logo

порлумон

САИДМУРОД ФАТТОҲЗОДА НОМЗАДИ ТАҲАММУЛПАЗИР ВА СОДИҚ БА МИЛЛАТУ ВАТАН АСТ

Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ифодагари рӯҳияи бузурги ватанхоҳӣ буда, нафарони арзанда ва донишманду матинирода, таҳаммулпазиру дурандешро сари кор хоҳад овард. Ва мардум бо раъйи худ номзади арзандаи хешро ба ин мақоми пурифтихор пешбарӣ менамоянд. Ҳизби ормонҳои миллӣ - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсии фаъоли кишвар номзадҳои арзандаи хешро пешбарӣ намуда, бо боварӣ ба ояндаи дурахшон интизори раъйи мардум мебошад. Ҳизб баъд аз анҷумани ХIII бо раъйи аксарияти вакилон номзадҳои арзандаро аз рӯйхати умумии ҳизбӣ, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ намуда, умед бар он дорад, ки мардум дар интихоби онҳо соҳибихтиёр буда, номзадҳои арзандаашро дастгирӣ хоҳад намуд. Баъди машварати зиёди раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти панҷсолаи ҳизб ва пешниҳоди Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззам, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раиси ҲХДТ, шахсияти шинохта ва соҳибэҳтиром, доктори илмҳои сиёсӣ Фаттоҳзода Саидмурод Самад дар рӯйхати ҳизбӣ ҳамчун нафари аввал пешбарӣ гардид.

ЧЕҲРАИ ОШНО
Ӯ шахсияти пурэътибор, донишманд, таҳаммулпеша ва содиқ ба миллат ва Ватан буда,  соли 1958 дар хонадони муаллим, шахсияти соҳибэҳтиром, устоди равоншод Самад Фаттоев ба дунё омадааст. Соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москваро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намуда, аз соли 1981 то 1984 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор фаъолият намуда, аз соли 1984 то 1986 дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст. Солҳои 1987-1989 боз ба кори рӯзноманигорӣ идома бахшида, соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва иҷтимоии Минскро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1991 то 1993 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-94 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994-2007 дар вазифаи мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кард, аз 26 июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Аз моҳи декабри соли 2014 то 13 декабри соли 2019 вазифаи муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Мактаби маҳорати касбии хабарнигории С. Фаттоҳзода тавонист, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқтарин фарзандони кишварро ҷамъ оварад. Ба ибораи дигар, С. Фаттоҳзода, ки воқеан, сиёсатмадори зирак, таҳаммулпеша, донишманд, ватанхоҳ ва содиқ ба халқу Ватан мебошад, миёни аксари хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ соҳиби эҳтироми хосса аст. Ҳамин донишмандиву зиракӣ ва таҳаммулпешагиашро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, ӯро моҳи декабри соли 2014 ба сифати муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Дар тӯли панҷ соли фаъолият тавонист, ки эътибори ҳизбро миёни мардуми саросари кишвар баланд бардошта, сафи аъзои ҳизбро зиёд намояд. Мусоҳибаҳои пурмуҳтавояш аз тариқи расонаҳои хабарии хориҷиву дохилӣ дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ифодагари сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти ҲХДТ буда, раиятпарварӣ ва созандагии Барномаи панҷсолаи ҲХДТ посух ба ҳама суолҳои рақибони сиёсиаш буд. Китоби пурмуҳтавои «Давлат, сиёсат, ҷомеа», ки аз тариқи нашриёти «Ношир» соли 2018 рӯи чоп омадааст, маҳсули фаъолияти пурмаҳсули ӯ дар мақоми муовини аввали раиси ҲХДТ буда, беш аз бист мақолаву мусоҳибаи пурмуҳтавояшро дар бар гирифтааст. Мақолаҳои «Президенти мардумӣ», «Интихоби мо чӣ маъно дорад», «Ҳазор паёми созанда», «Мо муқобили исломи радикалӣ ва атеизми ҷанговар ҳастем», «Бар фарози қуллаҳо» ва «Истиқлолият ин ватандорист» баёнгари барномаи созандаи ҳизб ва роҳбари муаззами он буда, хонандаро водор месозанд, ки аз иқдомҳои созандаи ҳизб ва раиятпарварии он пуштибонӣ намояд. Воқеияти роҳи тӯлонии бист соли фаъолияти ҳизб хонандаро дар рӯҳияи созандагиву ватанпарварӣ тарбия намуда, барои насли ояндасози кишвар чун дастури пурифтихори ватанхоҳона ва созанда хизмат мекунад. Эътибори ҲХДТ гувоҳи мардумӣ будани ҳизб мебошад. Ҳамин мардумсолорӣ ва созандагиву раиятпарварии ҳизб аст, ки имрӯз сафи ҷонибдоронаш на танҳо дар саросари кишвар, балки миёни муҳоҷирони меҳнатии хориҷи кишвар низ хеле афзудааст. Як расонаи хориҷии Аврупо, моҳи ноябри соли 2019 аз қавли як маркази таҳлилии Франсия бо номи «Маркази иттилоотиву таҳлилии Шорл-де-Гол» дар перомуни интихоботи порлумонии Тоҷикистон чунин овардааст:
«Дар Тоҷикистон, ки рӯбарӯи интихоботи нави порлумонӣ қарор дорад, мухолифони сиёсии ҳизби ҳоким  давлат ва Ҳукуматро бо он муттаҳам намуда истодаанд, ки ҳама имконоти иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ дар дасти ҳизби роҳбар буда, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дигар зери фишор мебошанд. Ин воқеият надошта, фақат нотавонбиние беш нест. Дар тӯли панҷ соли охир эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни мардум 15 дарсад боло рафта, боварии мардум ба иқдомҳои созандаи ҳизб 45 дарсад афзудааст». Ин баҳои воқеӣ исботи он мебошад, ки эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бар пояи баланд устувор аст ва халқ ба он арҷ мегузорад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар арзанда мебошад.

Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2020    №: 38    Мутолиа карданд: 772
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед