logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Исмоилхон

15 феврал  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири нерӯ ва захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхонро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, қабл аз ҳама дар соҳаи энергетика, баррасӣ шуданд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба бунёди хати 220 - киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон, хати 500 - киловолтаи миёни Қирғизистон -  Тоҷикистон – Афғонистон – Покистон, КАСА – 1000 ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ зоҳир гардид.
Муҳаммад Исмоилхон ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки сохтмони хати 220 - киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон дар ҳудуди Афғонистон низ  оғоз ёфт ва баъд аз 10 моҳ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба нақшаҳои сохтмони роҳу пулҳои нави мошингард ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон, доир ба авзои иҷтимоӣ - сиёсии минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

www.president.tj


Муҳаммад Исмоилхон, вазири нерӯ ва захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки 14 феврал дар ҳудуди ҶИА (минтақаи Бандари Шерхон) бо ширкати Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ифтитоҳ ва гузоштани  такягоҳи хати интиқоли барқи 220 - киловолта баргузор гашт.
Арзиши лоиҳавии пружа танҳо дар ҳудуди Афғонистон ба 27 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буда, мавриди амал қарор гирифтани он 10 моҳ пешбинӣ шудааст.
-Бо татбиқи ин тарҳ,- гуфт Муҳаммад Исмоилхон,- мо метавонем дар ҳаҷми 300 мегават нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон, аз ҷумла ба вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бағлон интиқол диҳем. Тасмим гирифтаем, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар шаҳрҳои Қундуз, Тахор ва Бағлон сохтмони саристгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва хатҳои интиқоли барқро анҷом диҳем.
Вазири нерӯ ва захираҳои оби Афғонистон иброз дошт, ки бо ба кор даромадани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мо на танҳо шимоли Афғонистон, балки ҷанубу шарқи кишвар ва давлатҳои ҳамсояи Покистону Ҳиндустонро низ бо барқи Тоҷикистон таъмин карда метавонем.

Додоҷон Рӯзиев,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 612

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед