logo

иҷтимоиёт

ДОНИШ ВА ҲУНАР. ОМИЛҲОЕ, КИ ҶОМЕА МЕСОЗАНД

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба масъалаи фаро гирифтани қишрҳои гуногуни ҷомеа, хоса ҷавонон, ба омӯзиши касбу ҳунар дахл намуда, сохторҳои марбутаи  кишварро муваззаф карданд, ки фаъолияти худро дар ин ҷода боз ҳам тақвият бахшанд.
Воқеан, ҷомеа дар ҳоле пешрафта мегардад, ки ҳар як шаҳрванд дорои касбу ҳунар бошаду тавассути меҳнати софдилона ба миллати хеш хизмат кунад ва баҳри гулгулшукуфии Ватани маҳбубаш тамоми маҳораташро равона созад.
Дар иртибот ба ин, Қобилҷон Файзализода сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки ниҳод баҳри татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, соли гузашта аз 38 ҳазору 894 бекори ба раёсат муроҷиатнамуда, 24 ҳазору 978 нафараш бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бештар мебошад. Илова бар ин, бо  мақсади ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани бекорон дар қаламрави вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони 2 ҳазору 570 корхонаву ташкилот ва муассиса 310 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуда, дар натиҷа, 4 ҳазору 158 нафар соҳиби роҳхат  ва 3 ҳазору 562 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ шуд.  Давоми соли сипаригашта 6 ҳазору 340 нафар хоҳишманд аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба омӯзиши кӯтоҳмуддат фарогир шуданд, ки 107 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
- Қатъи назар аз муваффақиятҳои соли қаблӣ, моро лозим аст, ки фаъолияти хешро дар партави Паём боз ҳам тақвият бахшида, дар мавриди ташкили ихтисосҳои зарурӣ тибқи дастуроти Роҳбари давлат тадбирҳои мушаххасу муассир андешем. То ба имӯз аз рӯйи 40 ихтисос бахшҳои омӯзишӣ роҳандозӣ гардид. Дар назар аст, ки боз на камтар аз 10 ихтисоси дигар зам гардад. Илова бар ин, роҳбарияти ташкилоту муассиса, корхонаву дигар ниҳодҳо бояд, ки бо мақсади таъминоти аҳолӣ бо ҷойи кор ва, бад-ин васила, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ  ҳамкориро тақвият бахшанд, - илова кард Қ. Файзализода.

Анвар ҲАФИЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2020    №: 33    Мутолиа карданд: 112
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед