logo

ҳуқуқ

"БАҲМАНМОҲИ ХУНИН". АЗ НАҚША ТО АМАЛҲОИ МАНФУРИ НАҲЗАТИҲО

Воқеаҳои февралии соли 1990, ки 30 сол қабл дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста буд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардуми тоҷик зудуда намегардад ва, хусусан, насли миёнсоли имрӯза, ки он айём бояд даврони тиллоии ҷавонӣ меронданду бо касофати дастандаркорони ин ҳодисоти талху шум аз лаззату хуррамиҳои он даврон маҳрум гашта буданд.
Оид ба ин масъала дар матбуоти даврӣ бисёр гуфтаанду навиштаанд ва то ҳол баъзеҳо сабабгору гунаҳкорони онро меҷӯянд. Аммо, таҳлили вазъи ҳамонвақтаи Тоҷикистон, раванди ҳодисаҳои бавуҷудомада ва натиҷагирии гурӯҳҳои тафтишотӣ тасдиқ намудаанд, ки сабабгорони аслии ҳаводиси номбурда маҳз роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) буданд.
Барои роҳбарону масъулони наҳзатӣ низ дар оғоз танҳо як баҳонае зарур буд, ки мардумро ба майдонҳо бароранд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ин усули санҷидашударо сарпарастони хориҷиашон ба онҳо, аллакай, омӯзонда буданд. Издиҳоме, ки дар майдон ҷамъ омада буд, фақат рӯзи аввали шӯриш мухолифати худро оид ба масъалаи гӯё ба арманиҳо додани манзилҳои истиқоматӣ дар миён гузошта буд. Вале, аллакай, дар рӯзи дуюми шӯриш талаботи онҳо тамоман дигар, яъне истеъфои роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон шуд.
Ифротиёни наҳзатӣ, ки он замон, аллакай, мавҷудияти худро ошкор карда, ҳамчун як қувваи манфиатҷӯ ва вобастаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба майдони сиёсии кишвар ворид шуда буданд, то  андозае ба аҳдофи нопоки худ расиданд. Яъне бо роҳандозии он шӯриш наҳзатиҳо дар  Тоҷикистон аввалин бор вазъияти муташанниҷи сиёсиро муҳайё сохтанд, эътимоди миёни одамон ва шаҳрвандон ба Ҳукумат аз байн рафта буд, дар ҷомеа таблиғоти пурзӯри мазҳабӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ шурӯъ шуд. Барои наҳзатиҳо маҳз чунин вазъият даркор буд, ки суботу оромии кишварро аз байн баранд, норозигии аҳолиро афзоиш диҳанд ва ҷомеаро ба самти барои худашон даркорӣ равона созанд. Яъне, чуноне дар урфият мегӯянд: «Обро лойолуд намуда, моҳӣ доштанӣ буданд». Онҳо бо ин амалашон барои фаъолияти минбаъдаи тахриботии худ замина гузоштанд. Баъд аз воқеаҳои февралӣ наҳзатиҳо фаъолияти табоҳкоронаи худро вусъат дода, таблиғоти динии барои мардуми мо бегона, бадномсозии мақомоти давлатӣ ва мазҳабисозии ҷомеаро пурзӯр намуданд. Бо дастури сарпарастони хориҷии худ ва истифодаи усулҳои санҷидашудаи хадамоти махсуси баъзе кишварҳо, наҳзатиҳо дар як муддати кӯтоҳ дар кишварамон сохти конститутсионӣ, демократия ва дунявиятро аз байн бурданд, фаъолияти сохторҳои давлатиро фалаҷ карданд, мардумро ба гурӯҳу маҳалҳо, “мусулмон”- у “кофар” ҷудо карданд ва оқибат ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд.
Яъне тамоми фаъолияти тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буданд. Оғози ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳою даҳшатафкании наҳзатиҳо аз он замон оғоз шуда буданд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад.
Агар масъулони ҳамонвақтаи баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён ва фаъолони ҷомеа сари вақт аз макри наҳзатиҳо ва мақсади нопоки онҳо огоҳ мешуданд ва пеши роҳи фаъолияти минбаъдаи харобиовари онҳоро ҳамон вақт мегирифтанд, шояд дар Тоҷикистони азизамон ҷанги дохилии таҳмилӣ ба амал намеомад ва ҳазорон одам куштаю бехонумон намегардид…
Вале, шукри беадад, ки мардуми ранҷдидаи мо дар авҷи даргириҳои дохилӣ соҳиби сарвари дилсӯзу ғамхоре дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон гардида, дар кӯтоҳтарин фурсат харобаҳои даврони баъдиҷангӣ бартараф ва кишвари азизамон ба яке аз ҷумҳуриҳои бонуфузе табдил гашта,  дар байни дигар давлатҳои олам мақоми хоси худро соҳиб гашт.
Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва оромиву ягонагӣ ҳукмрон, мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳид гашта, барои ободтару зеботар шудани сарзамини худ талош менамоянд.
Инак, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои февралии соли 1990 будани ҷинояткорони наҳзатиро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои февралӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарси ибрат бошад ва ҳар як фарди бо нангу номусу соҳибмаърифати моро зарур аст, ки доим ҳушёр бошад, то неруҳои бадхоҳу табоҳкори наҳзатӣ  ва дигар созмону ҳаракатҳои ифротӣ барои татбиқи нақшаҳои аз ҷониби хоҷагонашон тарҳрезишуда муваффақ нашаванд.

Наҷмиддин САЛИМЗОДА, сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 221
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед