logo

порлумон

МУЪМИНОБОД. СОКИНОН БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН РАЪЙ МЕДИҲАНД

Дар доираи қонунгузорӣ вобаста ба раванди омодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ як қатор тадбирҳо амалӣ гашта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иштироки фаъолонаи онҳо дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Ин нуктаро раиси комиссияи ҳавзаи ҳудудии интихоботии Муъминобод № 38 Раҷабалӣ Табаров зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, кор дар ин ҳавза тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ҷараён дорад. Тибқи ҷадвали таҳиягардида дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ навбатдории доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ, ки ба он ноҳияҳои  Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин низ шомиланд, шумораи овоздиҳандагон 103 ҳазору 697 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2800 шаҳрванд бори аввал дар интихобот иштирок мекунад. Барои 881 шахси имконияташ маҳдуд бошад, аз тарафи комиссияҳои участкавӣ қуттиҳои сайёр омода шудааст.
Айни замон, ҳамаи участкаҳои овоздиҳӣ бо кабинаҳои махсус муҷаҳҳаз буда, дар ҳудуди онҳо қуттиҳо барои бюллетенҳо омода мебошад. Инчунин, участкаҳои овоздиҳӣ бо маводи зарурӣ, тарғиботӣ ва конселярӣ пурра таъмин мебошанд. Шиору овезаҳои марбут ба ин маъракаи сиёсӣ насб ва гӯшаҳои иттилоотӣ оид ба маълумот дар бораи номзадҳо аз ҳавзаи якмандатӣ тартиб дода шудааст.
То ба имрӯз дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Муъминобод № 38 аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ Мироҷ Абдуллоев (Ҳизби коммунисти Тоҷикистон), Саъдулло Раҳимзода (ҲХДТ), инчунин, се нафар  ба таври худпешбар–Маҳмудҷон Аҳмадзода (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин), Парвизҷон Ҳисайнов (ноҳияи Ховалинг) ва Маъруф Таволоев (Ховалинг) ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳоло вохӯрии номзадҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Ҷонбахш, Лоҳутӣ, Шугнов (ноҳияи Ховалинг), ҷамоатҳои деҳоти Саричашма, Шӯробод, Даштиҷум (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) ва ҷамоатҳои деҳоти Балхобӣ, Ш. Шоҳин ва Ҷамоати шаҳраки Муъминобод (ноҳияи Муъминобод) бо интихобкунандагон идома доранд.
Бояд гуфт, ки барои мушоҳидони миллию байналмилалӣ низ шароити хуб муҳайё гардидааст.
- Бо итминон метавон гуфт, ки сокинони ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин дар интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок намуда, барои шукуфоии кишвар раъйи худро медиҳанд, - гуфт Раҷабалӣ Табаров.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2020    №: 38    Мутолиа карданд: 3014
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед