logo

порлумон

МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. КМИР 108 НАФАРРО АККРЕДИТАТСИЯ КАРД

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва ошкоро баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ 108 нафар мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намуд.
Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии КМИР қарори дахлдор қабул гардид, ки тибқи он мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва як қатор сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аккредитатсия шуданд.
Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳамин нишаст, баъд аз омӯхтан  қарори комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ № 30 аз 6 феврали соли 2020 № 4 – ро бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор намуд. КМИР зимни омӯзиши қарори комиссияи ҳавзавии номбурда ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи А. Каримов муайян намуд, ки ҳангоми сабтином синни ӯ ба 30 нарасида буд.
Ҳамчунин, бо ду қарори дахлдори худ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гарави интихоботӣ ба шаҳрвандон З. Солиҳов  ва А. Садировро, ки ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаҳои интихоботии  Файзобод № 11 ва Қубодиён № 31 пешниҳод карда буданд, баргардонд.
Қобили зикр аст, ки аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалӣ ҳанӯз идома дошта, интизор меравад, ки то рӯзи интихобот шумори зиёди мушоҳидон аз дигар созмону кишварҳои олам вориди Тоҷикистон шаванд.

Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2020    №: 35    Мутолиа карданд: 620
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед