logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЯКСОЛАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

«Тоҷикистон, ба пеш!». Чун ба сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар дар соли 2019 аз равзанаи эҳтирому сипос бо дидаи ибрат менигарӣ, бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунӣ, ҳамин даъвати ватанпарваронаашон ҳар фарди баору номусро солики роҳи созандагию ободии диёр месозад. Ва ҳар ҷое мераванд, аз файзу баракати заковати роҳбарӣ ва ҳидояти хирадмандонаашон он ҷо шукӯҳи нав мегирад. Ҳамин ангеза мабдаи қадамҳои устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар масири рушд гаштааст, ки дар бунёди даҳҳову садҳо корхонаҳои саноатӣ, биноҳои хуштарҳи маъмурию истиқоматӣ, роҳу нақбҳо, мактабу шифохонаҳо, марказҳои савдо, боғҳои фароғатӣ таҷалло меёбад. Бо ҳар сафари Пешвои муаззами миллат дар қалби мардуми шарифи тоҷик ин даъват ҳарчи бештар акси садо пайдо мекунад ва, бешак, ин ҳамдилию ҳаммаслакӣ роҳи мурод кӯтоҳ ва боғи армонҳои миллиро шукуфо месозад. 
 
ДУШАНБЕ
ДУРАХШИ НАВИ ОЙИНАИ МУҶАЛЛОИ ТОҶИКИСТОН
Ба эътирофи ҳам мардуми шаҳру навоҳии кишвар ва ҳам хориҷиён пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе дар ду-се соли охир ба таври ҳайратангез бо синтези шаҳрсозии шарқию ғарбӣ симои нав касб карда, бо биноҳои хушсохт сар ба само мекашад. Ва ҷолиб он аст, ки бар хилофи анъанаи аҳди шӯравӣ, ки шаҳрдорӣ, асосан, ба ободии кӯчаҳои марказӣ таваҷҷуҳ менамуду зеботарин биноҳоро он ҷо месохт, феълан, майдони сохтмон қариб тамоми кунҷу канори шаҳрро фаро гирифт. Имрӯз хиёбону майдону боғҳои фароғатии муаттараш бо зеботарин ва нодиртарин гулу бутта ва дарахтҳои ороишии соири кишварҳои ҷаҳон рангинкамони баҳориро мемонанд. Пойтахт шаҳри биҳиштӣ шудааст. Чун Душанбе дар чашми ҷаҳониён ойинаи муҷаллои Тоҷикистон аст, бояд чунин бошад. Шаҳрдорӣ ва сарвари навҷӯи он Рустами Эмомалӣ бо дарки ҳамин рисолати умдаи пойтахт тарзи шаҳрсозию шаҳрдориро қотеона тағйир дода, ҳамзамон, маданияти пойтахтнишиниро боло мебарад.
Дар баробари ин, Душанбе аз нав ба маркази бузурги саноатӣ табдил меёбад ва аксар корхонаҳои наверо, ки мавриди истифода қарор мегиранд, муайянкунандаи «бори аввал» ҳамрадиф аст. Яъне, пойтахт дар пиёдасозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат пештоз аст. Ва бояд афзуд, ки дар фароҳамсозии шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмононаш низ. Он боғҳои фарҳангию фароғатие, ки вақтҳои охир бунёд шуданд, аз ҳама ҷиҳат собиқа надоранд. Хоса дар ороиш. 
Дар манзари ин ҳама таҳаввулоти сурату  сирати Душанбе дар ҷараёни омодагӣ ва  дастовардҳо ба истиқболи арзандаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самараи ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, Сарвари давлат дар ғояти серкорию серташвишӣ барои дидани ин ё он иншооти нави пойтахт ва кулли шаҳру навоҳӣ, ҳатто дурдасттарин русто бо камоли майл вақт меёбанд. «Бачаҳо чӣ хел сохта бошанд?» - ҳамин шавқмандию кунҷкобӣ, нияти ҳамаашро бо чашми худ дида, тасанно гуфтан, дар зарурат маслиҳате додан буд, ки соли гузашта дар мавриди истифода қарор гирифтан ё бунёд ёфтани даҳҳо иншооти нав шахсан ширкат доштанд. Чун муште аз хирвор аз чанди он алъон ёдрас мешавем.  
 
ДАР СЕ СОЛ – 25 МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи шаҳрдор Рустами Эмомалӣ 15 март дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 19 март дар арафаи Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт дар маросими ифтитоҳи биноҳои хуштарҳи чор ва сеошёнаи муассисаҳои нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 барои 1560 хонанда ва рақами 99 барои 1260 хонанда иштирок ва суханронӣ карданд. 
Тавре таъкид доштанд, алҳол дар пойтахт беш аз 52 ҳазор хонанда дар ду баст таҳсил мекунад, ки чунин вазъ мунтазам бунёд кардани мактабу синфхонаҳои иловагиро тақозо менамояд. Вобаста ба ин, моҳи феврали соли 2017 ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳр супориши Сарвари давлат ин буд, ки дар муддати се сол, яъне то соли 2020, дар шаҳри Душанбе 25 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шавад. Дар доираи татбиқи ин супориш ҳоло бо ҷалби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ ва соҳибкорони ватанӣ бунёди 22 муассисаи таълимӣ бо беш аз 40 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар зарфи ду соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои зиёда аз 11 ҳазор хонанда ба маблағи умумии 113 миллион сомонӣ ва ду муассисаи томактабӣ ба анҷом расид. Дар сурати татбиқи пурраи нақша мушкилоти таъминот бо ҷойи нишасти муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт, асосан, ҳаллу фасл мегардад.
Имрӯз дар кишвар 636 муассисаи томактабӣ ва қариб 1700 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд, ки дар онҳо 143 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 14 дарсади шумораи умумии кӯдакони синни томактабӣ баробар мебошад. Тибқи барномаҳои давлатӣ ин рақам то соли 2021 ба 30 ва то соли 2030 ба 50 дарсад расонда мешавад. Дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 31 муассисаи хусусӣ бо фарогирии 28 ҳазор кӯдак, ба таълиму тарбия машғул мебошад, ки ин нишондиҳанда 33 фоизи шумораи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар миқёси мамлакат хеле назаррас бошад ҳам, ҳанӯз талаботи торафт афзояндаро дар шаҳр қонеъ карда наметавонад. Аз ин рӯ, шаҳрдорӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт тадбирҳои муассир меандешад.
 
ИЗЗАТУЛЛО ДАВЛАТОВ 27 МИЛЛИОНРО БА ЧӢ САРФ КАРД?
Дар арафаи Ҷашни бостонӣ ва навқабои Наврӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ “Бисот” ба фаъолият шурӯъ намуд. Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иззатулло Давлатов бо харҷи беш аз 27 миллион сомонӣ сохта шуда, номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравии замонавӣ мебарорад. Дар маҷмӯъ, иқтидори солонааш истеҳсоли 1500 маҷмӯи мебелҳои гуногуни нарм буда, пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Олмон ва Италия, ворид карда шудаанд. Ашёи хом, ба монанди чӯбу тахта, фурнитура ва дигар қисмҳои металлӣ аз Россия, Италия ва Туркия дастрас мешаванд.
Дар шафати корхона бинои хуштарҳи сеошёна - толори фурӯши мебели “Бисот” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. ҶДММ “Бисот” дар нияти бунёди коргоҳи истеҳсоли қисмҳои филизии мебел ва як бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои коргарон низ мебошад.
 
“ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ СИМФОНӢ” КОНСЕРТ МЕДИҲАД
Яке аз дастовардҳои шоёни санъати мусиқии касбӣ дар даврони истиқлол муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо тасмими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис дода шуд. Дигар далели таваҷҷуҳашон он аст, ки оркестр бо бинои алоҳида таъмин гашт. Бо фароҳам омадани шароити созгор фаъолияти оркестри симфонӣ ибтидои соли 2018 расман оғоз ёфт. Айни замон дар ҳайати он зиёда аз 100 мутрибу мутахассиси ҷавон - хатмкардагони мактабҳои мусиқии касбии ватанӣ ва хориҷӣ ба эҷодкорӣ машғуланд.
Дар аввалин консерти оркестр, ки 15 март дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифт, арҷмандтарин меҳмони мусиқорҳои тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе ва намояндагони аҳли фарҳангу адаб низ шоҳиди ҳунарнамоии волои аъзои ансамбл шуданд.
 
ДУШАНБЕ АВТОБУСИ «АКИА» ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД
19 март Сарвари давлат дар ноҳияи Фирдавсӣ ба оғози фаъолияти нахустин заводи автобусҳо “Акиа Авесто Автоматив Индастри” фотеҳаи нек доданд, ки бо харҷи 90 миллион сомонӣ бунёд ёфт.
Корхонаи муштаракро ширкатҳои ватании «Авесто Гурӯҳ» ва туркии «Улишем» таъсис доданд, ки соле то 300 автобус мебарорад. Шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Зимнан, 200 автобусе, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе харида буд, аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштарак  бандубаст гардид. Муддати як сол аст, ки онҳо дар хизмати сокинон ва меҳмонони пойтахт қарор доранд. Автобусҳои “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5” ҷавобгӯ буда, дар онҳо муҳаррики ширкатҳои бонуфузи олмонии “Мерседес Бенс” ва “Zahnrad Fabrik” насб мегарданд. Тибқи нақша, марҳила ба марҳила панҷ намуд нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол мешавад. Дар навбати аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо ғунҷоиши 98 мусофир.
Сарони «Авесто Гурӯҳ», баъдан, ба Сарвари давлат лоиҳаи  корхонаи истеҳсоли лӯлаҳои шишапластикиро муаррифӣ карданд, ки он дар ҳамдастӣ бо ширкати туркии “Суперлит Бору” татбиқ мегардад. Аҳамияти вижаи корхонаи нав дар он аст, ки метавонад аз бозигарони асосии бозори дохилӣ гашта, ҳиссаи маҳсулоти  воридотиро  коҳиш  диҳад. Сохтмони он вақтҳои наздик оғоз меёбад.
 
«КОРВОНИ ШОДИЁНАИ НАВРӮЗӢ» БОРИ АВВАЛ БА РОҲ БАРОМАД
21 март дар майдони “Дӯстӣ” - и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ зимни суханронӣ кулли иштирокчиён ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.
Барномаи воқеан муҳташаму рангоранги “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ”, дар маҷмӯъ, аз 13 бахши фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Рамзи наврӯзӣ”, “Паёмоварони баҳор”, “Омадани баҳор”, “Маросими гулгардонӣ”, “Маросими суманакпазӣ”, “Маросими ҷуфтбаророн”, “Модар - рамзи абадият”, “Сайри об”, «Ҳафт хони наврӯзӣ», «Ашагулон» иборат буд, ки рамзу анъанаҳои  ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро басо ҷолибу хотирмон ҷилвагар сохтанд. Ҳунари волои зиёда аз 24 ҳазор иштирокдори намоиш тамошобинони сершуморро тасхир намуд. “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат бори нахуст ташкил карда шуд. Нимаи дуюми рӯзи 22 март бо ширкати Пешвои муаззами миллат ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ баргузор гардид.
 
ИФТИТОҲИ БОҒИ “КУРУШИ КАБИР” ДАР ПОЙТАХТ
Ибтидои соли гузашта, аниқтараш 21 январ, Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ ҷиҳати навсозии пурраи боғи атрофи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастур дода буданд. Тӯли яку ним сол бо саъю кӯшиши кормандони агентӣ тарҳу симои он ба куллӣ тағйир дода шуд ва  он  ба  як макони аҷоиби фарҳангию фароғатии сокинони пойтахт табдил ёфт. 7 июн ҳангоми тамошои боғ аз симои куллан дигаршудаи он ибрози қаноатмандӣ намуданд.
Масоҳати боғи “Куруши Кабир” наздики 5 гектарро ташкил медиҳад. Он 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо оро ёфтааст ва 22 даромадгоҳи хурд дорад. Дар ду тарафи боғ амфитеатрҳо бо фаввораҳо бунёд шудаанд. Барои сайругашт ва истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт 4 майдончаи истироҳатӣ, ду гулгашт бо фаввораҳо ва 90 нишастгоҳ муҳайё кардаанд. Барои кӯдакон ҳам шароити олиҷаноби бозӣ фароҳам овардаанд: чор майдонча бо таҷҳизоти аҷоиб дар ихтиёрашон мебошад. Дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се майдони футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст.
Равшании боғро баъди шом зиёда аз 900 чароғаки барқӣ ва 6 маҷмӯи равшандиҳандаҳои галогенӣ таъмин менамоянд. 5700 дарахту буттаи ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра, ки аз Италия, Испания, Франсия, Олмон ва Нидерланд ворид гардиданд, ба боғ ҳусни нотакрор бахшидаанд. Зиёда аз 350 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонда, масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ сабзазор шудааст. Гирдогирди боғ дар масоҳати 1500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия овардаанд, оро ёфтааст. Барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар рушди фарҳанги кишвар дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собироваро гузоштаанд.
Куруши Кабир номгузорӣ шудани боғи нав бесабаб нест. Ин абармарди таърихӣ асосгузор ва шоҳи сулолаи Ҳахоманишиён буд. Дар таърихи инсоният маҳз дар давраи салтанати ӯ, соли 539 пеш аз милод, аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардид. 
 
«СИЁМА» ТЕХНОЛОГИЯИ «СИДЕЛ» - РО РОҲАНДОЗӢ НАМУД
27 август корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма" - и ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" ба фаъолият пардохт. Он соле 33 миллион литр оби нӯшоӣ истеҳсол менамояд. Технологияи корбастшуда мансуби ширкати маъруфи "Сидел" - и Франсия аст, ки пурра автоматӣ амал мекунад. Муҷаҳҳазсозии техникии "Сиёма" - ро мутахассисони Франсия, Италия, Лаҳистон, Чехия, Россия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом доданд.
Барои таъмини сифати сатҳи байналмилалӣ  об аз филтрҳои кварсӣ, карбонӣ, керамикӣ ва ионикунӣ гузаронда мешавад. Истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст.
Хати технологии истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ бошад, аз ширкатҳои машҳури “Altec” - и Чехия ва “STM” - и Лаҳистон, инчунин, аз “ЗавКом Инжиниринг” - и Федератсияи Россия харид шудааст. Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти аълосифат лабораторияи муосир бо   таҷҳизоти замонавӣ, бахусус муайянкунандаи зичии дараҷаи машрубот аз ширкати австриягӣ  таъмин гардидааст, ки дар айни замон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ назир надорад. 
Воқеан, об барои корхона аз дарёи Сиёма оварда мешавад,  ки аз қабати пиряхҳо сарчашма мегирад. Дар як озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ дар ИМА он дар даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифт.
 
КӮЛИ «ДУШАНБЕ»: АТРАКСИОНҲОЕ, КИ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ НАЗИР НАДОРАНД
Спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер. Яқин, ки барои аксарияти кулл ин вожаҳо то имрӯз маълум набуданд. Онҳо намуди атраксионҳое мебошанд, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ дар Маркази нави истироҳатию фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» мавриди истифода гаштанд. Ин марказ, ки 30 август расман кушода шуд, дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ назди соҳили дарёи Варзоб воқеъ буда, ба 17 гектар доман густурдааст. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ин мавзеъ бо вижагиҳои худ сари ҳар қадам шахсро ба ҳайрат меорад. Он дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмони дохилу хориҷи кишвар хизмат мерасонад. Дар ҳудуди МИФС 3 бинои нав бо санъати меъмории хосса сохта шудааст.  Дар назди бинои мазкур майдончаи кушоди консертӣ, дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб ва тасвирҳои рангоранг, шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст. Ғайр аз ин, катамаран, флейборд ва гидросиклро метавон иҷора гирифт.
Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, рӯйпӯш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад. Дар баробари ин, барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд. Дар гирди кӯл дар масофаи 2000 метр пайроҳаро барои давидан ва велосипедронӣ омода кардаанд.
Дигар қисмати аҷоибаш аквапарк (парки обӣ) мебошад, ки дар масоҳати 2,6 гектар доман густурда, дар Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад. Он аз ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳо барои калонсолону кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад. Дар парки обӣ 16 атраксиони обӣ насб шудааст, ки ба кишвар бори аввал аз Туркия ворид кардаанд. Аз ҷумла, атраксионҳои спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер. 30 август баъди сайругашт дар кӯли “Душанбе” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули заҳмати роҳбарияти шаҳрдории Душанбе ва соҳибкорон баҳои баланд доданд.
 
УМРИ ДУБОРАИ БЕМОРХОНАЕ, КИ ҚАРИБ 60 СОЛ КӮДАКОНРО ШИФО МЕБАХШИД
Ин беморхона, ки ҳанӯз соли 1939 сохта шудааст, таърихи дерина ва ҷолиб дорад. Аз ҷумла, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз фронт ҷанговарони захмие, ки ба  Душанбе фиристода мешуданд, дар ин ҷо табобат меёфтанд. Муассиса аз соли 1963 то кунун, яъне дар зарфи қариб 60 сол  ҳамчун беморхонаи клиникии сироятии кӯдакон дар хизмат буд. Табиист, ки бо гузашти даҳсолаҳо куҳнаю фарсуда гашт. Аз лиҳози таҷҳизоти табобатӣ низ дар сатҳи асри гузашта монда буд. Чун Тоҷикистон як «оилаи калони серфарзанд»-ро мемонад, яъне кӯдакон зиёданд, зарурати беморхонаи нав ба миён омад. Бо ибтикори шаҳрдорӣ ҷиҳати қонеъсозии ниёзи афзудаи аҳолӣ бинои нави шашошёнаи беморхонаи клиникии сироятии кӯдакон бо 200 кат бунёд ёфт, ки 1 сентябр дари худ боз кард.
Дар ин маркази муосири муолиҷавӣ 260 мутахассиси варзидаи тиббӣ ба кор ҷалб шуд.
 
ПОЙТАХТ ПАНҶСИТОРАБОРОН МЕШАВАД
Тавре дар сароғози сухан таъкид рафт, Душанбе, бо вуҷуди ин қадар зебою дилоро шудан, ҳамоно як майдони азими сохтмонро мемонад. Ва як бахши муҳими он бунёди меҳмонхонаҳост. Агар аз равзанаи қиёс ба ин сохтмони пуравҷ бингарем, бинокорони имрӯза ҳамкасбони пешини худро басо қафо гузоштаанд. Дар солҳои шӯравӣ дар Душанбе асосан се меҳмонхонаи замонавӣ машҳур буд, ки меҳмононро аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ё хориҷа бо ифтихор он ҷо мебурданд. «Душанбе», «Тоҷикистон» ва «Авесто» ном доштанд онҳо ва аз ин миён танҳо дуюмӣ баландошёна буд. Ҳоло бошад, дар пойтахт шумораи меҳмонхонаҳо, аз ҷумла панҷситорадор ончунон зиёд шуда, номи наҳамаашро медонӣ. Гузашта аз ин, дар пойтахти кишварамон брендҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Хилтон, Ҳайят меҳмонхонаҳои бошукӯҳ сохтаанд. Бо вуҷуди ин, ниёз ба бунёди иншоот торафт меафзояд. Зеро Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои кушода бо соири кишварҳои дунё равобиту ҳамкориҳои судманд дорад ва мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар пойтахти он сурат мегиранд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон чун кишвари сулҳофар ва ташаббускори глобалӣ дар масъалаи об басо зиёд мизбони конфронсҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои сатҳи баланд дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва ғайра мешавад. Омили сеюм, ба таври инқилобӣ афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла дар Душанбе.
Яъне, ҳам кишвари маҳбуб ва ҳам пойтахташ басо сермеҳмон гаштаанд, ки онҳоро дар сатҳи арзанда пазироӣ намудан, аз ҷумла дар меҳмонхонаҳои хуштарҳи замонавӣ, аз суннатҳои меросии мост.       
Маҳз аз ҳамин хотир, даҳаи аввали моҳи сентябр барои Сарвари давлат як навъ «даҳаи меҳмонхонаҳо» шуд. Ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» (бо эҳтимоми соҳибкор Баҳром Ашӯрматов), дар ҳамин ноҳия меҳмонхонаи 12 - ошёнаи «Сафо плаза» (соҳибкор Ҷунайдулло Азизов), дар хиёбони Рӯдакӣ меҳмонхонаи панҷситорадори 24 - ошёнаи "GRAND RUDAKI TOWER" (ҶДММ "Себистон - 2018"), дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино меҳмонхонаи 5 - ситорадори 24 - ошёна, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи 9 - ошёна (соҳибкор Анвар Қурбонов), дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонӣ меҳмонхонаи 9-ошёнаи  “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” (соҳибкор Наврӯз Усмонов) оғози расмӣ бахшиданд. Зимнан, бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар беш аз 80 давлати дунё дар бар мегирад. Аз ин миён, 36 меҳмонхонаи “Wyndham Grupp” дар кишварҳои аъзои ИДМ фаъолият дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонхонаи “WYNDHAM” бори нахуст сохта мешавад.
 
ДУШАНБЕ ДАР ҚОЛИНБОФӢ РАҚИБИ ҚАЙРОҚҚУМ МЕГАРДАД
17 сентябр Ҷаноби Олӣ дар ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ – ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузоштанд. Иқтидори корхона соле истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин мебошад. Дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил” - и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳанд шуд. Дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегардад, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъйиноти содиротӣ дорад.
“Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди сохта ба истифода додани он, 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Арзиши лоиҳаи мазкур 120 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки корхонаи нави саноатӣ то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
 
«ЗИРКОН» БА ОЛМОН САНГҲОИ ОРОИШӢ МЕФИРИСТАД
Дар ин рӯз Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе ба калонтарин корхонаи нави коркарди санг - ҶДММ «Зиркон» ташриф оварданд, ки дар як сол зиёда аз 180 ҳазор метри мураббаъ сангро коркард менамояд. Дар «Зиркон» таҷҳизоти махсуси буридани сангҳои калонҳаҷм мавҷуд аст, ки дар кишвар назир надоранд. Дар маҷмӯъ, дар корхонаи нав зиёда аз 40 номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосир васлу насб гардидаанд. Дастгоҳҳои мазкур бо барномаи рақамӣ идора мешаванд. То имрӯз дар кишвар чунин технология танҳо барои ороиш дар рӯйи чӯбу тахта мавҷуд буд.
Истеҳсолоти нав бо харҷи 55 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармояи мустақим бунёд гардидааст. Ин ҷо бо истифодаи зиёда аз 20 намуд санг 50 намуд маҳсулот мебароранд. Аз ҷумла, сангҳои ороишӣ, лавҳаҳои мармарӣ, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, сафолакҳои сангин, зинаҳо, зерпоя, сабадҳои ҳархела, лавҳи хӯрокпазӣ, зертахтаҳои тиреза, ҳайкалҳо, шипангчаҳо, оташдонҳо, сутунҳои калонҳаҷми гуногуншакл, бо нақшу нигори миллӣ ва ғайра.
Санг аз ноҳияҳои Ванҷ, Шаҳритуз, Шаҳристон, Рӯдакӣ ва Варзоб дастрас мешавад. Маҳсулоти корхона аз ҷиҳати сифати рангу ороиш аз истеҳсолоти айнии кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ба монанди Италия, Финляндия, Чин, Россия, Ҳиндустон ва дигарҳо камӣ надорад. Ин аст, ки «Зиркон», аллакай, ба ИМА, Олмон ва Қатар мол содирот мекунад. Ва ин танҳо аввали кор аст.
 
БИНОИ МУҲТАШАМИ "АМОНАТБОНК" ҚОМАТ АФРОХТ
Дар қатори биноҳои хушсохти замонавӣ, ки теъдодашон дар пойтахт на сол ба сол, балки ҳар моҳу ҳафта меафзояд, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави даҳошёнаи Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" қомат афрохт. 17 декабр дар маросими ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳузур доштанд. Дар дохили бино 121 ҳуҷраи муҷаҳҳази корӣ ҷойгир буда, барои 500 корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст. Зимнан, "Амонатбонк" чанде қабл дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикиро харид намуд ва минбаъд барои мизоҷон онҳоро худ таҳия месозад.
БДАТ «Амонатбонк» таърихи беназири зиёда аз 130-сола дорад ва дар ошёнаи даҳуми бинои нав ташкил кардани осорхона нишони ифтихори насли имрӯзаи бонкдорон аз гузаштаи пуршарафи муассиса аст. Сарвари давлат низ таъкид намуданд, ки “Амонатбонк” дар низоми бонкдории мамлакат нақши калидӣ бозида, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъати фаъолияти он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
 
ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОҒИ ТОҶИКӢ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?
Нахустин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 - ум 24 феврал ба ноҳияи Данғара сурат гирифт. Чун баҳори гулафшону эҳёи табиат фаро мерасид, мебоист дар саросари мамлакат ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва мавсими киштукор аҳлона дасту остин барзад.  Ин нияти нек беш аз 1000 нафар мутахассиси соҳаи боғдории вилояти Хатлон, аҳли заҳмати хоҷагиҳои боғпарвари ноҳияро сари замин овард.
Дар ҳузури Сарвари давлат имрӯз масоҳати боғоти серҳосили  ноҳия ба 100 гектар  густурдатар гашт.  Дар маъракаи  кунунӣ себҳои навъи “Фуҷи атсек” - 28500, “Моди” - 16200, “Ҷералдини” - 16000 ва «Пингледӣ” - 3000 ниҳол, дар маҷмӯъ, беш аз 63 ҳазор ниҳол шинонда шуд, ки барои боғдорони ҷумҳурӣ навъҳои комилан наванд. Тибқи маълумоти коршиносони соҳа, масалан, навъи тагпайванди себи «Моди - “ММ -106” аз як гектар 50 тонна мева медиҳад. Ана ин ҳосил! Ниҳолҳои себ асосан аз кишвари Краснодари Россия оварда шудаанд.
Мавриди таъкид аст, ки солҳои охир бо ҳидоят ва дастгирии Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ технологияҳои боғдории интенсивӣ (серҳосил) роҳандозӣ мешаванд ва таваҷҷуҳи хоссаашон ба усулҳои нав сирф прагматикист. Зеро боғҳои серҳосил нисбат ба боғҳои маъмулии тоҷикӣ то 10 (!) маротиба бештар мева медиҳанд. Аз ҳамин хотир, порина бо ибтикорашон, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара дар майдони 100 гектар боғи серҳосил бунёд ёфта буд, ки соле пас комҳоро ширин хоҳад кард.
Аз ширкати Президенти кишвар дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ метавон ду маънӣ бардошт. Аввалан, таъкиди навбатӣ бар он аст, ки боғдории тоҷикӣ бо истифодаи густурда аз технология ва агротехникаи муосир бояд рӯ ба боғоти серҳосил орад. Зеро, бо вуҷуди мусоидтарин иқлими парвариш, шаҳду лаззати нотакрор ва беназирии экологии себҳои тоҷикӣ, ки дар хориҷи кишвар низ серхаридоранд, дар шароити имрӯза ҳосилнокии боғҳои маъмулии мавҷуда дар муқоиса бо амсилаи хориҷияшон ночизанд. Яъне боғдории ватаниро танҳо бо усулҳои навине, ки дар кишварҳои рушдкарда самаранокии баландашон собит шудааст, метавон босуръат тараққӣ дод. Ва дар ҳар ноҳия аз бунёди боғҳои серҳосил бо хушнудӣ ва қаноатмандӣ истиқбол кардани Сарвари давлат аз ҳамин нияту ҳадафҳо бармеояд.
Сониян, тибқи таъбири «ба доно як ишорат», дар боғҳои нав шинондани ниҳолҳои серҳосили навъҳои комилан нави себ ва дигар меваҷот аз кишварҳои дигар на ба он хотир аст, ки боғҳои мо бояд сирф аз ниҳолҳои хориҷӣ ташаккул дода шаванд. Ба он хотир, бо маблағҳои ҳангуфт аз хориҷа меоранд, ки боғдорон, хосса олимони соҳа набзи асри ХХI-ро воқеан эҳсос кунанд ва аз ин намунаҳои барҷастаи ранҷи ҳамтоёни хориҷияшон фаҳманд, ки онҳо чӣ андоза пеш рафтаанд. Ва ба хулоса омада, дар асоси ин навъҳо аз паи офаридани навъҳои нави себ ва дигар меваҳои ватанӣ шаванд, ки ҳосилнокӣ ва намуди молияшон қобили ниёзи имрӯза бошад. Ин қафомонии ҷиддӣ бояд бо тадбирҳои мушаххаси Вазорати кишоварзӣ бартараф карда шавад.      
 
«ГАНҶ» ВА МУШКИЛИ ТАЪМИНОТ БО АШЁИ ХОМ
Туҳфаи арзандаи наврӯзие, ки соҳибкорон ба мардум карданд, бунёди ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии «Ганҷ»  дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон - Қалъаи ноҳияи Кӯшониён шуд, ки дар минтақа калонтарин маҳсуб меёбад. Даъвати соҳибкорони ватандӯстро пазируфта, 23 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба фаъолияташ оғози расмӣ бахшиданд.
Иқтидори солонаи он коркарди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани рустанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора  мебошад. Дар «Ганҷ» 40 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуд. Барои истеҳсоли равған аз Федератсияи Россия ва Чехия технологияи пешрафта оварда, васлу насб карданд, ки феълан назираш дар кишварҳои минтақа вуҷуд надорад. То ҳол истеҳсоли равған аз офтобпараст, зағир, рапс ва масҳар дар ҳаҷми кам дар коргоҳҳои хурд ба роҳ монда шуда, талаботи бозор асосан аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад. Ба гуфтаи коршиносон, кунҷораи корхонаи мазкур норасоии хӯроки парандаро низ, ки айни замон воридотист, то андозае рафъ месозад.
Мушкил дар он аст, ки дар мамлакат ҳаҷми истеҳсоли зироати номбурда ба дараҷаи талаботи корхонаҳои саноатӣ нест. Аз ин рӯ, аз ҷумла корхонаи «Ганҷ» низ маҷбур аст қисми бештари ашёи хомро аз Қазоқистон оварад. Бешак, уштурро бо кафлес об додан натавон. Аз ҳамин хотир Пешвои муаззам ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва Вазорати кишоварзӣ барои тавсеаи кишти рустаниҳои равғандиҳанда супоришҳои мушаххас доданд.
 
ФАКУЛТЕТИ НАВИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР
Сарвари давлат ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими оғози фаъолияти  факултети сиёсат ва идораи давлатии донишгоҳ иштирок намуда, бо шароити таълим дар бинои нав шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбат доштанд. Зиёда аз 40 донишҷӯи ятим бо туҳфаҳои наврӯзии Сарвари давлат тақдир гашт.
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ дар вилояти Хатлон аст. Айни ҳол дар донишгоҳ 6340 нафар тариқи буҷетӣ,  10420 нафар шартномавӣ ва 586 донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд. Дар он 111 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла аз Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, муҳассиланд. Донишгоҳи давлатии Бохтар танҳо тӯли панҷ соли охир бештар аз 19 ҳазор мутахассиси соҳаҳои гуногун омода намудааст.
 
МАКТАБ МАКОНИ ГАНҶ АСТ
Агар чанд соли охир ба деҳаи Пушинг нарафта бошед, чун мактаби нави муҳташами онро бубинед, гумон мекунед, дар Душанбе қарор доред. Бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5, дар ҳақиқат, ниҳоят зебост ва ин дурдонаи Пушинг бо ҳиммати соҳибкорони деҳа арзи вуҷуд кард. Он барои 1520 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ду бинои алоҳида ва 30 синфхона иборат аст.
Мактаби якошёнаи пешина барои 850 хонанда дар назди ин кохи маърифат басо ҳақир метобад. Ва, агар роқимони ин сутур сокини ин русто мебуданд, бо сари баланд Пешвои миллатро ба бӯрёкӯбони мактаби нодир даъват менамуданд. Ва комилан табиист, ки 23 май зимни сафари дуюми худ ба Данғара Сарвари давлат, аз ҷумла дар расми ифтитоҳи ин кохи маърифат, ҳузур доштанд.
Зимнан, агар мушоҳида карда бошед, солҳои охир ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар мактабу кӯдакистонҳои ниҳоят зебою замонавӣ бо унсурҳои санъати миллии меъморӣ месозанд, ки қаблан чунин биноҳои хуштарҳ бо муосиртарин таҷҳизот  танҳо ба кӯдакону хонандагони Душанбе ва чанд шаҳри калони мамлакат насиб мекарду халос. Имрӯз дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари фарҳангсолор дар сохтмони биноҳои мактабҳои миёна ва олии кишвар воқеан ҳам, инқилоб ба амал меояд. Агар дар сифати таълими онҳо ҳам чунин таҳаввулоти деринтизор сурат мегирифт, нуран алонур мешуд. Чунки ҷавҳари нумӯи ҳар миллат илму маърифат аст, ки маҳз дар мактаб ташаккул меёбад.       
 
ДЕҲА БАРОИ ШАҲР ҶУРОБ МЕБОФАД
Баъди Пушинг меҳмони олимақомро бо як ҷаҳон ифтихор мардуми деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез пазироӣ намуда, ба тамошои маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» бурданд. Соҳибкор Сайфиддин Файзалӣ кори аҷибе кард, ки дар гӯшаи хаёли ҳамдеҳагонаш набуд. Бинои зебои сеошёна сохта, 50 бонуи хонашинро ба дӯхтани либосҳои ҳарбӣ ва кӯдакона банд намуд. Ин кор чӣ аҷобате дорад? Саросема нашавед. 25 таҷҳизоти ҷуроббофӣ ва 4 дастгоҳи чинии истеҳсоли матои хом овард, ки бо барномаи компютерӣ идора мешаванд.  Ана ҳамин тавр, на дар ягон шаҳр ё маркази ноҳия, балки дар як рустои маъмулӣ истеҳсоли ҷуроб ба роҳ монда шуд. Барои ашёи хом ҳоҷати дур рафтан нест: то маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ду қадам. Хуллас, деҳаи Ғарғара тавассути корхонаи «Файзи Карим», ки дар як шабонарӯз то 2000 метри мураббаъ матои нимтайёр ва беш аз 6 ҳазор ҷуфт ҷуроб мебарорад, метавонад бозори шаҳру навоҳии вилоятро аз ин мол сероб созад.
 
ДАР МЕҲМОНХОНАИ РУСТОӢ…ЛИФТ
Бо гузашти ҳамагӣ камтар аз се сол метавон гуфт, ки ташаббуси Пешвои муаззами миллат – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 шарорае шуд, ки гулхан афрӯхт, рӯдаке шуд, ки роҳ ҷониби дарё гирифт ва алъон бо эълони се соли дигар дар маркази таваҷҷуҳи давлат бахши хусусӣ қарор додани ривоҷи соҳаи сайёҳӣ дарё ҷониби баҳр равон аст. Як бурди пиёдасозии ин барномаи бузург он аст, ки ба ин василаи муассир, махсусан симои деҳоти Тоҷикистони азиз куллан дигар мегардад. Дар рустоҳо бо рушди инфрасохтори сайёҳӣ на танҳо маданияти қабули сайёҳон боло меравад, балки он ба тарзи рӯзгори мардуми маҳалҳо низ таъсири матлуб мерасонад. Ба ибораи дигар, дар деҳоти имрӯза ба шарофати рушди туризм падидаҳои маданияти шаҳрнишинӣ ҳарчи бештар зуҳур мекунанд. Як мисол. 6 август ҳангоми боздид аз ноҳияи Балҷувон Пешвои муаззамро ба ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавии “Сари Хосор” дар мавзеи Пушти Боғи деҳоти Сари Хосор хонданд. Бинои зебои сеошёна барои хизмати 60 нафар 30 ҳуҷра дорад, ки 3 ҳуҷрааш люкс (имрӯз ин мафҳум барои аҳли деҳот низ муқаррарӣ шудааст) буда, як ҳуҷраи дигар барои қабули меҳмони олиқадр пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ватандӯсте бунёд шудааст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар муваффақона фаъолият доранд. Албатта, Ҷаноби Олиро, ки басо ҷаҳонгаштаанду меҳмонхонаҳои сар ба афлок ё дар худи диёрамон меҳмонхонаҳои муҳташами замонавӣ бисёр дидаанд, бо ин иншооти сатҳи ноҳия ба ҳайрат овардан душвор буд. Аммо аз чашми некбинашон, аз ҷумла истифодаи лифт дур намонду хурсанд шуданд. Ба он маъно, ки ин падида танҳо дар назари аввал камарзишу ҷузъӣ метобад. Ҳоҷат ба таъкид нест, ки табиати Тоҷикистон нотакрору зебост ва сафи сайёҳони тасхиршуда босуръат меафзояд. Ҳамзамон, қабулу хизматрасонияшон низ бояд дар сатҳи баланд бошад.   
 
БИНОИ НАВИ ОСОРХОНАИ ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВОСЕЪ
Рӯзи дигар мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ховалинг низ бо камоли ифтихору сипос мизбон шуданд, ки дар ҷараёни корҳои созандагию ободкорӣ ба истиқболи Ҷашни мубораки 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони чандин иншоотро ба анҷом расонда буданд ва бо камоли тавозӯъ калиди ифтитоҳашон ба Сарвари давлат супурданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 920 хонанда, маркази хизматрасонӣ ва беморхонаи минтақавии № 2 дар деҳаи Лоҳутӣ бо эҳтимоми соҳибкорони маҳаллӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо Парчам ва Нишони давлатӣ, бинои нави маркази ҷавонон, инчунин, амфитеатр, ки соҳибкори маҳаллӣ Саймумин Юсуфов бунёд намудааст, аз ҳамин шумул буданд.
Дигар воқеаи фараҳбахш дар дараи Мухтор ба вуқӯъ  пайваст:  бинои  навбунёди Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур дар зодгоҳи фарзонафарзанди миллат бо ибтикори соҳибкорони ватанпарвар арзи ҳастӣ намуд.
Дар бинои дуошёнаи осорхона нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Тавре маълумот дода шуд, айни ҳол дар он қариб 1900 нигора ҷамъ овардаанд, аз ҷумла ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти Қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти мисӣ, чӯбӣ, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва ғайра. Дар рӯбарӯи бинои нав пайкараи шашметраи Восеъ гузошта шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ ва Муассисаи давлатии «Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ном гирифта буд. Дар ҳудуди он, ҳамчунин, меҳмонхонаи зебое дар хизмати меҳмонон мебошад.
 
214 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ТАҶДИДИ РОҲИ КӮЛОБ – МУЪМИНОБОД
Таҷлили солгарди 28 - уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори кишвар басо бошаҳомат, рангину ҷолиб сурат гирифт. Дар идомаи ҷашни муборак 10 сентябр Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод омаданд. Қадамашон хуҷаста шуд, зеро татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Муъминобод" оғоз ёфт. Он дар доираи марҳилаи сеюми барномаи "Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" сурат мегирад. Барои навсозии роҳи 35-километраи номбурда ва 6 пул 214,4 миллион сомонӣ масраф мешавад. 
Дар Муъминобод имрӯз Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсуси барқарорсозии саломатии беморони қалб бо беш аз 100 кат низ ба кор даромад. Зимни ифтитоҳи он 17 шахси маҳдудимкон аз Президенти мамлакат аробачаҳои маъюбӣ туҳфа гирифт.
Дар деҳаи Шаҳринави ноҳия дар корхонаи навбунёди консерв ва нӯшокиҳои ташнагишикани “Муъминобод” дар як баст 5 ҳазор қуттӣ нӯшоба, афшура ва мураббои мева ва то 2 ҳазор зарфи 2 - литра консервҳои сабзавот мебароранд. Акнун ҳисоб кунед, ки дар як сол чӣ миқдор мешавад?
Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро барои меваю сабзавот ҳоҷати ҷустани харидор намемонад. Ҳамчунин, корхона барои эҳтиёҷи истеҳсоли худ 6 гектар боғ бунёд кардааст. Зикр кардан ба маврид мебошад, ки дар он дар паҳлуи 50 коргари маҳаллӣ 30 нафар аз вилояти Суғд фаъолият хоҳад дошт. Дар оянда бо роҳандозии хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандон ба 200 нафар расонда мешавад.
Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат аснои сафар сари қадам дар ноҳияи Восеъ ба сохтмони роҳи 60 - километраи қитъаи Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт, ки бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд таҷдид мегардад, расман оғоз бахшида, сипас, озими шаҳри Кӯлоб шуданд. 
 
МКС «КӮЛОБ» ДАР 70 ГЕКТАР ГАРМХОНА МЕСОЗАД
Дар ояндаи наздиктарин Маҷмааи кишоварзию саноатии «Кӯлоб» имкони пурра дорад, ки минтақаро бо сабзавоти барвақтӣ  пурра таъмин созад. Бо ин мақсад, барои бунёди гармхонаҳо ба кооперативи тиҷоратии «Сайид Алии Ҳамадонӣ» 70 гектар замин ҷудо шудааст. Феълан дар як гектари он 10 гармхона мавриди истифода мебошад. Дар ин қитъаи замин, ки қаблан санглох буд, барои обёрии гармхонаҳо чоҳҳои амудӣ канданд ва усули қатрагии истифодаи об ба роҳ монда шуд.
10  сентябр баъди пазироии самимонаи сокинони шаҳр дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи парвариши помидору бодиринг, қаланфур ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳо шинос шуданд. Дар гармхонаҳо бодиринг ҳосили фаровон дошта, дастранҷи хоҷагидорон ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба фурӯш меравад. Ба андешаи коршиносон, дар шароити гармхона метавон то 1200 сентнер сабзавот гирифт. Ташкили гармхонаҳо бо технологияи нави парвариш имкон фароҳам меорад, ки бозорҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳину Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонию Фархор тамоми сол бо сабзавоти тару тоза таъмин шаванд. Дар сурати татбиқи пурраи лоиҳаи гармхонаҳо шумораи коргаронаш ба 500 нафар хоҳад расид.
Дар ин маҷмаа ният доранд, ки дар 10 га гармхонаи лимӯпарварӣ, 15 токзор, 10 боғи интенсивӣ, 2 га ҳавзи моҳипарварӣ, ҳамчунин, корхонаи консерв бо иқтидори солонаи 2,5 миллион банкаи шартӣ, ду сардхона барои 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил кунанд.
Бо қудуми файзбори Сарвари давлат дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоев, дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин, боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода ва дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб чунин боғ бо номи «Хуталон» дарҳои худро барои мардум боз намуданд.
 
ТАҶҲИЗОТИ ХУДКОРИ ФАБРИКАИ МУРҒПАРВАРИИ «САМАН»
Дар миёни иншооте, ки рӯзи дигар дар ҳузури меҳмони фархунда мавриди истифода қарор гирифтанд, месазад, фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Саман”-и соҳибкор Масидиқ Одинаевро махсус зикр намуд. Ин корхонаи калон барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал алҳол 50 ҳазор сар мурғ дорад. Чун пурра ба кор дарояд, истеҳсоли тухм рӯзе зиёда аз 150 ҳазор донаро ташкил хоҳад дод. Таҷҳизоти фабрика аз Туркия бо маблағи 5 миллион сомонӣ харид гардида, ба таври автоматӣ идора мешавад. Тибқи лоиҳа барои бунёди инфрасохтори он 12,9 миллион сомонӣ масраф мегардад. Дар маҷмӯъ, «Саман» соле ба савдо 50 - 55 миллион дона тухм мебарорад ва яке аз корхонаҳои калонтарини соҳавии минтақа хоҳад шуд.
Дар  ҷараёни  боздид аз ободкориҳо дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат, ҳамчунин, ду бинои 13 ва 8 - ошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории ҶДММ “Комил-2010” ва соҳибкор Алишер Акрамов, маркази сеошёнаи хизматрасонии «Модар ва кӯдак», муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил», баъди навсозӣ коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хум”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд.
 
«ХӮШАИ ГАНДУМ» БА ДАНҒАРА «ХАЙРА МАҚДАМ» МЕГӮЯД
Дар ин рӯзҳои саиди ҷашнӣ пас аз Кӯлоб оғӯши меҳру муҳаббат ва садоқатро ба фарзонафарзанди худ Данғара кушод. Мавриди зикр аст, ки ин дафъа низ мардуми заҳматқарини он Ҷаноби Олиро бо эҳтироми вижа ва дастовезҳои арзанда – бунёди иншооти сершумори гуногунтаъйинот истиқбол гирифтанд.
Яке аз иншооти ҷашнӣ – корхонаи «Шири Данғара» бо ҳиммати соҳибкор Баҳром Олимов бунёд ёфт. Дар он 11 намуд маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир, истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия бинои кумитаи идораи замин, дар маҳаллаи 7 - уми шаҳраки Данғара маркази сеошёнаи хизматрасонии “Умед”-и соҳибкори маҳаллӣ Далер Қунғуротзода мавриди истифода қарор дода шуданд. Агар чанд вақт ба Данғара нарафта бошед, ин дафъа ҳангоми вуруд ба он дар даромадгоҳ рамзи «Хӯшаи гандум» - ро хоҳед дид, ки ниҳоят зебою боҳашамат бунёд шудааст. Яъне, Данғара соҳиби рамзи вижаи худ шуд. Сутунпояи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсисёбӣ ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ сабт шудааст. Иншооти мазкур туҳфаи арзандаи соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳамдиёронашон мебошад. Замони аҳди шӯравӣ ноҳияи Данғара бо маркази ғаллаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла гандум буданаш, ном бароварда буд. Имрӯз ин эътибор побарҷост ва алъон низ ғаллакорони зафарманди ноҳия дар татбиқи стратегияи миллии таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегиранд.
 
ҚАСРЕ, КИ МЕТАВОНАД ИФТИХОРИ ҲАР КИШВАР БОШАД
Муҳимтарин воқеаи сурурбахше, ки 12 сентябр аснои боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба вуқӯъ пайваст, ифтитоҳи бинои муҳташами қасри фарҳанг маҳсуб меёбад. Кохи фарҳанг аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар бунёди он доди ҳунарро додаанд. Он воқеан, ҳам аз ҷиҳати тарҳу ороиш ва ҳам муҷаҳҳазӣ ниҳоят олист.
Аснои бунёди бино сохт-мончиён тамоми талаботи меъёрҳои санъати меъмории миллию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Вақте намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, ороиши хоссаи дару девор бо сангҳои пурҷилои ватанӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандиро тамошо мекунед, нидои беихтиёри «Аҳсан!» аз замири қалб баёнгари мусаххарӣ аз он мегардад. Ҳамаи се ошёнаи қаср рашки якдигаранд. Ва басо рамзист, ки дар қасри фарҳанг осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллифи сулҳу субот, осоишу шукуфоии диёр, рӯзгори ободи мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла Данғара, ташкил шудааст. Он, пеш аз ҳама, нишони сипос ва ифтихор мебошад.
Дар қаср ба хотири рушди соҳаи китобдорию баҳрабардорӣ аз ганҷинаи илму фазл ва маърифат китобхонаи электронӣ ва қироатхона бо 19 ҳазор адабиёти классикию муосири ватанию хориҷӣ фароҳам сохтаанд. Дар ошёнаи якум кормандони идораи ақди никоҳ бо беҳтарин шароити кор таъмин гаштаанд. Ба он бояд бойгонии идораи ақди никоҳ, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори намоиш бо 700 ҷойи нишаст, ду ҳуҷраи машқи раққосон, толорҳои варзишӣ ва фитнесро афзуд. Нигористон, толори рақси миллӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон, синфхонаҳои мусиқӣ ва асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, маҳфили пазандагии духтар ва писар, ду ҳуҷраи ороиши санъаткорон дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи сеюм бошад, барои адибон толори хоссаи маҳфил бо 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф бо 210 ҷойи нишаст ҷойгир шудаанд.
Дар бинои қасри фарҳанг ба хотири ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфхонаҳои забони русӣ ва хориҷӣ, шоҳмот ва шашка, компютерӣ, конструкторони ҷавон, дӯзандагӣ бо 5 мошинаи дарздӯзӣ фароҳам овардаанд. Шаршараю фаввора на танҳо ҳусни иловагии иншоот гаштаанд, балки як муҳити гуворои осоишу фароғат ба вуҷуд меоранд, ки дар 20 курсии зебои чӯбӣ нишаста, аҷоиб ҳаловат мебарӣ.
Дар толори маҷлиси қасри навбунёди фарҳанг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди сокинону фаъолон сухан ронда, кулли мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Данғараро бо Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун табрику таҳният гуфтанд. Сипас, дар саҳнаи он аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо барномаи рангини консертӣ хотири сомеонро шод намуданд.
 
НОМ ХОҲӢ, КОМ ХОҲӢ, БОҒ ХОҲ!
Сафари ниҳоии Сарвари давлат дар соле, ки бори дигар ба хотир овардем, 21 декабр ба ноҳияи Хуросон сурат гирифт. Агар ёд дошта бошед, дар сароғози тафсили сафарҳояшон гуфта мешуд, ки солро бо маъракаи ниҳолшинонӣ, яъне бунёди боғи нав оғоз карда буданд. Агар гӯем, ки ташрифи охирисолӣ низ дар боғ ҳусни мақтаъ гирифт, маънию мақсади беш аз 40 (!) сафари дар ин муддат анҷомдодаашон бармало ҳувайдо мегардад:
 
ОБОДКОРӢ. ОБОДИИ ТОҶИКИСТОН.
Дар ноҳия бо камоли иштиёқ ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд. Токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади афзудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар бунёд намуданд. Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғутокпарварӣ, токзори навбунёд “Пешвои миллат” номгузорӣ шуд.
Дар масоҳати 150 гектар, ки ба 8 қитъа тақсим гардидааст, 10 намуд ангури навъҳои содиротӣ, аз ҷумла дар 48 гектар навъи “Ғалаба”, 31 - “Ҳусайнии сиёҳ”, 20 - “Ҳусайнии сафед”, 2 - “Ҳусайнии гулобӣ”, 2 - “Кардинал”, 25 - “Шоҳона”, 6 - “Кишмиши сафед”, 8 - “Кишмиши сиёҳ”, 3 - “Зарифӣ” ва 5 гектар “Тоифӣ”, дар маҷмӯъ, 42 ҳазор бех ток шинонда шуд. Бо вуҷуди он ки ин рӯйхат пурра нест, ҳатто танҳо хондани номи ин анвои ангур эҳсоси гуворое меангезад, ки ба Тоҷикистон табиат саховаташро ин қадар арзонӣ доштааст ва ин меваҳои шаҳдбори офтобиро дар дигар кишварҳо танҳо орзу мекунанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳо аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шудаанд ва ба иқлими ноҳияи Хуросон, бахусус мавзеи мазкур мутобиқ мебошанд.
Бо нигоҳубини токзори нав қариб 150 сокини маҳаллӣ машғул мешавад, яъне ризқу рӯзӣ пайдо мекунад. Техникаву механизми кишоварзӣ барои бунёди боғ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” таъмин карда шудааст ва минбаъд низ дар асоси дархости хоҷагидорон ҳама гуна техникаву механизми зарурӣ дастрас карда мешавад.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири рушд бахшидани соҳаи агротуризм дар ду мавзеи боғ қитъаи намоишӣ ташкил карда шудааст, ки масоҳати 5 гектарро фаро мегирад. Тибқи нақша дар ин қитъаҳо 10 намуд ангури навъҳои беҳтарини ватанию хориҷӣ парвариш мешавад.
Барои нигаҳдорӣ ва содироти беталафи ангури ҷамъоварда дар хоҷагӣ дар майдони як гектар сардхона месозанд. Дар Хуросон низ аз токпарварони варзидаи шаҳри Турсунзода, махсусан боғбони маъруф, роҳбари хоҷагии “Ватан” Неъмат Усмонов бо эҳтироми зиёд ёдрас шуда, таъкид доштанд, ки токзори нав бо истифода аз таҷрибаи муфиди онҳо бунёд гаштааст. Тавре коршиносон мегӯянд, он баъди се - чор сол то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.

ВИЛОЯТИ СУҒД
36 МИЛЛИОН ХАЛТАҲОИ ПОЛИЭТИЛЕНИИ «СУҒДПОЛИТЕКС»
Агар Шумо 12 миллион сомонӣ медоштед, онро ба чӣ сарф мекардед? Бешубҳа, ин маблағ дастро ба гиребони ҳар гуна орзу расонда метавонад, яъне соҳиби манзили зебою бӯстонсаро, автомобили нодир шавед, ё сайёҳи беҳтарин гӯшаҳои дунё гардед, асари ягон рассоми машҳурро бихаред, барои фарзандони деҳа мактаб созед, ё… Медонед, соҳибкорон Мирзоазиз Усмонов ва Шодимурод Саидов ин миқдор пулро чӣ кор карданд? Дар шаҳри Бӯстон корхонаи инноватсионии халтаҳои полиэтиленӣ сохтанд. Дар он истеҳсоли беш аз 200 намуд халтаи полиэтиленӣ ба роҳ монда шуд, моҳе 20 тонна ашёи хоми бепартов коркард мешавад. Ашёи хом аз Федератсияи Россия ва Қазоқистону Ӯзбекистон ворид мегардад. Иқтидори «Суғдполитекс» дар як шабонарӯз ба 100 ҳазор ва дар як моҳ ба 3 миллион дона халтаи полиэтиленӣ бо нақшу нигори хоси миллӣ ва тарҳу намуди хос баробар аст. Аз 100 нафар узви коргоҳ аксарро занҳо ташкил медиҳанд. Дар оғози фаъолияти он, ки 30 март ба вуқӯъ пайваст, зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ҳузур доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек аст.
 
ҚАСРИ ҶАВОНОНИ ХУҶАНД НОМИ ЛОИҚ ШЕРАЛИРО ГИРИФТ
Дар Хуҷанд дар доираи таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз мардуми куҳаншаҳр зимни истиқболи самимона қудуми мубораки Пешвои азизи миллатро ҳамчун рамзи кушоиши кори чандин иншоот пазируфтанд. Дар ин миён бинои сеошёнаи қасри ҷавонон бо 700 ҷойи нишаст низ буд, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардид. Парвардаи асили сарзамини шоирхез будани Ҷаноби Олӣ бори дигар дар он ҳувайдо гашт, ки бо меҳру муҳаббати хосса барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузоштанд. Дар фарҷоми барномаи рангини фарҳангӣ, ба аҳли ҳунар 54 асбоби мусиқӣ эҳдо шуд.
Дасти сахои Сарвари давлат кайҳост, ки миёни мардум достонӣ гаштааст: ба кадом шаҳру навоҳӣ ё гӯшаҳои дурдасти мамлакат сафар надошта бошанд, хайру эҳсон нисори ниёзмандон, бавижа ятимону маъюбон месозанд. Дар Хуҷанд низ ин анъанаи некашон идома ёфт ва 100 ятими кулл - таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаву олии шаҳр туҳфаҳои наврӯзӣ гирифтанду барояшон дастархони идона ороста шуд.
Гузашта аз ин, санаи 30 март ва ташрифи наврӯзии Пешвои муаззам, махсусан аз хотири хурду калони 10 оилаи камбизоати шаҳр як умр зудуда нахоҳад гашт, зеро бо ҳиммати воқеан шоҳона ба онҳо калиди хонаҳои истиқоматӣ, дурусттараш, калиди рӯзгори осуда супурданд.
 
ГЕЛОСУ ШАФТОЛУИ КАНАДАГӢ ДАР БОҒИ МИЛЛИИ «ВАҲДАТ»
Чун рӯзи дигар Президенти кишвар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд, яқин буд, ки аввал ба Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Онро бо камоли майл давр зада, дар бунёди токзори нав нақши даст гузоштанд. Дар токзори нав, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардид, ангури навъҳои “шоҳона”, “ҳусайнии сафеду сурх”, “кишмиши сиёҳ” ва “победа” шинонда шуд. Тавре коргарони боғ бо қаноатмандӣ гуфтанд, онҳо аз таҷрибаи муфид ва ниҳолҳои боғдорони шинохтаи шаҳри Турсунзода истифода мебаранд. Зимнан, тибқи нақша дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд 30 гектар токзори чунин ангурҳо бунёд мегардид, вале, аллакай масоҳати он ба 47 гектар расонда шудааст.
Сабаби асосии ин ташриф аслан дигар буд. Бо ҳидоят ва иштирок дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат” бори нахуст ба бунёди боғи фавқулҳосил (суперинтенсивӣ) шурӯъ карданд. Дар майдони 1,3 гектар ниҳоли гелос ва дар 1,3 гектари дигар шафтолу, дар маҷмӯъ, 6 ҳазор бех ниҳол шинонда шуд. Ба тариқи озмоиш ниҳолҳоро аз хориҷи наздику дур – Лаҳистон ва Канада овардаанд. Халқи закии тоҷик беҳуда «аз нек - боғ» нагуфтааст.
 
“БАҲОРИСТОН” БАРОИ ХИЁБОНУ БОҒҲОИ ДУШАНБЕ ГУЛ МЕФИРИСТАД
Осоишгоҳи «Баҳористон», ки соли 2011 бо дастури Сарвари давлат дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри тоҷик” қомат афрохта буд, на танҳо дар байни сокинони мамлакат макони дӯстдоштаи тафреҳ гаштааст. Теъдоди сайёҳони хориҷӣ низ меафзояд. Аммо на ҳама воқифанд, ки он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҷагии ёрирасон дорад. То ки барои истироҳатгарон худ бо сифати баланд маҳсулоти зарурӣ истеҳсол намояд. Ба меҳмони олиқадр иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ дорои 4 гектар замин буда, дар он бо чорводорӣ, парандапарварӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ ва гулпарварӣ машғуланд. Дар фермаи хурди хоҷагӣ гов, мурғ, чӯҷаи бройлерӣ ва харгӯш нигоҳ дошта мешаванд. Дар гармхонаҳо бошад, лимӯ, сабзавот ва гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд. Бо истифода аз технологияи муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии ёрирасон барои осоишгоҳ консервҳои гуногуни сабзавот, афшураи меваҷот, шириниҳо, шир, ҷурғот, панир ва қаймоқ низ истеҳсол мекунанд.
Имрӯз кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе қариб тамоми сол бо анвои гулҳои зебою муаттар дилу дидаҳоро тасхир месозанд. Дар қабои гулбофт ба бар кардани пойтахт саҳми осоишгоҳи «Баҳористон» ҳам ҳаст: дар гармхонаи хоҷагии ёрирасонаш махсус барои пойтахти диёр гул парвариш меёбад.
 
«СПИТАМЕН - ТЕКСТАЙЛЗ» ВА РУШДИ САНОАТ
«Спитамен - текстайлз» аз зумраи он корхонаҳои саноатии кишвар аст, ки бо коркарди ниҳоии пахта машғуланд. Аз ин рӯ, парвариши «тиллои сафед»-ро низ ба роҳ мондааст, то ба ашёи хоми арзони худӣ даст дошта бошад. Ҳамин аст, ки дар  Ҷамоати  деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен 3140 гектар замини обӣ дорад ва ҳамасола дар майдони беш аз 2100 гектар чигит кишт карда, аз ҳар гектар то 45 сентнер ҳосил мегирад, ки барои хоҷагии тухмипарварӣ натиҷаи хуб аст. Корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли ришта дар ҶДММ “Спитамен - текстайлз” имкон доранд, ки соле то 4 ҳазор тонна пахтаро коркарди саноатӣ намоянд. Маҳсулоти тайёр тибқи шартномаи дуҷониба, асосан ба Туркия интиқол меёбад. Масъулони ҷамъият ният доранд, ки дар оянда истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагиро ба роҳ монанд.
Хоҷагии пахтакории "Спитамен - текстайлз" аз калонтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ ба шумор рафта, тақрибан 2500 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кору маош таъмин кардааст. Ин шумора дар мавсими киштукор ва ҷамъоварии ҳосил боз то 600 нафар меафзояд. Зимнан, “Спитамен - текстайлз” соли 2009 бо фотиҳаи Пешвои миллат ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки то ҳол пурсамар идома дорад. Бо ташрифи худ Сарвари давлат ба деҳқонони хоҷагии он дар мавсими нави пахтакорӣ барори кор таманно карданд.
 
ЯК МИЛЛИОН ГУЛИ ЛОЛА
Субҳи 2 апрел дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» баргузор гардид. Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ як лолазори бузургеро мемонд. Дар фестивал ва озмун намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 100 намуд лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабзро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон, ҳунари рассомону наққошон, гулпарварону ороишгарон дар мавзӯи лола муаррифӣ гардид. Ғолибони озмуни «Гулҳо» аз рӯи панҷ номинатсия – «Ороиши беҳтарин», «Гулдастаи беҳтарин», «Икебани беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва «Гулпарвари беҳтарин» муайян ва бо 3000 сомонӣ қадр мешаванд. Хотирнишон мекунем, ки даври якум ва дуюми фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо баргузор шуд ва даври ниҳоии он дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи заҳмати гулпарварони Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки зиёда аз 300 ҳазор тухми 40 намуд гули лола шинондаанд, баҳои баланд доданд. Соли равон бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати зебоипарастии сокинон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 2 миллион гули лола шинонда шудааст, ки аз ин 1 миллионаш ба шаҳри Хуҷанд рост меояд.
 
ЛАЗЗАТИ НОТАКРОРИ СУМАНАК ДАР ДЕГИ… ЯКТОННАГӢ
Дар рӯзи чоруми сафар Ҷаноби Олӣ дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр, дар соҳили дарёи Сир шоҳиди боз як фестивали идона - "Таомҳои миллии наврӯзӣ" шуданд. Беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 50 намуд таоми миллии наврӯзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, ӯмоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқила, оши дӯғӣ, угропалав, оши кӯча ва амсоли онро таҳия карданд. Бояд махсус гуфт, ки дастандаркорони маъракаи наврӯзӣ тавонистанд иштирокдорони таомбазмро ба ҳайрат гузоранд: дар се деги калони яктоннагӣ суманак, оши палав ва ҷаварӣ пухта шуд, ки ҳам дегҳои бузург ва ҳам бӯи гуворои ғизоҳо таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ба худ кашид.
Дар фестивал бештар аз 10 ҳазор нафар иштирок намуда, якҷо бо Пешвои миллат Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Аз таомҳои ҷашнӣ барои се ҳазор нафар дастархони идона ороста шуд.
 
ПАЙВАНДИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН БО ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ
Фосилаи байни маркази ноҳия бо шоҳроҳи номбурда ҳамагӣ 17 километр аст. Аммо то ин ду қадам роҳи валангори деҳаҳои Хуштоҳиру Яхтани шаҳраки Ғончиро дар гармову сармо паймуда, масалан, ба Хуҷанд ё Истаравшан рафтан мардуми маҳал хуни дил мешуду мошинҳоро ба қавле «ҷигар мерехт». Зеро он муддати мадид рӯи таъмирро надида ғирболро мемонд.  Насими навсозии даврони истиқлол ба ин мавзеъ ҳам расида, зимомдорон аз паи ислоҳи вазъият шуданд. Чунон хуб мумфаршаш карданд, ки дар ҳамворӣ аз ойина камӣ надошт. Паҳнои роҳи нав ҳашт метр буда, дар маҳалҳои аҳолинишин  то 11 метр расонда шудааст. Сарвари давлат, зимни сафари корӣ ба вилоят, 21 август ба ноҳия омада, шахсан дар ифтитоҳаш иштирок намуданд. Ба он маъно, ки давлату Ҳукумати кишвар аз мушкилоти мардуми хеш воқиф буда, онҳоро танҳо намегузоранд ва дар пайи тадбиранду ин роҳи мумфарш далели зиндааш бошад. Дар чунин як муҳити болидарӯҳии умум баъди сипосгузорӣ ба меҳмони азизи худ бо ифтихор гуфтанд, ки бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар ҳудуди ноҳияи Спитамен то имрӯз зиёда аз 170 километр роҳ таъмиру тармим гаштааст ва ин анҷоми кор нест.
 
МУХЛИСИИ БОБО ВА ПАНҶ ГОЛИ НАБЕРА
Як ҷузъиёти ҷолиби сафари феълӣ ба вилоят дар он буд, ки 21 август дар шаҳри Гулистон тӯли яку ним соат Сарвари давлат чун аксари мову шумо ба мухлиси футбол табдил ёфта, бо камоли шавқ бозии тимҳои наврасони “Спартак” - и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”- и  ноҳияи  Бобоҷон Ғафуровро барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тамошо карданд. Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали вохӯрӣ футболбози боистеъдод, набераи Пешвои миллат Анӯшервони Рустам кушод. Ӯ бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард. Қувваозмоии “Спартак” ва “Ёвар” бисёр шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 6:1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфт. Анӯшервон муаллифи панҷ гол гардид. Аз чеҳраи болидаи бобо маълум буд, ки ҳам бозӣ писандашон омадааст ва ҳам ҳунарнамоии волои набера. Баъди анҷоми вохӯрӣ Ҷаноби Олӣ барои ҳавасмандсозии футболбозони наврас ба ҳамаашон дучархаҳои замонавӣ ва тӯбҳои чармӣ тақдим карданд.
 
50 СЕНТНЕР «ТИЛЛОИ САФЕД» - И «КАМОЛА»
Дар ноҳияи Зафаробод хоҷагиҳои пахтакор хеле зиёд бошанд ҳам, маҳз ба хоҷагии деҳқонии «Камола» омадани Пешвои миллат амри тасодуф набуд. Он ҳамагӣ аз соли 2014 фаъолият дорад ва ҳатто дар чунин як муддати кӯтоҳ тавонист дар вилоят аз беҳтаринҳо гардад. Замини хоҷагӣ бисёр нест – 10 гектар ва дар он пахтаи навъи «Хуҷанд - 67» кишт мекунанд.  Номи навъро фаҳмида, шояд гумоне ғолиб ояд, ки он аз замони дақёнус монда, дар муқоиса бо навъҳои нави солҳои охир офаридаи мутахассисони соҳа ҳосилаш ҳам ночиз аст. Комилан баръакс. Пахтакорон ҳар мавсим ҳосили баланд мегиранд, аз ҷумла соли гузашта аз ҳар гектар 50 сентнер «тиллои сафед» ба даст оварданд, ки аз кулли хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд ду – дую ним маротиба зиёдтар мебошад. Соли равон пахтакорони кордони «Камола» ният доранд, ки марраи 55-сентнериро фатҳ созанд. Нашъунамои хуби пахтазор  меҳмони азизашонро хурсанд намуду бо итминон изҳор доштанд, ки аҳли хоҷагӣ ба мурод мерасанд.
Зимнан, порсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 185,7 ҳазор гектар чигит кошта, 398,7 ҳазор тонна пахта гирифтанд, ки ба ҳар гектар буду шуд 21 сентнер рост меояд. Агар ҳисоби миёнаи ҳосилнокӣ дар пахтазори кишвар ҳадди ақал чор сентнер зиёдтар мешуд, истеҳсоли ин ашёи хоми стратегӣ қариб 75 ҳазор тонна меафзуд. Бешак, ислоҳоте, ки солҳои навад ва баъд зимомдорон дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан пахтакорӣ ба амал оварданд, яъне таҳти ливои хусусигардонӣ аз колхозу совхозҳои мавҷуда комилан даст кашида, даҳҳо ҳазор хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ҷойгузини онҳо намуданд, дар маҷмӯъ, натиҷаи дилхоҳ надод. Гузашта аз ин, агар рӯирост гӯем, онро гирифтори буҳрон намуд. Худ қазоват кунед. Пахтакорони шуҳратёри тоҷик соли 1980 миқдори «тиллои сефед»-ро ба 1 миллион тонна расонда буданд. Пас аз ислоҳоте, ки зикраш рафт, ин рақам бояд афзунтар мегашт. Аммо баъди солҳои навад ҳосили пахтазори кишвар 2,5 маротиба кам шуд.     
 
ПАНИРИ АВРУПОИИ ҶЕВРИ ДИЛЛОНИ АВСТРАЛИЯГӢ ДАР ДЕҲАИ ТОҶИКИИ НАВРӮЗ
Деҳаи Наврӯзи деҳоти «Равшан» аз шимолтарин рустои Зафаробод аст. Чун Сарвари давлат шахси навҷӯ ҳастанд, зимни сафар ба ноҳия наметавонистанд ин деҳаро сарфи назар созанд. Воқеан, аҷиб аст донистану дидан, ки дар як рустои дурдасти кишвар шаҳрванди хориҷӣ чӣ кор мекунад? Ҷеври Диллони австралиягӣ ба ин ҷо соли 2015 кӯч фуровард. Бо соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров ситораашон соз омаду фермаи инноватсионии бузҳои сершир ташкил карданд, ки дар вилоят амсила надорад. Онҳо корро аз 10 сар оғоз намуданд. Дар тӯли чор сол бо истифода аз технологияи пешрафтаи такмили зот бузҳои сершир ба вуҷуд оварданд. Дар ин муддат теъдоди бузҳои ферма ба 240 сар расонда шуд, ки 100 сараш ширдеҳ аст ва чорводорон моҳе 6-6,5 тонна шир мегиранд. Парвариши чорво ва ширҷӯшӣ аз тариқи таҷҳизоти муосире ба таври автоматӣ сурат мегирад, ки аз Швейтсарияю Олмон харид шудааст.
Чун ба ҷое расиданд, бо маслиҳати Диллон қарор доданд, ки аз шир худашон маҳсулот, яъне панир тайёр кунанд. Бо усули аврупоӣ. Ба ин хотир, дар ферма коргоҳ сохтанд, ки алъон фаъолияти хуб дорад, яъне панирҳое мебарорад, ки харидорони зиёд пайдо кардааст.  Ана ҳамин тавр, дар натиҷаи навҷӯию кори бобарори соҳибкорони тоҷику австралиягӣ овозаи як рустои қаторӣ берун аз ҳудуди ноҳияю вилоят рафт.
 
“ОРГАНИК ЯН” САМАРАИ ҲАМДАСТИИ МУФИДИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКУ ТУРК
Деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов аснои сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят бинобар он мавриди таваҷҷуҳашон гашт, ки ин ҷо корхонаи нави ресандагии “Органик Ян” бояд ба фаъолият шурӯъ менамуд. Он самараи ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону Туркия мебошад, ки бо арзиши 70 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Ин маблағро 50 дарсадӣ ширкатҳои тоҷикии “25-солагии Истиқлолият” ва туркии “Меҳмет Доган” миёна кардаанд. Дар «Органик Ян» коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта роҳандозӣ мешавад. Таҷҳизоти технологӣ аз ширкати маъруфи “Марзолли”-и Италия буда, инноватсионӣ маҳсуб меёбад. Иқтидори солонаи истеҳсолоти нав коркарди 5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад. Дар ин ҷо дар марҳилаи аввал 100 нафар ва дар марҳилаи дуюм боз ҳамин миқдор бо кори доимӣ таъмин мегарданд, ки қисми асосияшон занону духтаронанд.
 
"ЗИРВЭКО" 26-УМ КОРХОНАИ НОДИРИ ҶАҲОН ХОҲАД ШУД
Чун Тоҷикистон кишвари аграрист, дар он пахта, офтобпараст, рапс, соя ва дигар зироате парвариш меёбанд, ки барои истеҳсоли равған ашёи хоманд. Аз ин рӯ, теъдоди корхонаҳои равғанкашӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ кам нестанд. Пас фарқияти корхонаи нави равғани ҶДММ "ЗирвЭко" - и соҳибкор Абдумубин Абдушукуров, ки дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Ҷаноби Олӣ ба истеҳсоли маҳсулот сар кард, дар чист? Агар гӯем, ки иқтидори шабонарӯзии он то 30 тонна равған аст, иқтидорҳои аз ин бештар ҳам ҳастанд. Шояд дар он бошад, ки дар ин ҷо равғани хоми корхонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ  бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила бо низоми пӯшида поксозӣ мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарару хушсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ тавлид мегардад. Дигар ҷиҳати умдааш он аст, ки дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ва дар 7 қабат васлу насб гардидааст. Чунин намуди технологияи коркарди равғани рустанӣ бори нахуст ба мамлакат ворид карда шудааст. Вақтҳои наздик дар мағозаҳо ва марказҳои савдои шаҳру навоҳӣ равғани рустанӣ бо тамғаи "Олия" ва "Софӣ" дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр ба фурӯш мебарояд. "Олия" ва "Софӣ" - ро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ мефиристанд.
Абдумубин Абдушукуров барои роҳандозии боз як истеҳсолоти нав – чарбуи рустанӣ, аллакай таҷҳизот харида овардааст. Мавриди тазаккур аст, ки технологияи истеҳсоли чарбу аз равғани рустанӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 10 сол пеш роҳандозӣ шудааст ва дар Осиёи Миёна алҳол чунин корхона нест. Баъди мавриди истифода шудани истеҳсолоти нав корхонаи ҶДММ "ЗирвЭко" дар ҷаҳон 26 – ум чунин корхона ба ҳисоб хоҳад рафт. Иқдоми соҳибкори ватандӯст аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт.
 
“ТОҶФИЛИЗ” МОҲЕ 2500-3000 СОМОНӢ МАОШ МЕДИҲАД
Моҳе то 3000 сомонӣ маош гирифтан мехоҳед? Агар тахассуси мувофиқ дошта бошед, дар шаҳри Бӯстон метавонед ба ширкати «Тоҷикфилиз» муроҷиат кунед. Рамзист, ки ифтитоҳи он бо ширкати Президенти кишвар ба вуқӯъ пайваст. Дар аҳди шӯравӣ кулли ашё, ҳатто гӯгирду мех аз дигар ҷумҳуриҳо ворид карда мешуданд. «Кори асосии шумо таъмини эҳтиёҷоти Иттиҳоди Шӯравӣ бо пахта, хосса навъи маҳиннахи он. Ҳар чизеро, ки бароятон зарур аст, мо таъмин месозем», - мегуфт он замонҳо Москва, ки фармонфармои мутлақи давлати паҳновари шӯравӣ буд. Ин раванд то ҳол ба андозае побарҷост, ки ҷойи ҳайрат надорад. Зеро кишвари моро низ зарурате нест, ки кулли ашёю колоро сад фисад худ барорад. Барои ин тиҷорати мутақобилан судманд бо давлатҳои дигар ҳаст.
Бо вуҷуди ин, коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” иқдоми хубе кард бо роҳандозии коркарди металл ва  истеҳсоли меху мехи печон аз он. Чунки ин навъи маҳсулот ба кишварамон аз хориҷа оварда мешуд ва «Тоҷикфилиз» метавонад дар бозори дохилӣ аз бозигарони муҳим гардад. Корхона моҳе аз 600 тонна металл бештар аз 200 намуд мех ва мехи печон мебарорад. Ашёи хомро ин ҷо, асосан аз корхонаҳои ватанӣ, ҳамчунин, Россия ва Чин мегиранд. Зимнан бояд гуфт, ки корхона имконияти содироти навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро дорад. Дар ин ҷо 50 сокини маҳаллӣ машғули меҳнат аст.
 
МЕҲМОНХОНАИ МАШҲУРИ «ЛЕНИНОБОД» НОМИ «СУҒДИЁН» ГИРИФТ
Замони на он қадар дур ҳар нафаре, ки ба маркази вилоят бо сафари хидматӣ меомад ё хориҷие, ки нияти тамошо дошт, мехост маҳз дар меҳмонхонаи номдори «Ленинобод» маскун шавад. Зеро ҳам шароиташ беҳтарин буд, ҳам гирду атрофаш боби тамошо. Аммо ин имконият на ҳама вақт дасташ медод, зеро бинобар зиёд будани талабгор маъмурони меҳмонхона аксаран лавҳаи «Ҷой нест»-ро мегузоштанд. Роқимони ин сутур низ на як бор бо дидани лавҳаи мазкур дари дигар меҳмонхонаро кӯфтаанд. Дар даврони истиқлолият дар шаҳр бисёр меҳмонхонаҳои баландошёнаи замонавӣ қомат рост карданд. Дар ин манзар меҳмонхонаи машҳур, ки соли 1976 сохта шуда буд, бо мурури вақт тадриҷан куҳнаю фарсуда мегашт ва шуҳрати пешинаро аз даст медод.
Ва инак, баъди навсозӣ он дубора эҳё гашт бо номи нави «Суғдиён» ва 24 август дар ҳузури Сарвари давлат дари худ ба рӯи мизоҷон боз намуд. «Суғдиён»-и 10 - ошёна 172 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи люкс дошта, дар як вақт ба беш аз 300 нафар хизмат мерасонад.
Феълан, дар шаҳри Хуҷанд барои қабули меҳмонону сайёҳон 13 меҳмонхона бо имконияти қабули 680 нафар дар як вақт фаъол буда, барои сайёҳон 14 мағозаи маҳсулоти ороишӣ аз сангу металли қиматбаҳо, армуғонҳои хотиравӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст.
 
НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
САНГВОР: ПАДИДАИ НАВ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРОН
Тантанаҳои идона ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои нишоти якҷоя бо мардуми заҳматқарини водии Рашт 24 июн ба ин ҷо овард.
Сафар аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид. Дар ҷараёни он майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро кушода, ба сохтмони бинои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд. Бинои дуошёнаи кумитаи иҷроияи ҳизб бо саҳми соҳибкорон бунёд меёбад. Зимнан, соҳибкорони ватандӯст ба ниёзҳои ҲХДТ низ рӯ меоранд. Ин падидаи нав басо муҳим буда, далолат ба он мекунад, ки ҳизби ҳукмрон, воқеан, ҳизби халқӣ шуда, аз ормонҳои мардуми шарафманди тоҷик дифоъ мекунад ва, аз ҷумла соҳибкорон чун фарзандони бунёдкори ҳамин сарзамин бо мақсаду мароми он ҳамсадоянд.  
Иншооти нави ҷашнӣ - марказҳои савдои “Хингоб” ва «Давлатҷон» низ, ки бо ҳиммати соҳибкорони меҳанпарвар Давлатхӯҷа Хушвахтов ва Хайрулло Давлатов қомат афрохтанд, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Фарқияти маркази нави савдои соҳибкор Музаффар Рафиев дар он аст, ки дар коргоҳи ҳунармандии он панҷ устои гулдаст бо санъати нодири кандакорӣ аз чӯб ҳар гуна ашёи ҷолиб месозад. Дар МС “Давлатҷон” Президенти мамлакат ба зиёда аз 60 кӯдаки ятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
 
НУРОБОД: МАЙДОНЧАИ ФУТБОЛ – ТУҲФАИ ИДОНАИ ФФТ 
Худи ҳамин рӯз Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Нуробод омаданд. Сароғоз барояшон  дар хоҷагии навбунёди деҳаи Холибеки деҳоти Хумдон дастовардҳои меҳнатии мардум манзур шуд. Макони намоишгоҳ интихоб кардани хоҷагии мазкур тасодуфӣ набуд. Он низ чун амсилаҳояш дар чанд гектар зироати маъмулӣ парвариш мекунад. Фарқияти «Холибек» дар он аст, ки дар заминаш аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия беш аз 5 гектар боғи нав бунёд ёфтааст, аз ҷумла 2,54 гектар боғи интенсивӣ. Дар он хоҷагидорон ниҳолҳои себ, нок, сиёҳолу, олуча, шафтолу, зардолу ва ғайра шинондаанд.
Бародарони соҳибкори нурободӣ Маҳмадёровҳо ба меҳмони олиқадр маркази нави хизматрасониро манзур намуданд, ки дорои коргоҳи коркарди тунука, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, хишти сементӣ, коркарди чӯб ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ҳамин ҷо хони идона ороста шуда, Пешвои муаззами миллат ба 50 ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим карданд. Соҳибкор Муртазо Амонов низ шарафёб шуд, ки дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳия маркази савдо ва хизматрасонии ба номи “Абубакр” - аш дар ҳузури Пешвои миллат ба кор шурӯъ намояд.
Дар ноҳия дар ин рӯзи муборак, ҳамчунин, ифтитоҳи марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд ва оғози марҳилаи дуюми сохтмони он сурат гирифт. Роҳи марказии шаҳрак аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» бунёд ёфт. Баъди ифтитоҳи майдончаи футбол, ки бо эҳтимоми Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта шуд, 25 июн меҳмони олимақом озими ноҳияи Тоҷикобод гаштанд.
 
ТОҶИКОБОД: ТАЪМИ КАРТОШКАИ «ПИКАССО»
Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Қалъача» - ро ба қавле сар ба осмон расид аз қудуми мубораки Ҷаноби Олӣ. Мавсими ҷорӣ онҳо дар 5,8 гектар зироати гуногун - помидор, қаламфур, карам, бодиринг, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, каду, ғалладона кишт кардаанд. Дар майдони 4 гектар бошад, картошка. Деҳқонон дар баробари истифодаи тухмии маҳаллӣ барои таҷриба се намуди нави тухми картошка, аз ҷумла «Пикассо» ва «Тоҷикистон»-ро аз ноҳияҳои Лахш ва Деваштич оварданд, то ки дар сурати серҳосил буданашон минбаъд мавриди истифода қарор диҳанд.
Картошка барои деҳқонони ноҳия зироати асосӣ ва даромаднок ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, соли равон майдони кишти он ба 1085 гектар расонда шуд. Порсол деҳқонони тоҷикободӣ беш аз 24 ҳазор тонна картошка гирифтанд.  Бесабаб нест, ки Тоҷикобод дар ҷумҳурӣ ҳамчун маркази таҷрибаи пешқадами соҳаи картошкапарварӣ эътироф шудааст.
 
ЛАХШ: «СУМАЯ» 6000 ЛИБОСИ МАКТАБӢ МЕДӮЗАД
Нимаи дуюми 25 июн дар маркази Лахш - шаҳраки Ваҳдат мардуми шарафманди ноҳия аз меҳмони олишон бо дастовезҳои арзандаи идона самимона истиқбол намуданд. Ҳамин буд, ки дар вазъияти тантанавӣ муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ ёфт. Ҳайкали барқади Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҳайкалсозони Донишкадаи рассомии кишвар бо маблағи соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.
Ташрифашон ба коргоҳи дӯзандагии «Сумая» як умр дар лавҳи хотири гулдастони он нақш хоҳад баст. Коргоҳи мазкур соли 2017 таъсис ёфта, то имрӯз 30 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 25 зани хонашин ва як маъюбро соҳиби касб кардааст. Дар бинои дуошёна онҳо ба дӯхтани сарулибоси мактабӣ машғуланд. Шуъбаи маорифи ноҳия бо коргоҳ барои соли хониши 2019 – 2020 ҷиҳати дӯхтани 6000 либос шартнома бастааст. Ба гуфтаи сарвари муассиса Фирдавс Мирзоев, дар асоси фармоиш барои муассисаҳои давлатӣ, аз қабили идораи хизматрасонии коммуналӣ ва марказҳои савдои ноҳияи Лахш либоси махсус низ медӯзанд. Соҳибкор ният дорад, ки ояндаи наздик коргоҳи қаннодӣ ва ошхона барои сайёҳон созад.
 
РАШТ: АВЛАВИЯТ БА ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ
Рӯзи дигар дар ноҳияи Рашт ғайр аз ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун,  суханронӣ дар тантанаҳои идонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи марказӣ Сарвари давлат дар маросими оғози фаъолияти маркази ташхисию табобатии “Сияриён”, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ҳузур доштанд. Он бо эҳтимоми соҳибкори ватандӯст Ризвоншоҳ Шоев сохта шуд.
Иншооти сеошёна 50 кат барои муолиҷаи беморон дошта, ҳуҷраҳои томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, УЗИ, гастроскопия, колоноскопия, ҳуҷраи бемориҳои занона, стомотология, дорухона, гӯшаи гиёҳҳои шифобахш, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ташхисгоҳ ва ошхона мавҷуд мебошанд. Дар ошёнаи дуюм ва сеюми бино шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занона ва  бемориҳои даруна ҷойгиранд.
Солҳои қаблӣ аз сабаби набудани чунин маркази муосири ташхису табобат раштиён ночор роҳи дарозро тай карда, ба пойтахти мамлакат мерафтанд.
 
ВАҲДАТ: ЯК МИЛЛИОН ГУЛИ МАҶМААИ САЙЁҲИИ «АРХУ»
Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат, ки 2 август ба вуқӯъ пайваст, маросими хотирмон ба бор овард. Аз ташрифи фархундапай истифода бурда, чандин иншоот, аз ҷумла майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон бо эҳтимоми соҳибкор Акмал Раҳимов, бинои 13 - ошёнаи истиқоматии соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода, бинои маркази адлияи ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30 барои 1300 хонанда ва ғайраро, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ин миён маҷмааи сайёҳии «Арху» - и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар дараи Ромитро бояд алоҳида зикр намуд. Меҳмонхонаи навбунёд аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни Арху қомат афрохтааст. Он дорои 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ мебошад. Ду толори сақобозӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозад, ки вақти мизоҷон хуш гузарад.
Лекин хусусияти нотакрори «Арху» дар бинои дуошёнаи қадима ифода меёбад, ки дар шафати рости дарё бо расму русум ва анъаноти ниёгони миллати тоҷик бунёд шудааст. Деворҳои дохили бино бо сарулибос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллӣ басо зебо оро ёфтааст. Тавассути ин хонаи миллии тоҷикӣ меҳмонон, хосса хориҷиён метавонанд аз урфу одат ва тарзи рӯзгори мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта шиносоии бештар пайдо намоянд.
Дар саҳни маҷмааи сайёҳӣ 12 суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ дар чӯб гузошта шудааст. Ҷӯй ва пайраҳаҳои бо сангҳои табиии кӯҳҳои минтақаи Ромит ороёфта басо ҷолиб ба назар мерасанд. Қобили зикр аст, ки дар мавзеи нави фароғатӣ 10 гектар сабзазор гардида, зиёда аз як миллион гулҳои доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун, беш аз ҳазор бех дарахти мевадеҳу ороишӣ  шинонда шудаанд.
 
ФАЙЗОБОД: ДАСТОВАРДҲОЕ, КИ НИШОТБАХШАНД
Дар ин ноҳия низ дар ҷараёни созандагию ободкориҳо, ки ба ифтихори истиқболи бошукӯҳи 30 - юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кулли кишварро фаро гирифтааст, барои шод сохтани хотири Пешвои маҳбуби худ як силсила иншоотро барои истифода додан омода сохтанд. 20 сентябр, аз ҷумла майдончаҳои варзиш, марказҳои хизматрасонӣ, МТМУ № 64 барои 640 хонанда бо ибтикори оилаи Худоёрзодаҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд. Ҳамчунин, санги асоси сохтмони бинои сеошёнаи маъмурии шуъбаи маориф ва шаҳраки “Сомониён” гузошта шуд. «Сомониён» дар 30 гектар манзилҳои истиқоматиро барои 65 оила бо тамоми инфрасохтори зарурӣ фаро хоҳад гирифт. Лоиҳаи мазкурро соҳибкори маҳаллӣ, сарвари ҶДММ “МК Иншоот” Манучеҳр Каримзода пиёда месозад.
Албатта, дастовардҳои файзободиҳо нишотбахшанд ва ба меҳмони олиқадр писанд омаданд. Лекин ситоиши махсус насиби кормандони корхонаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Ҳилол” гашт. Дар ҳашт моҳи соли равон дар ин ҷо, аллакай 58,6 миллион дона тухм истеҳсол гашта, то охири сол аз 90 миллион мегузарад. Яъне, ба ҳар сар аҳолии кишвар 10 тухм. Ва ин натиҷаи амали як корхона аст! Зимнан, давоми се соли оянда то таҷлили Ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рақам беш аз ду маротиба афзуда, ба 200 миллион дона расонда мешавад. Дигар ҷиҳати муҳим он аст, ки дар ин муддат бо афзудани иқтидорҳои истеҳсолӣ роҳбарияти «Ганҷи Ҳилол» боз бештар аз 500 нафарро бо кор таъмин мекунад, яъне теъдоди онҳо 1000 нафарро ташкил хоҳад дод.
Бояд зикр кард, ки солҳои охир дар шаҳру навоҳии кишвар шумораи корхонаҳои азими мурғпарварӣ, амсоли «Ганҷи Ҳилол», рӯ ба афзоиш аст. Ҳамчунин, истеҳсоли гӯшту тухм, ки боиси фаровонии ин навъи маҳсулот дар бозори дохилӣ мегардад. Имрӯз дар мағозаҳо ба ҷойи тухми воридотӣ, аз ҷумла «Порсиён» ҳарчи бештар тухмро аз Ёвон, Мастчоҳ, Файзобод ва ғайра мебинем, ки бисёр хуб аст. Зимнан, дар гузаштаи на он қадар дур воридсозии тухми хеле арзон аз кишвари ҳамсоя боиси сарусадо гашту мақомоти дахлдор пеши роҳи онро гирифта гуфтанд, ки бояд манфиати истеҳсолгарони ватаниро дифоъ кунанд. Шояд ин амал дуруст бошад. Агар талаботи иқтисоди бозаргониро сарфи назар созем, ки танзимгари нарх дар бозор талабот ва пешниҳод аст, на иҷборан, бо роҳи маъмурӣ молеро раҳ надодан. Дар натиҷаи чунин муносибат бо вуҷуди торафт зиёд шудани фабрикаҳои мурғпарварӣ ва истеҳсоли тухм нархи он аз 60 дирами пешина кайҳост, ки то 1 -1 сомонию 20 дирам нуфуз кардааст. Яъне, то ду баробар боло рафта, «тиллоӣ» шудааст, ки комилан норавост. Пас манфиати истеъмолгаронро кӣ ҳимоя мекунад? Ду сол пеш бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ пайдо карда буд, ки дар сурати беасос то 20 дарсад боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал барои пешгирӣ аз он чора андешад. Тавре мебинем, ниҳоди мазкур «ба даҳон об гирифтааст».
Коре нест, ки илоҷе надошта бошад. Масъалаи фавқ низ. Аз ҷумла, чун мушкили асосии мурғпарварон базаи хӯрокист ва он аз хориҷа ворид шуда, нархи маҳсулотро боло мебарад, бояд дар ҷумҳурӣ барои ин соҳаи сердаромад корхонаи ғизо сохт.
 
РӮДАКӢ:  ДУ АВТОБУСИ НАВ БАРОИ САЙРУ САЁҲАТИ НОШУНАВОЁН
25 сентябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Дар ибтидо барояшон намоиши басо ҷолиби маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ манзур гардид. Баъдан, тибқи анъана бо иштирокашон як зумра иншоот ба кор дароварда шуд. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182 барои 1280 хонанда дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти Чортеппа ва рақами 85 барои 640 хонанда дар деҳаи Оли Сомони деҳоти Зайнабобод (соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Қурбонов сохтааст), калонтарин дар ноҳия корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» бо иқтидори 60 ҳазор тонна арматура ва ноқил аз ҳамин ҷумла буданд. Аҳли хоҷагии деҳқонии "Исматулло" - и деҳаи Кӯктош низ ба дидорашон мушарраф гаштанд.
Баъди як рӯз Ҷаноби Олӣ боз ба ноҳия омаданд.  Метавон гуфт, ин сафар вижа буд ва бори дигар нишон дод, ки бо вуҷуди салобат қалби ҳассосу дардошное доранд ва аз дидани кӯдаку навраси ятим ё маҳдудимконият ба риққат меоянд ва ҳангоми сафарҳо бо аввалин фурсат даст додан аз аҳволи онҳо хабар мегиранд. Ин дафъа ба ноҳия махсус ба аёдати дастпарварони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво омаданд. Дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.  Барои таҳсили онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам шуда, интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ, кабинетҳои методӣ, синфхонаи компютерӣ бо 22 компютер мебошад. Хонандагони синфҳои поёнӣ бо китоби махсуси дарсии «Имову ишора» пурра таъминанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассиса 60 омӯзгори соҳибтахассус, ки курсҳои махсуси бозомӯзиро хатм кардаанд, ба тарбиятгирандагон дарс мегӯянд. Мавриди зикр аст, ки дар баробари онҳо 7 омӯзгори маҳдудимконият низ машғули тадрис аст.
Ҳоҷат ба тавзеҳ нест, ки шароити зисту таълими чунин кӯдакону наврасон дар доираи таваҷҷуҳу ғамхории шахсии Сарвари давлат қарор дошта, дар саросари ма  млакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, давоми чанд соли охир мактаб-интернати мазкур аз таъмиру тармими пурра бароварда шуда, хобгоҳи муассиса барои 400 нафар бо шароити муосиру зарурӣ таъмин гардид. Ҳамчунин, хонандагон бо панҷ вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мебошанд. Интернат хонаи истироҳат, майдончаҳои варзиш ва ҳаммом ҳам дорад.
Дар фарҷоми боздиду суҳбатҳои самимӣ, ки гуфтугӯи саробони ғамхори оила ва фарзандонро мемонд, Президенти мамлакат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона ва барои сайру саёҳаташон ду автобуси зебо тақдим карданд. 
 
Хуршеди ҶОВИД, Қурбон МАДАЛИЕВ,
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият» 
 
 
  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13. 03. 2020    №: 53 - 65    Мутолиа карданд: 741
01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед