logo

мулоқотҳо

Ричард Ҳолбрук паёми Борак Обамаро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд

20 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои сершумори Тоҷикистон оид ба мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт:
-Тоҷикистон хоҳони сулҳи пойдор дар саросари Афғонистон ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ин ҳамсояи наздики худ аст.
Ричард Ҳолбрук нахуст дуруду паёми Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Борак Обама ва Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ  Клинтонро  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба талошҳои Тоҷикистон баҳри таҳкими эътидолу субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дод ва аз номи ҳукумати кишвараш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба Президенти Тоҷикистон арзи сипос намуда,  ҳамчунин изҳор дошт:
-Тоҷикистон бо муштаракоти зиёди фарҳангию таърихӣ ва робитаҳои мустаҳкамаш бо Афғонистон метавонад дар барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти ин кишвар нақши бузург дошта бошад.
Гуфтугӯи судманд оид ба  эътидол  овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон, таҳкими сохторҳои идораи давлатии он ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба сохтмони роҳу пулҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир гардид.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.

www.president.tj


Ричард  Ҳолбрук пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро аз натиҷаҳои мулоқот ба намояндагони воситаҳои ахбори омма    чунин баён намуд:
-Дар давоми шаш моҳи охир маротибаи савум аст, ки бо роҳбарони баландрутбаи Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳам. Соли гузашта зимни баргузории иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ дар Нию - Йорк бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақрибан даҳ рӯз пештар дар Вашингтон бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Амрикову Тоҷикистон, авзои минтақа ва як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назар карда будем.
-Дар мулоқоти имрӯза,- гуфт Ричард Ҳолбрук,- масоили вобаста ба вазъи кунунии Афғонистон, омилҳои расидан ба мусолиҳаи миллӣ, барқарорсозии иқтисодиёти он, инчунин мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дошт.
Намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон ва Покистон таъкид ба амал овард, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар поён ёфтани даргириҳо дар Афғонистон буд ва мебошад. Пайвандҳои мустаҳками таърихӣ, динӣ, забонӣ ва фарҳангии он имкон медиҳанд, ки дар ҳалли мушкилоти ин кишвар, махсусан дар масъалаи расидан ба сулҳу суботи саросарии ҶИА нақши муассир бозад.
Ричард Ҳолбрук аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Амрикову Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зимнан бунёди роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳимро аз зумраи омилҳои асосии рушди иқтисоди натанҳо Тоҷикистон, балки кулли минтақа маънидод кард.

Додоҷон Рӯзиев,
“Ҷумҳурият„


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 643

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед