмиру шағалпӯш шуд.
Дар ноҳия 43 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи компютерӣ, як муассисаи томактабӣ, як литсейи касбии техникӣ  фаъолият намуда, дар онҳо 549 омӯзгор ба 10054 хонанда дарс меомӯзонад. Муассисаҳои таълимӣ бо 320 компютер ва 46 принтер таъмин мебошанд.
20 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 2 хонаи маданияти деҳотӣ, 2 клуб, 14 китобхона  бо фонди умумии 36 539  нусха китоб, осорхона, ансамбли тарона ва рақс ба аҳолӣ хизмат мерасонад.
Яке аз дастоварди соҳаи тандурустӣ дар соли 2019  бунёд гардидани бинои дуошёнаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ мебошад, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ноҳияҳои водии Рашт имсол сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия оғоз меёбад.
Ноҳияи Тоҷикобод диёри хушманзар буда, бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалак, чашмаю рӯдҳои шифобахш ва гиёҳҳои дармонбахш барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои фаровон дорад.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи рушди туризм  нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он бо мақсади омӯзиши мавзеъҳои сайёҳӣ   ва муаррифии бештари он тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд.
Бахши меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар соли сипаришуда  1550 нафарро бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин кард, 145 бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 160 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардид. Инчунин, ба 69 нафар 117 ҳазору 300 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.
Мардуми шарафманди ноҳияи Тоҷикобод баҳри амалӣ намудани   дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон  ба Маҷлиси Олӣ  баён гардидаанд, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ якдилона камари ҳиммат бастаанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 152
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед