logo

иҷтимоиёт

"БУНЁДИ САБЗ". ИҚДОМЕ, КИ САМАРОВАР ХОҲАД БУД

Алберто Коррея Мендес, директори Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазъ ва тарзи таъмини хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ бо ғизои солим мароқ зоҳир кард.

Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин созмон бо ду ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, то нимаи соли 2024 давом хоҳад кард. Дар  соли 2019 Барномаи ғизои мактабӣ 52 ноҳияи  Тоҷикистонро фаро гирифта, шумораи умумии баҳрабарони он 410 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳоло созмони мазкур мақсад дорад дар Тоҷикистон барномаи наверо бо номи «Бунёди сабз» роҳандозӣ намояд. Бо шурӯъ шудани Барномаи «Бунёди сабз», ки аслан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии батадриҷи ҷомеа бо оқибатҳои он сару кор дорад, боз чанд нақшаи нав роҳандозӣ мешавад. Амалисозии ин лоиҳаҳо аз соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар доираи он сохтмони гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши усулҳои беҳтари хушк кардани мева, сохтани анборҳо барои  маҳсулоти кишоварзӣ, озуқа ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Зикр гардид, ки масъалаи дигаре, ки тайи чанд соли охир ҷомеаро нигарон кардааст, ин қадпастӣ ва камвазнии кӯдакон мебошад. Мутахассисони соҳаи тиб баъди омӯзиш ба ин хулоса  омаданд, ки яке аз иллатҳои асосии ин омил норасоии ғизои солим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Сол ба сол ба бозори ҷаҳонӣ ғизоҳои сунъӣ бештар ворид мешаванд, ки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон халал ворид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои истеҳсоли озуқавории аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ шароити мусоид дорад.
Ёдгор Файзов раиси вилоят,  таъкид кард, ки дар мамлакати мо дар назди ҳар як муассисаи таълимӣ имкони ташкили полиз барои парвариши сабзавоту зироат, бунёди боғу гармхона мавҷуд аст, фақат дар марҳилаи аввал муассисаҳои таҳсилоти умумиро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардан зарур меояд. Намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мулоқот бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз чанд гармхонаи ҳудуди шаҳри  Хоруғ  ва навоҳии  атрофи  шаҳр дидан намуданд.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 105
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед