logo

порлумон

РАЪЙЕ, КИ ОЯНДА МЕСОЗАД. ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани маъраки муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ корҳои омодагӣ хеле назаррас ҷараён доранд.

Раиси комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Турсунзода № 5 Ҳотам Назарзода иброз дошт, ки комиссияи мазкур дар ҳайати 9 нафар ташкил карда шуда, барои кори пурсамари аъзоёни он ҳамаи шароит муҳайё мебошад. Ҳавзаи мазкур аз 64 участка иборат буда, ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо қонунҳои соҳавӣ, санадҳои дахлдор, дастурамал оид ба тартиби кори комиссия, маводи конселярӣ, буклету варақаҳо, 42 қуттии калон ва 45 қуттии хурди овоздиҳӣ таъмин карда шудаанд. 
Ба ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Турсунзода 3 нафар номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизбҳои сиёсӣ сабт шудаанд. Айни ҳол, дар асоси нақшаи кории комиссияи ҳавзавӣ, вохӯриҳои номзадҳо дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот доир гашта истодаанд.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ 135 ҳазору 431 овоздиҳанда сабти ном шудааст, ки 8201 нафари онҳо маротибаи аввал дар интихобот ширкат меварзанд. Аз ин ҳисоб 982 нафарро ҷавонони синни 18 - сола ташкил медиҳанд, ки бори нахуст дар ин марҳилаи барои ҷомеа муҳим иштирок намуда, ояндаи худро интихоб мекунанд. Барои ҳамаи ин ҷавонон рӯзи интихобот туҳфаи хотиравӣ ва гулдаста тақдим карда мешавад.
Бино ба иттилои Ҳ. Назарзода, айни ҳол дар ҳамаи 64 участкаи интихоботӣ барои гузарондани ин маъракаи сиёсӣ ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Аз ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раиси комиссияи ҳавзавӣ ва шахсони масъул гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳудуди ҳар як ҷамоати деҳот бо аъзоёни комиссияҳои участкавӣ оид ба шаффоф гузарондани интихобот, ҷиҳозондани биноҳои участкаҳои интихоботӣ, ҷобаҷогузории комиссияҳои интихоботӣ, насби  шиору овезаҳо, рӯйхати интихобкунандагон ва ҳолати коргузорӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронда истодаанд.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот 2 мошини таблиғотӣ вобаста шудааст, ки ҳамарӯза дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр аз ҷониби онҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда мешавад. Ба ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, тибқи рӯйхати интихобкунандагон, хабарномаҳо тақсим карда шуда, кабинаҳо ва қуттиҳо барои овоздиҳӣ омода гардидаанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,    
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 607
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед