logo

порлумон

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ИРОДАИ ХАЛҚ

Тавре маълум аст, 1 марти соли ҷорӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор хоҳад шуд. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ нақши муҳим бозида, ба инкишофи унсурҳои демократӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Чӣ тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».
Номзадҳои арзандаи ҳар як ҳизби сиёсӣ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамоянд.
Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар номзадҳо бо интихобкунандагон вохӯриҳо анҷом дода, дархост, хоҳиш ва талаботи онҳоро шунида, дар ин замина ба барномаҳои пешазинтихоботии худ тағйирот ворид менамоянд. Аз ин рӯ, интихобот – омили асосии тавсеаи муносибатҳои байни ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон бо назардошти манфиатҳои худ ҳизбу иттиҳодияҳои гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатӣ ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бисёрҳизбиро пешбинӣ намуда, раванди интихоботро демократитар намуда, имконият фароҳам овард, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёбад. Маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки беҳтарин намояндагони хешро барои иҷрои ормону иродаи худ ба вазифаҳои масъул интихоб намоянд.
Аз ин рӯ, иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар интихобот шаҳодати дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат буда, нишонаи баланди маърифатнокӣ ва фарҳангию сиёсӣ мебошад.

Маратҷон ҶАББОРОВ, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2020    №: 40    Мутолиа карданд: 2887
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед