logo

иҷтимоиёт

АДАБИЁТИ МИЛЛӢ - ВОРИСИ АСЛИИ МАЪНАВИЁТИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Тақриз ба китоби С. Ятимов “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт”

Ахиран китобе ба дастам расид, ки мутолиаи он маро ба ёди рушду тараққии илми адабиётшиносии солҳои талабагӣ ва донишҷӯиям бурд. Бояд содиқона бигӯям, мо насле ҳастем, ки пойдевори донишҳои мо дар мактаби шӯравӣ гузошта шудааст. Дар замони шӯравӣ адабиёт абзори муҳими таблиғи идеологияи ҳоким буд. Аз ин рӯ, осори адабиёти миллии халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври интихобӣ мутобиқ ба ормонҳо ва усулҳои идеологияи ҳукмрон дар муассисаҳои таълимӣ тадрис мешуд ва дар ин раванд фанни адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ иштироки бисёр фаъол ва ҷойгоҳи баланде дошт.

Аслан ин назарияпардозон буданд, ки адибонро барои эҷоди асарҳои бадеӣ самт медоданд. Табиист, ки осори тозаэҷоди адибон низ бар мабнои қоида ва усулҳои муқаррарнамудаи қудрати ҳоким нақд ва баррасӣ мешуд. Роҷеъ ба масоили адабиёт зиёд мегуфтанду менавиштанд. Ин як раванди доимӣ буд, вале пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ мафкураи ҳукмрон низ ҷой ва ҷойгоҳи худро аз даст дод. То мушаххас шудани тақдири минбаъдаи ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ чанд гоҳе халои назариявӣ ба вуҷуд омад. Замоне расид, ки муҳаққиқон бо сабабҳои гуногун роҷеъ ба ин мавзӯъ сукут ихтиёр карданд. Бо таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатҳо мушаххас ва роҳ равшан гардид ва адабиёт ба сифати ҷузъи ҷудонопазири афкори иҷтимоӣ ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард. Табиист, ки адабиёти ҳар даврон бо тақозои вазъ ва ниёзҳои маънавии ҷомеа ташаккул меёбад ва он ба назарияпардозоне ниёз дорад, ки рӯҳи замон ва ниёзҳои маънавии ҷомеаро амиқтар дарк менамоянд. Китоби С. Ятимов таҳти унвони “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт” аз зумраи ҳамин гуна пажӯҳишҳоест, ки ба масъалаҳои муҳими адабиёти муосири тоҷик дар замони нав дахл кардааст.
Муаллиф дар оғоз саъй мекунад, ки фарқи решаии адабиётро бо илм баён намояд, навъи ҳунар ва қудрати онҳоро дар дарки олами ҳастӣ мушаххас кунад. Ба андешаи муҳаққиқ “Дар баробари илм, адабиёти бадеӣ қудрати дарки олами ҳастиро дорад. Фарқ танҳо дар метод, роҳ ва усули фаҳми воқеияти реалӣ мебошад” (саҳ.3) ва меафзояд: “Дар муқоиса бо илм, ки фаҳми он ба донишҳои тахассусӣ ниёзманд аст, адабиёт навъи санъат мебошад. Ба андеша ва дилу дидаи мардум наздик аст. Аз ӯ сарчашма мегирад. Рӯҳи ӯро тавассути нақшҳо ифода месозад” ( саҳ. 4).
Аз ин нуктаи назар адабиёт дар ҳар давраи ташаккул ва тағйири шуури ҷамъиятӣ, сохти иқтисодӣ ва муҳити иҷтимоӣ бо тақозои заруратҳои бархоста аз ниёзҳои ҷомеа сабку услубҳои нав ва равишҳои тозаи маънавиро касб мекунад. Аз аҳли назар пӯшида нест, ки пас аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон адабиёти муосири тоҷик, ки дар даврони шӯравӣ бар мабнои усули реализми сотсиалистӣ бунёд шуда буд, дучори тағйиру таҳаввулоти ҷадид гардид. Ба иборати дигар, ҳарчанд ки арзишҳои умумиинсонии адабӣ дар ҷойгоҳи худ ҳамчунон боқӣ монданд, вале усул ва ё мактаби эҷодӣ дар Тоҷикистон бо тақозои замони нав ба самти тоза тағйиру таҳаввул ёфт.  Адибони тоҷик аз маҳдудаи ҳатмии реализми сотсиалистӣ озод шуда, фазои муносибе барои эҷод пайдо карданд ва нақши адабиёт дар ҷомеа вориди марҳалаи нав гардид – инъикоси дастовардҳои даврони истиқлол ва тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва меҳандӯстӣ дар замири мардум.
Муҳаққиқ зурурати бозбинии нақши адабиётро дар ин давра чун мабҳаси нав боз намуда менависад: “Дар ин маврид бояд яқин донист, ки нақши адабиёти бадеӣ, гарчанде кӯшишҳо роҳандозӣ мегарданд, ниёз ба бозбинӣ дорад. Воқеияти зиндагӣ дар адабиёти муосир тахассусмандона бо инъикоси ҷаҳони ботинии инсон, ҳамчун “маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ" тасвир намегардад. Нависанда таҳаввулоти таърихӣ, зиддиятҳо, раванди ҳаллу фасли онҳоро тавассути нақшҳои барҷаста бояд ифода карда тавонад. Ин образҳо дар арсаи мубориза барои истиқлолияти комил ҷонфидо бошанд” (саҳ. 5).
Бинобар ин, таблиғу ташвиқи ормонҳои миллию ватандӯстӣ, мубориза барои манфиатҳои миллӣ дар чорсӯи фишорҳои идеологии хориҷӣ, муқовимату пойдорӣ дар баробари тамоюлҳои манфии ҷаҳонишавии ҷаҳони муосир бо ҳадафи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли нав дар ин рӯҳия рисолати аслии адабиёти даврони истиқлол маҳсуб мегардад. Аммо ба ақидаи нависанда, “адабиёт фақат он вақт ба мақсади хеш муваффақ мешавад, ки аз қонуният, раванд ва мафҳумҳои диалектикӣ бештар, амиқтар баҳравар гардад. Ба онҳо такя кунад. Тавассути абзори бадеӣ дар тафсири воқеият аз илм бештар истифода намояд” (саҳ. 5 - 6).
Бо назардошти аҳамияти ин мавзӯъ муҳаққиқ дар қисми якуми рисола ба масаъалаҳои адабиёт ва диалектикаи ҳаёт дахл намуда, дониши инсониро дар се зина арзёбӣ кардааст: пояи аввал таҷрибаи зиндагӣ, пояи дуюм донишҳои илмӣ - назариявӣ ва пояи сеюм амалия ва назарияи адабӣ-эстетикӣ. Ба ин тариқ, муҳаққиқ аз дидгоҳи назариявӣ наздик гаштан ба инъикоси воқеияти зиндагиро дар чаҳорчӯби ниёзҳои иҷтимоӣ мавзӯи баҳси хеш қарор медиҳад.
Дар мабҳаси “Илм ва адабиёт” муҳаққиқ нуктаҳои муштарак ва ҷудошавандаи илм ва адабиётро баррасӣ намуда, рисолати ҳардуро барои шинохт ва арзёбии ҳастӣ ҳамсон медонад. Аммо дар равиши иҷрои рисолати худ онҳо аз ҳам мутафовитанд: илм агар моҳияти масъларо орӣ аз хости шахс, дидгоҳи субъективӣ, дар шакли ҳақиқӣ ва бетарафона баён кунад, бар хилофи илм адабиёт бо “дили васеъ” ва диди васеъ ба масъалаҳо бархӯрд мекунад.
Зимни изҳори назар дар хусуси нукоти муштараки илм ва адабиёт муҳаққиқ “ба ниёзҳо ва хостаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ ҷавобгӯ будан” - ро талаботи аслӣ нисбат ба илм арзёбӣ намуда, айни ҳамин талаботро нисбат ба адабиёт лозим дониста мегӯяд: “Дар ин маврид масъулияти каломи бадеъ на камтар аз масъулияти илмӣ аст. Зеро адабиёт беҳтарин, муҳимтарин воситаи шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ-илмӣ мебошад. Тавассути таҳлили таҷрибаи инсонӣ каломи бадеӣ аз илм дида имкони бештари таъсиррасониро ба шуур дорад” (саҳ. 13).
Он чи дар андешарониҳои муҳаққиқ зимни баррасии мавзӯъ ҷолибтар ба назар мерасад, расидан ба умқи ин воқеият аст, ки каломи бадеъ нисбат ба илм имкони бештари таъсиргузориро ба шуур дорад. Вай ин итминонро ба хонанда медиҳад, ки каломи бадеъ дар маҷмӯъ ва ҳар як жанри адабӣ ба танҳоӣ қодир аст диди инсонро нисбат ба ҳодисоти олам ва муносибати ӯро нисбат ба воқеоти муҳити атроф тағйир диҳад. Бо таъкид бар аҳамияти ин масъала муҳаққиқ изҳор менамояд: “Адабиёт воситаи муассири шинохти моҳият аст. Вай метавонад, ки хонанда, махсусан ҷавононро ба тарзи таъсирбахш барои донистан, дарк кардан, осон сарфаҳм рафтан ба мушкилоти зиндагӣ водор созад. Қобилияти арҷгузории ӯро ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ бедор намояд, аз ҳама муҳим, барои муайян кардани рафторҳои иҷтимоии ӯ такони ҷиддӣ бахшад. Адабиёти ҳақиқӣ чӣ тавр ва барои кадом ормонҳо зистан ва ҷонфидоӣ карданро амалан меомӯзад ва меомӯзонад” (саҳ. 13).
Яке аз мавзӯъҳои ҳамеша қобили таваҷҷуҳи нақди адабӣ масъалаи адабиёт ва идея ба шумор меравад, ки муаллиф онро ба унвони яке аз бахшҳои ин рисола матраҳ ва баррасӣ кардааст. Бояд гуфт, ки масъалаи адабиёт ва идея дар тӯли таърихи адабиёти ҷаҳонӣ вобаста ба рӯҳи ҳар замон бозтобе хос ёфта, бо тақозои муҳитҳои адабӣ-иҷтимоӣ дар сабкҳои гуногун тағйири шаклӣ ва маънавӣ кардааст.  Масалан, дар асрҳои миёна адибон дар аксари мавридҳо идеяҳои худро тавассути тахайюли романтикӣ дар қолаби афсона ва ривоёт баён ва ҷомеаро раҳнамоӣ мекарданд. Дар садаи бист дар адабиёти замони шӯравӣ сабки реализми сотсиалистӣ роиҷ буд, ки ормонҳои бунёди ҷомеаи бесинфи коммунистиро ба муқтазои сиёсати ҳукмрон болои адабиёт таҳмил менамуд. Албатта замони нав ҳамчун давраи истиқлоли миллӣ барои адибони Тоҷикистон дар баробари  озодии баён ин вазифаро низ дар ҷодаи эҷод пеш мегузорад, тарғиби арзишҳои истиқлол, идеяи худшиносии миллӣ ва тарбияи насли меҳансозу ояндабин меҳвари аслии эҷодиёт бошад. Дар замоне, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз қайду бандҳои вобастагӣ аз бегонагон озод гардидааст, ҳанӯз таъсири идеологияи аҷнабӣ аз зеҳнҳо зудуда нашудааст. Бинобар ин, рисолати адабиёти навин тарғиб ва таҳкими идеяи истиқлол маҳсуб мешавад, ки ниёз ба адибону ҷомеаи огоҳу хештаншинос дорад.
Муҳаққиқ бар ин назар аст, ки “Таърихи инсоният – таърихи мубориза байни идеяҳо ва воситаи амалӣ гаштани он идеалҳо аст. Муайян кардани идея мансуби муассисаи масъули амният ва рушди ҷомеа – давлат мебошад” (саҳ. 15).
Муаллиф дар бахши “Диалектикаи воқеият ва диалектикаи идеяҳо” нуқтаҳои заъфи хештаншиносӣ ва истиқлоли миллиро дар илмситезӣ, маърифатгурезӣ ва бегонапарастии анъанавӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи хонандаро ба бозиҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳон бо суиистифода аз эътиқодоти мардуми мусулмон ҷалб месозад. Иллати аслӣ ва қасди ба сангарҳои “ҷиҳод” кашидани ҷавонони мусулмон дар кишвари ҳамҷавори Афғонистон ва мамолики дигари Шарқи Наздик “нигоҳ доштани мусулмонон фақат дар доираи эҳсоси дин, на дарки воқеӣ, илмии масъала” арзёбӣ гардидааст.
Албатта, адабиёт дар ҳар давру замон бо равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ таъсиргузорӣ ва таъсирпазирии мутақобила дорад. Аз ин рӯ, инъикоси ҳақиқати замон дар адабиёт ва ҳидояти ҷомеа тавассути осори адабӣ ду раванди ҳамеша ҷорӣ дар канори ҳамдигар мебошанд. Омили дигари ҳамеша фаъол дар канори ин равандҳо таҳоҷуми фарҳангии бегона бо мақсади ворид намудани халал дар тафаккури ташаккулёфтаи миллатҳо ва таҳмили идеологияи аҷнабӣ бар давлату миллатҳои ҷаҳон аст. Одатан, абзори таҳмили сиёсатҳои бегона болои мардум таблиғи осори адабӣ ва фарҳангии ғайр аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта муаллиф таъкид мекунад, ки “Муборизаи душманони давлатдории миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷаҳонбинӣ мундариҷаи системавӣ-структуравӣ ва функсионалӣ дорад. Ин мубориза ҳама вақт шадид буд. Ҳамин тавр хоҳад монд. Истодагарӣ ва пирӯз гаштан дар он ниёзи доимӣ ба дониш, тахассусмандӣ ва нангу номуси миллиро дорад” (саҳ. 20-21).
Дар идома муҳаққиқ аз дастовардҳои миллати тоҷик дар се даҳсолаи охир ва хизмату ҷоннисориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хомӯшсозии оташи ҷанги дохилӣ, сарҷамъсозии миллат, бунёди давлати миллӣ ва ободсозии кишвар ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки “Миллатҳои муваффақ ва пешқадами дунё маҳз бо ҳамин гуна роҳбарони умумимиллӣ эътирофшуда, ки номашон дар сафҳаҳои таърих сабт шудааст, қудратманд гаштанд. Давлати миллӣ сохтанд. Ин гуна идея ва идеалро ҳифз намуданд. Наслҳоро ҳам бо ҳамин идея, идеал ва кору пайкори Ӯ ҳамчун тимсоли қаҳрамонӣ ба камол расониданд. Ғолибияти андешаи миллӣ ва мустақилияти давлатиро дар шуури миллат собит карданд. Зеро аксиома – ҳақиқати миллиард маротиба тасдиқшуда он аст, ки бидуни пирӯзии андешаи фарогири миллӣ истиқлолияти миллӣ пойдор нахоҳад монд. Арзишмандии ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ на камтар аз ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ аст” (саҳ. 21-22).
Дар идомаи таҳқиқ  муаллиф бар зарурати мавзӯи меҳварӣ қарор додани идеяи Ватан ва Истиқлол дар осори адабиёти даврони нав таъкид карда, изҳор менамояд, ки “Агар ба таърихи адабиёти тоҷик як назари умумӣ андозем, муҳимтарин мавзӯоти он ба Ватан ва рушди миллӣ нигаронида шудааст” (саҳ. 24), яъне идома додани хати маши классикони адабиёти тоҷик дар шакл ва муҳтавои нав.
Воқеан, ҳақ ба ҷониби муаллиф аст. Ватан ва истиқлол дар имтидоди таърихи адабиёти тоҷик мисли ду паҳлуи тарозу баробари ҳам омадаанд. Воқеият низ ҳамин аст, ки Ватан бидуни истиқлол рушд намекунад ва истиқлол низ бе вуҷуди Ватан вожае тиҳӣ аз маъно аст. Муаллиф ба таври тадриҷӣ мавзӯъро мурур намуда, дар бахши “Адиб ва тафаккури бадеӣ” ба таҳқиқи шахсияти адиб мепардозад. Ӯ муътақид аст, ки “асари офаридаи эҷодкор сифати шахсияти ӯст. Қаҳрамони асари бадеӣ рӯҳи худи нависанда аст. Он нусхаест, ки аз шахсияти ӯ кӯчида, вориди асараш мегардад”. Яъне, адабиёти мо дар даврони ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ниёз ба адибоне дорад, ки дар шахсияти онҳо идеяҳои олии меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва парвариши инсони озод ва дар айни замон ба ормонҳои умумимиллӣ содиқу вафодор сиришта шуда бошад. 
Дар бахши “Генезис ва адабиёти муосир” муҳаққиқ моҳияти адабиёт ва фарҳанги асилро тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид менамояд, ки адабиёти тоҷик дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Аз ин нуқтаи назар муҳаққиқ суолотеро тарҳ мекунад, ки дар ин асри таҳдиди хатарҳои глобалие чун терроризму экстремизм ва таҳоҷуми идеологияҳои бегона адабиёти муосири тоҷик то чи ҳад ба вазифаҳои аслии худ амал мекунад: “Оё адабиёти имрӯза ҷавобгӯи нисбии ниёзҳои аслӣ, ки асоси онро мубориза барои хештаншиносӣ ба муқобили ҷаҳолат, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ташкил мекунад, ҳаст? Адабиёти муосир батамом сифоти нишонрасӣ вобаста ба вазъияти афкор ва маънавиётро дар ҷаҳони кӯдакон, наврасон, ҷавонон, миёнсолон дорад?”... (саҳ. 39).
Муҳаққиқ зимни шикофтани умқи масъала хидматҳои Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро дар як марҳалаи сарнавиштсози миллат ба унвони намуна масал зада, иброз медорад, ки ӯ бар ҳасби ниёзҳои замони хеш “Шоҳнома”-ро эҷод кард, на ба фармоиши амирон. Воқеан, ин ҳарфи қобили таваҷҷуҳест, ки роҷеъ ба он бояд тааммул кард. Зеро коре, ки Ҳакими Тӯсӣ анҷом дод, анҷоми рисолати бузурги таърихии як нобиғаи миллӣ, як рӯшанфикри ояндабин аст. Фирдавсӣ бо ошно кардани миллат ба гузаштаи хеш зимни изҳори назарҳои шахсӣ зеҳни хонандаро рӯшан ва мароми ояндаро барояш илқо мекунад. Қасдаш танҳо қиссапардозӣ ба хотири фароғат нест, балки аз гузашта панд медиҳад ва ба оянда раҳнамоӣ мекунад. Бо ишора ба ҳамин маънӣ муҳаққиқ тасреҳ мекунад, ки “Адибони бузург барои он гузаштаро тасвир мекунанд, ки вазъи имрӯзро (замони шоирро) ба мардум фаҳмонанд. Ояндаро пешгӯӣ кунанд. Ҳушдор ба наслҳо диҳанд, то аз саҳву хатоҳо, ки ба фоҷиаи умумимиллӣ хоҳанд расонид, ҳушёр бошанд. Аз онҳо худро эмин гардонанд” (саҳ. 40).
Муҳаққиқ дар мабҳаси “Нависанда ва хонанда” таъсирпазирии зеҳнияти насли наврасро аз таблиғоти манфии васоити ахбори  электронии хориҷӣ ба инобат гирифта, зарур мешуморад, ки “замони муосир ва воқеияти имрӯз, қабл аз ҳама зарурати ҳарчи тезтар самараноктар ба даст гирифтани шаклгирии тарзи тафаккури наврасон ва ҷавононро дорад. Дар зеҳни онон ворид кардани мафҳумҳои “Ватан”, “миллат”, “илм”, “маърифат”, ҳуқуқбунёдии муносиботи ҷамъиятӣ”, алифбои донишҳои дунявӣ, равшангароӣ, шинохти воқеияти олам аст” (саҳ. 44).
Пажӯҳишҳои илмӣ собит кардаанд, ки барои дарки дурусти таърихи миллат донистани таърихи адабиёти он амре зарурӣ ва ногузир аст. Бе донистани таърихи адабиёт маърифати таърихи миллат ноқис хоҳад буд. Зеро агар таърих бозгӯи дунболадори ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои зиндагии миллат бошад, адабиёт ойинаи тафаккур, фарҳанг, расму оинҳо, эътиқодоти динӣ ва ҷаҳонбинии дунявии миллат аст. Ҳар адиб фарзанди замони хеш аст ва заруратан аз чизҳое сухан мегӯяд, ки дар ҷомеаи худаш роиҷу мутадовил аст. Ин мавзӯъро муҳаққиқ дар бахши “Адабиёт ва принсипи таърихият” ба таври муфассал баррасӣ намудааст. Бо ишора ба ҳамин воқеият ӯ менависад, ки “агар ҳамчун дарси сабақ, гаштаву баргашта ба адабиёти асримиёнагӣ то даҳаи дуюми асри ХХ, то замони шикасти вопасин амири сулолаи Манғитиён муроҷиат кунем, муътақид мегардем, адабиёти тоҷик ойинаи таърихи миллати муборизи тоҷик аст” (саҳ. 51-52).
Пас аз мутолиаи рисолаи арзишманди “Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт” ба ин натиҷа мерасем, ки муаллифи он С. Ятимов саъй ва кӯшиши фаровон кардааст, ки масъалаҳои муҳими адабиёти муосири тоҷикро бар мабнои қонуни диалектикии гузаштан аз тағйироти миқдорӣ ба тағйироти сифатӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳои аслии адабиёти муосири тоҷикро дар ин марҳалаи барои давлату миллат сарнавиштсоз – даврони ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ба таври мушаххас ва возеҳу равшан баён намояд. Ӯ муътақид аст, ки “Адабиёти миллӣ вориси аслии маънавиёти давлати миллӣ мебошад. Бо такя аз имконоти Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои тадқиқотӣ метавонад аз лиҳози ҳифзи маърифат ва маънавиёти миллӣ бештар аз пайи дарёфти генезиси бадеие бошад, ки омили илмсолориро дар ҷомеа неруи тоза бахшад” (саҳ. 57).

Раҳмоналӣ МИРАЛИЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2020    №: 34    Мутолиа карданд: 127
19.03.2020


МАСТЧОҲ. НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

18.03.2020


КОРШИНОСОН ГУРӮҲИ АЗ КОРОНАВИРУС ОСЕБПАЗИРИ ХУНРО МУАЙЯН НАМУДАНД

БА ӮЗБЕКИСТОН ТАБИБОНИ ЧИНӢ МЕОЯНД

МИШУСТИН ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМТОЁНАШ АЗ ИДМ БАРРАСӢ НАМУД

ЁРИИ БОР БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19

Ҷаҳон дар як сатр

МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ. 20 МАРТ БА ТОКИО МЕРАСАД

17.03.2020


ОЗМУНИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" ҶАМЪБАСТ ШУД

МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ

ШИФО ЁФТАНИ БЕШ АЗ 85 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ДАР ЧИН

МИШУСТИН: «РОССИЯ БАРОИ СУБОТИ ИҚТИСОДӢ ЗАХИРАИ КОФӢ ДОРАД»

ДАР НУР - СУЛТОН ПАРАД БА ИФТИХОРИ 75 - СОЛАГИИ ҒАЛАБА МАНЪ ШУД

МАҚОМОТИ ВИЖАИ ҚАЗОҚИСТОН АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИРО ПЕШГИРӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.03.2020


ВАРЗОБ. САФИ ЗАНОНИ КАСБОМӮЗ РӮ БА АФЗУДАН ДОРАД

АЗ БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТИИ УХАН ОХИРИН БЕМОРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ДАР ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНИ ШАШ КИШВАРИ ҶАҲОН ДАР КАРАНТИН МЕБОШАНД

СУТ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУСИ COVID-19-РО ЭЪЛОМ ДОШТ

СҲШ МАСОИЛИ ВОКУНИШИ ФАВРӢ БА ХУРӮҶИ БЕМОРИҲОРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

ДАР МИНСК ҶОНИБҲОИ ДАРГИР БОРИ НАХУСТ ПРОТОКОЛИ ИНТИҲОИРО БА ТАСВИБ РАСОНДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ КФО – 2020. ПИРӮЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» БАР «ХУҶАНД»

11.03.2020


 НАҚШАИ ВОКУНИШ БА ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ДАР РОБИТА БА COVID – 19 ТАҲИЯ МЕШАВАД

ДАР МАЙДОНИ «ДӮСТӢ» ТАБАҚИ СУМАНАК ҚОМАТ АФРОХТ

ОЗМОИШГОҲИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ТЕХНОЛОГӢ ГАРДИД

 ХАТЛОН. Тантанаи ҷашни миллӣ вусъат меёбад

 ХУҶАНД. Як навиди фарҳангӣ

 СИ ҶИНПИН БА ШАҲРИ УХАН ОМАД

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ДАР СОЛИ 2024 ДАР РАҚОБАТ ХОҲАД ГУЗАШТ

 ТИҶОРАТИ ТУРИЗМИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АЗ КОҲИШИ САЙЁҲОНИ ЧИНӢ €1 МИЛЛИАРД ЗАРАР ДИД

 СЕ БУҲРОНИ БОЗОРИ НАФТИ ҶАҲОНӢ ДАР 20 СОЛИ ОХИР

 РУСЛАН ТУЛЕНОВ БО «ХУНИ ПАНДА» БА ЁРИИ ЧИНИҲОИ МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС МЕОЯД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

 ВОЛЕЙБОЛ. "ҶОМИ ПОЙТАХТ" МИЁНИ БОНУВОН БА АНҶОМ РАСИД

 БОКС. МУҲАММАДХӮҶА ҲАНӮЗ ШИКАСТНОПАЗИР АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед