logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2019 корхонаҳои шаҳр ба маблағи 2, 7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22 дарсад зиёд мебошад. Содироти маҳсулот ба 5, 2 миллион доллари ИМА расид.
Ӯ афзуд, ки соли сипаришуда бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр корхонаҳои муосири истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватании «Зиркон», ҷиҳозбарории «Бисот», истеҳсоли маҳсулоти заргарии «Равшан» ва корхонаи истеҳсоли асфалту бетон бо таъсиси беш аз 500 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, барои бунёди  корхонаҳои истеҳсоли семент, орд, қолин, таҷҳизоти барқӣ ва қубурҳои шишапластикӣ бо 1150 ҷои кор санги асос гузошта шуд.
- Ҳамин тавр, дар ин давра 62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷои кор ба фаъолият пардохт, ки нисбат ба соли пешӣ 40 корхона зиёд аст. Аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва баланд бардоштани зарфиятҳои мавҷуда дар корхонаю коргоҳҳои пойтахт беш аз 31 ҳазор ҷои кор таъсис ёфт, - афзуд Маҳмадсаид Зувайдзода.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 215
19.03.2020


МАСТЧОҲ. НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

18.03.2020


КОРШИНОСОН ГУРӮҲИ АЗ КОРОНАВИРУС ОСЕБПАЗИРИ ХУНРО МУАЙЯН НАМУДАНД

БА ӮЗБЕКИСТОН ТАБИБОНИ ЧИНӢ МЕОЯНД

МИШУСТИН ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМТОЁНАШ АЗ ИДМ БАРРАСӢ НАМУД

ЁРИИ БОР БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19

Ҷаҳон дар як сатр

МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ. 20 МАРТ БА ТОКИО МЕРАСАД

17.03.2020


ОЗМУНИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" ҶАМЪБАСТ ШУД

МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ

ШИФО ЁФТАНИ БЕШ АЗ 85 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ДАР ЧИН

МИШУСТИН: «РОССИЯ БАРОИ СУБОТИ ИҚТИСОДӢ ЗАХИРАИ КОФӢ ДОРАД»

ДАР НУР - СУЛТОН ПАРАД БА ИФТИХОРИ 75 - СОЛАГИИ ҒАЛАБА МАНЪ ШУД

МАҚОМОТИ ВИЖАИ ҚАЗОҚИСТОН АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИРО ПЕШГИРӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.03.2020


ВАРЗОБ. САФИ ЗАНОНИ КАСБОМӮЗ РӮ БА АФЗУДАН ДОРАД

АЗ БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТИИ УХАН ОХИРИН БЕМОРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ДАР ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНИ ШАШ КИШВАРИ ҶАҲОН ДАР КАРАНТИН МЕБОШАНД

СУТ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУСИ COVID-19-РО ЭЪЛОМ ДОШТ

СҲШ МАСОИЛИ ВОКУНИШИ ФАВРӢ БА ХУРӮҶИ БЕМОРИҲОРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

ДАР МИНСК ҶОНИБҲОИ ДАРГИР БОРИ НАХУСТ ПРОТОКОЛИ ИНТИҲОИРО БА ТАСВИБ РАСОНДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ КФО – 2020. ПИРӮЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» БАР «ХУҶАНД»

11.03.2020


 НАҚШАИ ВОКУНИШ БА ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ДАР РОБИТА БА COVID – 19 ТАҲИЯ МЕШАВАД

ДАР МАЙДОНИ «ДӮСТӢ» ТАБАҚИ СУМАНАК ҚОМАТ АФРОХТ

ОЗМОИШГОҲИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ТЕХНОЛОГӢ ГАРДИД

 ХАТЛОН. Тантанаи ҷашни миллӣ вусъат меёбад

 ХУҶАНД. Як навиди фарҳангӣ

 СИ ҶИНПИН БА ШАҲРИ УХАН ОМАД

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ДАР СОЛИ 2024 ДАР РАҚОБАТ ХОҲАД ГУЗАШТ

 ТИҶОРАТИ ТУРИЗМИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АЗ КОҲИШИ САЙЁҲОНИ ЧИНӢ €1 МИЛЛИАРД ЗАРАР ДИД

 СЕ БУҲРОНИ БОЗОРИ НАФТИ ҶАҲОНӢ ДАР 20 СОЛИ ОХИР

 РУСЛАН ТУЛЕНОВ БО «ХУНИ ПАНДА» БА ЁРИИ ЧИНИҲОИ МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС МЕОЯД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

 ВОЛЕЙБОЛ. "ҶОМИ ПОЙТАХТ" МИЁНИ БОНУВОН БА АНҶОМ РАСИД

 БОКС. МУҲАММАДХӮҶА ҲАНӮЗ ШИКАСТНОПАЗИР АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед