logo

Хабарҳо

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

Дастаи «Хуҷанд» (Тоҷикистон) дар бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2020, ки дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуд, тими «Нефтчӣ» (Қирғизистон)-ро бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб намуда, ба марҳалаи гурӯҳӣ роҳхат гирифт. Зимнан, ёдовар мешавем, ки бозии аввал дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи соҳибони майдон ба анҷом расида буд.
Ҳамлагари дастаи «Хуҷанд» Дилшод Бозоров бо се голи задааш қаҳрамони бозӣ гардид.
Акнун, дастаи «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D» бо тимҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Дордой» (Қирғизистон) ва «Олтин-Асир» (Туркманистон) рақобат мекунад.
Дар бозии аввали даври гурӯҳӣ, ки 11 март доир мегардад, ду дастаи Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» миёни ҳам қувва хоҳанд озмуд.
Дар таърихи футболи кишвар маротибаи дуюм аст, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО ду даста муаррифӣ мекунад.

 

БОКС. ИШТИРОКИ 12 ВАРЗИШГАРИ КИШВАР ДАР МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки  3 – 11 март дар шаҳри Уммони Шоҳигарии Урдун баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд.
Тоҷикистонро Сумайя Қосимова, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Нилуфар Бобоёрова, Шуҳрат Сабзалиев, Бахтовар Сагизов, Баҳодур Усмонов, Шералӣ Мамадалиев, Бахтиёр Мирзомуҳаммад, Шаббос Негматуллоев, Давлат Болтаев ва Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ хоҳанд кард.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 219
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед