logo

туризм

РАВОДИДИ БИСЁРКАРАТА ВА НАҚШИ ОН ДАР ҶАЛБИ САРМОЯВУ РУШДИ САЙЁҲӢ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад. Сарвари давлат дар идома дастур доданд, ки бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.

Хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» оид ба раванди татбиқи ин нишондоди Паём дар нишасте аз Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, суол кард. Вазири корҳои хориҷии мамлакат бо қаноатмандӣ аз корҳои анҷомшуда ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои муаззами миллат изҳор дошт: «Хушбахтона, ман метавонам гӯям, ки қарори дахлдор оид ба додани раводиди яккарата ва бисёркарата ба муҳлати 90 рӯз ва будубош дар Тоҷикистон то 60 рӯз аз ҷониби Президенти муҳтарамамон ба имзо расид. Шаҳрванди хориҷӣ барои раводиди яккарата тавассути равобити  электронӣ 30 доллари ИМА  ва барои раводиди бисёркарата 50 доллар пардохт менамояд ва дар муҳлати будубош метавонад чанд маротиба ба Тоҷикистон ворид ва хориҷ шавад. Ҳоло ду лоиҳаи қарори дигар: яке додани раводиди бисёркаратаи панҷсола ба соҳибкорони хориҷӣ ва дигаре раводиди бисёркаратаи сесола ба ҳамватанони бурунмарзӣ дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд ва интизор меравад, ки ба зудӣ тасвиб шаванд».
Ин дар ҳолест, ки 3 сол қабл бо мақсади фароҳам овардани шароити иловагӣ ва муосири ҳуқуқӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ, инчунин, беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар тавассути танзиму таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва маданияти сайёҳии ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул шуд. То кунун таҷриба собит намуд, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти маълумотноксозии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон оид ба таъриху тамаддун, фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, мусоидат намудан ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти васеи қабули сайёҳони хориҷӣ дар кишвар мусоидат намудааст.
Бояд гуфт, ки аз моҳи июни соли 2016 тартиби электронии раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифи бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Ин ба он мусоидат намуд, ки ҷуғрофияи ташрифи сайёҳони хориҷӣ васеъ гашта, вурудашон бамаротиб афзуд. Гузашта аз ин, дар заминаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохти андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз даромад озод шуданд, ки ба рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат мекунад.
Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) таъкид намуданд: «То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдор гардидааст. Бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияи муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».
Бешубҳа, рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад. Чанде қабл дар Маҷлиси намояндагон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» ба тасвиб расид, ки ба ҳамин самт нигаронда шудааст.
Назар ба гуфтаи Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молия, маблағи умумии лоиҳа 11 миллион доллари ИМА буда, ҳадафи асосии он беҳтар намудани иншооти сайёҳӣ дар чаҳорчӯбаи Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Як қисми он лоиҳаҳои соҳаи сайёҳиро дар бар гирифта, қисмати дигараш ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барқарорсозии роҳҳои минтақавии сайёҳии кишвар чун роҳи Сарихосор ва дар самти таъмини инфрасохтори зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ равона мегардад. Дар доираи татбиқи он ба маблағи 9,1 миллион доллар омодасозии лоиҳаҳо, таҳияи суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузарондани пурсишҳо дар ҷомеа, муайян намудани рӯйхати сармоягузориҳо, хидматрасонии сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, 186 ҳазор доллар ба хариди молҳо ва 700 ҳазор доллар барои нақша - чорабиниҳои ғайричашмдошт равона мегардад.
Ба гуфтаи Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, лоиҳаи мазкур аз ду қисмат - яке такмили низоми омори соҳаи сайёҳӣ ва мутобиқгардонии он  ба стандартҳои ҷаҳонӣ тибқи муқаррароти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва дуюм - омӯзиши иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон иборат аст. Барои омӯзиши иқтидорҳои сайёҳӣ беш аз 3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва 2 ҳазор сайёҳи дохилӣ мавриди назарсанҷӣ қарор дода, маълумоти зарурӣ дар ин самт омода мегардад.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2020    №: 52    Мутолиа карданд: 265
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед