logo

сиёсат

 ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

 
7 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба муносибати Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.
Тавре таъкид гардид, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Рӯзи Модар дар Тоҷикистон муждаи оғози фасли баҳор ва фарорасии Ҷашни Наврӯзи дилафрӯз буда, аз мутобиқати сиришти занону духтарони тоҷик ба зебоиву рангорангии табиати Тоҷикистон башорат медиҳад.
Заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи занону духтарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтмони сарнавиштсози Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва саҳми бузурги онҳо дар рушди қонунгузорӣ, соҳибкорию тиҷорат, соҳаҳои энергетика, молияву бонкдорӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат махсус таъкид карда шуд.
Дар баробари тарбияи фарзандон ва сарфаю сариштакорӣ дар оила, тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ одат додани аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва нигоҳ доштани саломативу тандурустии онҳо,  аз  вазифаҳои  аввалиндараҷаи зан - модар ва духтарони  тоҷик,  хусусан дар деҳоти мамлакат, арзёбӣ гардид.
Маҳз беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне риоя накардани талаботи беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад, таъкид доштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки мардуми шарафманди тоҷик набояд ба таҳлука афтода, ба овозаҳои бардурӯғ  ва муносибати манфиатхоҳонаи гурӯҳҳои ҳангоматалаб бовар кунанд, балки ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд ва ба ҷои  хариди миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокаву захирасозии он   ба қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагӣ ва озода  нигоҳ  доштани манзили зист, ҷои кор ва маҳали истиқомати худ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки модарони шарафманди тоҷик ва бонувони матиниродаи мамлакат минбаъд низ дар татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саҳми назаррас гузошта, барои мусоидат ба рушди деҳоти Тоҷикистон, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбият, соҳибилм ва соҳибкасб намудани насли ҷавону ояндасози давлату миллат садоқатмандона талош менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки занону бонувони тоҷик бо маърифати баланд ва дониши муосир метавонанд дар таҳияи қонунҳои мутобиқ ба талаботи давру замон дар сатҳи парлумони касбии мамлакат, тарбияи фарзанд, мусоидат ба солимии ҷомеа, танзими ҷашну маросим, ҷалби ҷомеа ба китобу китобхона ва ҳунаромӯзӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон нақши назаррас гузоранд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорату кордонӣ ва донишу фаросати модарону бонувони тоҷик эътимоди бузург дорад ва минбаъд низ барои қадршиносии заҳмати софдилонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои амалӣ меандешад.
Пас аз суханронӣ ба ифтихори Рӯзи Модар барномаи консертии пурмуҳтаво баргузор гардид, ки фарогири васфи истиқлолу озодӣ, Ватану ватандорӣ ва мақому манзалати зан - модар дар ҷомеа буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2020    №: 50    Мутолиа карданд: 232
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед