Хабарҳо
ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД
Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ (United World Wrestling), мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба гӯштии тарзи озод 27 – 29 марти соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад. Дар ин бора сомонаи иттиҳод иттилоъ медиҳад.
Ин мусобиқа бояд дар шаҳри Сяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегашт, аммо бар асари хуруҷи коронавирус аз ҷониби Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ чунин тасмим гирифта шуд.
- Иваз кардани ҷои баргузории мусобиқа дар муҳлати хеле кӯтоҳ дуруст нест, вале саломатии варзишгарон авлавият дорад. Мо бояд барои иштироки ҳамаи варзишгарон имконият фароҳам оварем, - иброз намуд президенти United World Wrestling Ненад Лалович.
«Дар ин мусобиқа варзишгароне, ки, аллакай, роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, иштирок намекунанд. Дар ҳар категорияи вазнӣ дуроҳхатӣ дода мешавад. Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ, ки аз 30 апрел то 3 май дар шаҳри София (Булғористон) доир мегардад, барои соҳиб шудани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио – 2020 талош мекунанд. Дар ин мусобиқа низ гӯштигирон барои ба даст овардани ду роҳхат дар ҳар вазн рақобат хоҳанд кард», - навиштааст манбаъ.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1889