logo

Хабарҳо

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

Ба ҳолати 1 январи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18517 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди занон дар хизмати давлатӣ 4407 нафаранд. Аз шумораи 5646 ишғолкунандаи мансабҳои роҳбарикунанда 1047 нафараш занон мебошанд.
Дар ин бора Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, баъзе  вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ накардаанд. Аз ҷумла, шумораи занон дар вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, бехатарии озуқаворӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҷайҳун, Тоҷикобод, Айнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рашт, Мастчоҳ, Ҷалолиддини Балхӣ, Темурмалик, Лахш, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шамсиддин Шоҳин ва Фархор дар муқоиса ба фоизи миёнаи ҷумҳуриявӣ камтар аст.
- Илова бар ин, занон дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Сангвор ва мансабҳои роҳбарикунандаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Фархор, Левакант ва Шаҳристон кор намекунанд. Дар робита ба тақвият додани иштироки занон дар хизмати давлатӣ аз ҷониби агентӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ тавсияҳо ирсол шуд, - афзуд Ҷумъа Давлатов.  

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 325
19.03.2020


МАСТЧОҲ. НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

18.03.2020


КОРШИНОСОН ГУРӮҲИ АЗ КОРОНАВИРУС ОСЕБПАЗИРИ ХУНРО МУАЙЯН НАМУДАНД

БА ӮЗБЕКИСТОН ТАБИБОНИ ЧИНӢ МЕОЯНД

МИШУСТИН ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМТОЁНАШ АЗ ИДМ БАРРАСӢ НАМУД

ЁРИИ БОР БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19

Ҷаҳон дар як сатр

МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ. 20 МАРТ БА ТОКИО МЕРАСАД

17.03.2020


ОЗМУНИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" ҶАМЪБАСТ ШУД

МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ

ШИФО ЁФТАНИ БЕШ АЗ 85 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ДАР ЧИН

МИШУСТИН: «РОССИЯ БАРОИ СУБОТИ ИҚТИСОДӢ ЗАХИРАИ КОФӢ ДОРАД»

ДАР НУР - СУЛТОН ПАРАД БА ИФТИХОРИ 75 - СОЛАГИИ ҒАЛАБА МАНЪ ШУД

МАҚОМОТИ ВИЖАИ ҚАЗОҚИСТОН АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИРО ПЕШГИРӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.03.2020


ВАРЗОБ. САФИ ЗАНОНИ КАСБОМӮЗ РӮ БА АФЗУДАН ДОРАД

АЗ БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТИИ УХАН ОХИРИН БЕМОРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ДАР ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНИ ШАШ КИШВАРИ ҶАҲОН ДАР КАРАНТИН МЕБОШАНД

СУТ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУСИ COVID-19-РО ЭЪЛОМ ДОШТ

СҲШ МАСОИЛИ ВОКУНИШИ ФАВРӢ БА ХУРӮҶИ БЕМОРИҲОРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

ДАР МИНСК ҶОНИБҲОИ ДАРГИР БОРИ НАХУСТ ПРОТОКОЛИ ИНТИҲОИРО БА ТАСВИБ РАСОНДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ КФО – 2020. ПИРӮЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» БАР «ХУҶАНД»

11.03.2020


 НАҚШАИ ВОКУНИШ БА ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ДАР РОБИТА БА COVID – 19 ТАҲИЯ МЕШАВАД

ДАР МАЙДОНИ «ДӮСТӢ» ТАБАҚИ СУМАНАК ҚОМАТ АФРОХТ

ОЗМОИШГОҲИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ТЕХНОЛОГӢ ГАРДИД

 ХАТЛОН. Тантанаи ҷашни миллӣ вусъат меёбад

 ХУҶАНД. Як навиди фарҳангӣ

 СИ ҶИНПИН БА ШАҲРИ УХАН ОМАД

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ДАР СОЛИ 2024 ДАР РАҚОБАТ ХОҲАД ГУЗАШТ

 ТИҶОРАТИ ТУРИЗМИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АЗ КОҲИШИ САЙЁҲОНИ ЧИНӢ €1 МИЛЛИАРД ЗАРАР ДИД

 СЕ БУҲРОНИ БОЗОРИ НАФТИ ҶАҲОНӢ ДАР 20 СОЛИ ОХИР

 РУСЛАН ТУЛЕНОВ БО «ХУНИ ПАНДА» БА ЁРИИ ЧИНИҲОИ МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС МЕОЯД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

 ВОЛЕЙБОЛ. "ҶОМИ ПОЙТАХТ" МИЁНИ БОНУВОН БА АНҶОМ РАСИД

 БОКС. МУҲАММАДХӮҶА ҲАНӮЗ ШИКАСТНОПАЗИР АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед