logo

иҷтимоиёт

КИТОБДОРИЮ КИТОБХОНӢ. ОН БОЯД МАСЪУЛИЯТ ҲАМ БОШАД

Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ дур шудан аз китобхониро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин таъкид доштанд, ки ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа дода шавад. Аслан ин масъала аз оғози фаъолияти сарварияшон дар маркази диққаташон қарор дошт ва барои баланд бардоштани маърифат ва боло бурдани сатҳу сифати таълим тамоми тадбирҳои заруриро меандешиданду амалӣ месохтанд. Акнун махсус дастур доданд, ки бо ҳисси масъулияти бузург маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳо вусъат бахшида шавад. Албатта, ин барои ояндаи дурахшони давлату миллат ва пешрафти мамлакат бисёр муҳим мебошад.
Рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор ва фоҷиабори таърихиямон ба хотири гирифтани дарси ибрат, таҷлили солгарди шахсиятҳои маъруфи сиёсиву адабӣ ва илмӣ, нашри осори мондагорашон барои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои судманд буданд, ки амалӣ шудаву мешаванд. Ҳанӯз чанд сол пештар дастур доданд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мағозаҳои китобфурӯшӣ сохта ва дар хидмати мардум қарор бигиранд. Дар андак муддат 72 мағозаи китобфурӯшӣ бунёд ёфт.
Ҳамин тавр, тамоми заминаҳо барои рушди китобдорӣ ва мутолиаи китобро дар як муддати кӯтоҳи даврони соҳибистиқлолӣ ба вуҷуд оварданд. Бунёди Китобхонаи миллӣ, ки ҷавобгӯи талаботи давр аст, намунаи олӣ дар ин самт маҳсуб мешавад. Шумораи нашриётҳо низ афзуд, ки муштариёни зиёдро барои нашри китобҳо доранд.
Бо ин ҳол ва шароит мебоист шумораи мутолиакунандагон ва дӯстдорони китоб меафзуд, аммо акси ин ҳолат ба назар расид. Сарвари давлат аз ин рӯ зарур шумурданд, ки бевосита ва ошкоро бо шарҳу тавзеҳ, муқоисаҳо масъаларо дар маркази диққати аҳли ҷомеа бигузоранду онро баррасӣ намоянд.
Зикр шуд, ки тайи солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион китобҳои бадеӣ нашр гардиданд. Мутаассифона, қисме аз онҳо дар анборҳо нигаҳдорӣ мешаванд, яъне ба гардиш ворид нашудаанд.
Пештар корхонаи махсус бо номи Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб (он замон Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб «Тоҷиккитоб») фаъолияти чашмрас дошт. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар барои таъмин ва харидории китобҳои тозанашр масъулон ба он бо дархост муроҷиат менамуданд. Яъне, фурӯши китоб нафъовар буд. Алҳол ин корхонаи худмаблағгузор, ки дар тавозуни Вазорати фарҳанг аст, бо вуҷуди тадбирандешиҳои зиёд дар таъмину фурӯши китоб мисли солҳои пешин, дақиқтараш солҳои қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ, муваффақ нест.
Сироҷиддин Икромӣ, сарвари корхонаи мазкур, зимни суҳбат изҳор дошт, ки аз оғози соли 2019 ба тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи таъмину харидории китоб нома ирсол намуданд. Қариб аз ҳамаи онҳо ба ин мазмун посух гирифтанд, ки бо пайдо шудани имконот тадбирҳои заруриро меандешанд. Аммо ба ҷуз аз раисони чанд шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Маъмурият зарур шумурд, ки нахустин бор бо корвони китоб ба баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои водии Рашт, ба назди ҳаводорони каломи бадеъ бираванд. Беш аз 570 номгӯи китоб ба маблағи  20 ҳазору 20 сомонӣ ба фурӯш рафт, вале барои пурра ба мақсуд расидан истифодаи ин усул кофӣ нест. Метавон андак нафъ аз он ба даст овард, аммо ба зарари иқтисодӣ низ мувоҷеҳ шудан мумкин аст. Пас, чӣ бояд кард? Бештари мағозаҳои китобфурӯшӣ шахсиянд ва соҳибонашон дар андешаи манфиатҳои бештаранду дар хусуси дастрасии китобҳои тозанашр нестанд. Баъзе аз ин мағозаҳо дар маркази шаҳрҳо ҳоли табоҳ доранд. Шумораи коргаронашон аз харидорони китоб бештаранд.
Аз оғози солҳои навади асри рафта қариб аксар мағозаҳои китобфурӯширо ба шаробфурӯшӣ табдил доданд. Эътирози зиёиён дар ин маврид натиҷаи мусбат ба бор намеовард. Бо ин амал хонандаву ҳаводори китобро аз мағозаҳои китобфурӯшӣ ва муҳаббат ба ин манбаи дониш дур сохтанд.
Китобхонаҳои оммавиро, хосса дар баъзе деҳот шахсӣ карданд. Китобҳои зиёдро ё сӯзонданд ва ё бо нархи бас арзон фурӯхтанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар ин самт низ таъсири бади худро гузошт. Поён рафтани сатҳи зиндагӣ дилбастагии мардумро аз китобу китобхонӣ коҳиш дод. Нуфуси аҳолӣ дар кишвар афзуд. Махсусан, барои аксар намояндагони аҳли зиё дар натиҷа манзилҳои истиқоматӣ танг шуд. Ночор китобҳоро бояд аз хонаҳо мебароварданд. Дидани ин ҳолат ва муносибат хоҳ- нохоҳ ба насли нав дар ҳеҷ ҳол таъсири нек намегузошт.
Дар сохти нави ҷамъиятӣ китобҳои нави ҷавобгӯи талаботи сиёсати давр ва нашр лозим буд. Баъзе аз китобҳо чоп мешуданд, аммо бо нархи гарон, азбаски теъдодашон зиёд набуд. Нашриётҳову матбааҳо ба хотири пойдорию  пешрафт ва ба даст овардани суд ба нашри китобҳои камарзиш аз ҷиҳати  ғоя, мазмуну мундариҷа рӯ оварданд. Нарасидани муҳаррирони касбӣ бештар эҳсос шуд. Нашри ин гуна китобҳо ва он ҳам пурғалат завқи мардум, хонандагонро коҳиш дод.
Алҳол китобхонаҳои оммавӣ беш аз 1350 ададро ташкил медиҳанд, ки ин барои 10 миллион нуфуси аҳолии кишвар басанда нест. Пештар аз ҷониби мутахассисони китобхонаҳо барои тарғиби китоб ва ҷалби хонандагон чорабиниҳои зиёди судманд баргузор мегардид. Матбуот низ дар ташвиқу тарғиби китобҳои тозанашр, фаъолияти китобхонаҳову мутахассисон фаъол буд.
Дар замони истиқлол, мутаассифона, бо кори китобхона шахсоне ҳам ҷалб гардиданд, ки маълумоти китобдорӣ надоштанд, яъне дар ин соҳа таҳсил накардаанд. Ин дар сурате аст, ки баъзе аз мутахассисони соҳа дар пайдо кардани ҷойи кор муваффақ намегарданд ва ноилоҷ касби дигарро пеша месозанд. Бешак, онҳо ё худ нафароне, ки маълумоти китобдориро надоранд, дар пешрафти соҳа саҳми дурусту назаррас гирифта наметавонанд.
Аксар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо пештар изҳор медоштанд, ки барои зиёд намудани фонди китобии китобхонаҳои оммавӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ нашудаанд. Дуруст аст, аммо чаро барои сохтмони биноҳои боҳашамат, хосса мағозаҳо, масҷидҳо сокинонашон, соҳибкоронашон маблағҳои зиёд пайдо карда метавонанд?
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ барҳақ изҳор доштанд: «Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд». Ин масъаларо дар паёмҳои дигарашон низ баррасӣ карданд. Аз чумла, дар Паёме, ки соли 2016 ироа доштанд, таъкид намуданд: «Худатон қазоват кунед, ки ҳоло дар қаламрави мамлакат дар маҷмӯъ, қариб 5400 масҷид, аз ҷумла 3 900 масҷиди расмӣ ва 1470 масҷиди ғайриқонунӣ, фаъолият мекунад.
Дар баробари ин, дар миқёси кишвар 3836 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки аз теъдоди масҷидҳо кам буда, 25 фоизи онҳо ба таъмир ниёз доранд».
Албатта, Сарвари давлат ба сохтмони масҷидҳо ва баровардани ниёзҳои динии мардум зид нестанд, аммо мехоҳанд, ки аҳли ҷомеа дар хусуси боло рафтани сатҳи илму маърифат, ҳисси ватандӯстӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ низ масъулияти бештару беҳтар эҳсос бикунанд ва дар ин самтҳо бо ҳисси дилсӯзиву масъулиятшиносӣ ба хотири ояндаи дурахшон саҳм бигиранд. Воқеан, агар ҷомеа бомаърифат набошад, ин беҳтарин дастовардҳо ва арзишҳои миллиро ҳифз кардаву тақвият дода наметавонад. Бешак, барои баровардани ниёзҳои динӣ низ нахуст маърифат бояд. Ин ҳақиқат ниёз ба исбот надорад ва дар китобҳои асосии динӣ равшану возеҳ баён шудааст.
Инак, Президенти мамлакат дастур доданд, ки дар ин ришта маблағҳои зарурӣ ҷудо шаванд. Вале истифодаи он бояд мақсаднок ва зери назорат бошад. Инчунин, нахуст бояд китобхонаҳои оммавӣ дар деҳот эҳё бишаванд. Китобхонаҳои шаҳру ноҳия таҷдиду таъмир бигарданд ва ба талаботи давр ҷавобгӯ бошанд. Дар онҳо мутахассисони соҳа фаъолият бинамоянд. Ба ин мақсад, вобаста ба ниёзи китобхонаҳо мутахассисонро дар сатҳи баланди касбӣ бояд омода созанд.
Ба яқин, пас аз ин таъкид ва дастур шумораи китобхонаҳои соҳавӣ меафзояд. Дар назди ташкилоту идораҳо китобхонаҳо таъсис меёбанд. Ин вазъ водор менамояд, ки барои мутахассисони соҳа воҳидҳои корӣ ҷудо бикунанд. Ин нигаронӣ ҳам ба вуҷуд меояд, ки китобҳои зиёд харидориву нигаҳдорӣ бишаванд, аммо хонандаашонро наёбанд. Дар ин хусус бояд тадбирҳои заруриро биандешем.
Пештар бархе иддао доштанд, ки китобҳои хонданӣ ба табъ намерасанд. Замон собит сохт, ки ин иддао асоси воқеӣ надоштааст. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар баробари ин, бо дастури мо аз соли 2007 то соли 2019-ум 38 ҷилди китоби «Ахтарони адаб» 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анборҳои нашриёт боқӣ мондааст».
Ҳамин тавр, мо дар баробари ҳамаи тадбирҳое, ки дар ин маврид меандешем, завқу муҳаббати китобхониву китобро бояд дар замири дилҳои мардум парвариш бидиҳем. Китобхониву китобдорӣ дар ин маврид бояд масъулият низ бошад.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2020    №: 34    Мутолиа карданд: 348
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед