logo

маориф

ПАЁМ. МАОРИФ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИҶТИМОИЁТ

Пешвои муаззами миллат дар сиёсати пешгирифтаи худ маорифро, ки яке аз рукнҳои меҳварии давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал мегузоранд. Ин аст, ки муносибати хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи маориф аз паёмҳои эшон, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ ироа мегарданд, мушоҳида менамоем.
Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат ба ин соҳаи ояндасоз дахл намуда, дар назди аҳли маориф вазифа гузоштанд, ки  ба омӯзондани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар дода,  ҷиҳати тақвият бахшидани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон, дар замири онҳо бедор кардани меҳри китобдӯстӣ ва мутолиаи асарҳои бадеиву илмӣ чораҳои зарурӣ андешанд: «…Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».
Дар тақвияти ин гуфтаҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём пешниҳод карданд, ки солҳои 2020 – 2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Бешубҳа, ин ибтикори наҷибонаи Пешвои муаззам дар омӯзишу азхудкунии илмҳои мазкур, ки дар ҷаҳони муосир ба онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ин ҷо бамаврид аст зикр намоем, ки рушди соҳаи маориф бе ашхоси донишманду соҳибмаърифат ғайриимкон аст ва баҳри ба воя расидани онҳо  мутолиаи китоб нақши бориз мебозад. Дар ин ҷода маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид, ки аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа истиқболи самимӣ пайдо намуд. Озмун мавқеи китобу мутолиа, аз бар намудани осори манзуму мансурро дар ҷомеа баланд бардошт ва бори дигар собит кард, ки халқи тоҷик китобдору китобхон мебошад. Ба ин хотир, Пешвои муаззам тасмим гирифтанд, ки   озмун ҳарсола шавад ва дар Паёми навинашон иброз доштанд: «Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад. Яъне, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - ро аз рӯи се самт: якум - миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».
Зимни ироаи паёмҳо, инчунин, пайваста ба масъалаи худогоҳиву худшиносӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад ва мо таъбири «бузургонро бузургон зинда медоранд» - ро метавонем дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нек мушоҳида намоем. Маҳз ба шарофати таваҷҷуҳи хосаву ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мо оид ба ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, муқаддасот ва Ватани азизамон – Тоҷикистон огоҳии комил пайдо намудаем. Дар тамоми паёмҳо, суханронӣ ва вохӯриҳои худ Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ба фарҳанги миллӣ арҷ гузошта, дар шароити ҷаҳонишавӣ нагузорем, ки унсурҳои бегона ба мо таъсир гузорад. Роҳи асосиро дар ин росто Пешвои миллат рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш медонанд. Бо ҳамин мақсад, дар Паёми навин дастур доданд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” - ро чун армуғон аз гузаштаи пурифтихори миллат ба ҳар як хонавода туҳфа намоянд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Ин иқдом аз тасмимҳои дигари оқилонаи ин марди фозил ба ҳисоб рафта, дар масири сиёсату давлатдорӣ собиқа надорад.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҳуҷҷати тақдирсозест, ки моро ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун месозад.

З. П. БОБОАЛИЕВА, муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода,
М. ЗОКИРЗОДА, мудири шуъбаи тарбия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 725
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед