logo

порлумон

ИНТИХОБОТ. КАСЕ, К - Ӯ БОВАРИИ ХАЛҚРО АРЗАНДА МЕГАРДАД

Участкаи интихоботии № 48 – и ҳавзаи интихоботии ҳудудии якмандатии Сино № 4  ва участкаи интихоботии № 77 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Душанбе  ва ноҳия дар даромадгоҳи бинои барҳаво ва зебои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 97 маҳаллаи Ободкорон воқеъ гардида, бо шиору овезаҳо ва навиштаҷоти даъват ба интихобот оро дода шудааст. Дар рӯи мизҳо қуттии овоздиҳӣ, қонуну санадҳои дахлдор оид ба интихобот, маводи конселярӣ, рӯйхати интихобкунандагон  буклету варақаҳо бо  тартиби муайян гузошта шудаанд.
Фаридун Ойзода, иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи мазкур, раиси участкаи интихоботӣ, зимни суҳбат иброз дошт, ки онҳо барои муташаккилона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодаанд. Дар участкаи интихоботӣ 1861 раъйдиҳанда сабти ном шудааст, ки  25 нафар бори аввал овоз медиҳанд.
Чанде қабл дар ҳавзаи  ҳудудии якмандатии интихоботии Сино № 4 вохӯрии раисони участкаҳо бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Раҷабова (Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон), Баҳодур Раззоқов (Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон), Шоҳмурод Рустам (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон), Маъруф Ҳомидов (худпешбар)  баргузор гардид.
Аз 10 феврал давраи таблиғ ва ташвиқи номзадҳо оғоз ёфта, он то 28 феврал давом мекунад. Дар ин марҳала интихобкунандагон  бо номзадҳо ва барномаҳои онҳо зимни мулоқот, тавассути радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо шинос шуда, барои раъй додан омода мешаванд.
- Бо итминони комил метавон гуфт, ки маъракаи муҳими сиёсӣ дар доираи қонунгузорӣ ба таври шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон ба номзадҳои арзанда раъй хоҳанд дод, - мегӯяд Фаридун Ойзода, - зеро шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мефармояд:
Касе, к - ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 621
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед